Оҷонсии ҳавонавардӣ 8-уми ноябр дар сомонааш навишт, ширкатҳои “Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, ЮТэйр” ва “Ямал” изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, ба мусофирон хӯроки гарм медиҳанд.
“Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1 ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд,”-навиштааст Оҷонсӣ.
Феълан маълум нест, ки ширкатҳои русӣ то куҷо ин дархости мақомоти Тоҷикистонро иҷро кардаанд?
Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон моҳи июни имсол ҳам аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хоста буд, ба мусофирон ғизо диҳанд. Ҳабибулло Назарзода, директори Оҷонсии ҳавонавардӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, агар дастурашон иҷро нашавад нисбати ширкатҳо чора меандешанд.
Аммо баъди нашри ин хабар, даҳҳо корбари Радиои Озодӣ навиштанд, ки ширкатҳои русӣ мисли гузашта ба мусофирон ягон ғизо намедиҳанд. Муҳоҷирон борҳо шикоят кардаанд, ки бо нархи гарон билети парвоз миёни Тоҷикистон ва Русияро мехаранд, аммо дар ҳавопаймо ба ҷуз об, дигар ғизо пулакӣ аст.
Ширкатҳои русии "Урал", "Ют Эйр", "Северний ветер", "Сибир S7", "Ямал" аз чор фурудгоҳи Тоҷикистон ба Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.