Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гадоев: Дилмурод Эргашевро дар Душанбе ҳабс кардаанд


Дилмурод Эргашевро 7-уми ноябр аз Олмон ихроҷ карданд
Дилмурод Эргашевро 7-уми ноябр аз Олмон ихроҷ карданд

Дилмурод Эргашев, узви пешини созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24", дар шаҳри Душанбе барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ин хабарро Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо такя ба манобеаш нашр кардааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ ё рад намекунанд.

Шарофиддин Гадоев 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилмурод Эргашев субҳи 7-уми ноябр аз Истанбул ба Душанбе расид ва мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро дар фурудгоҳ дастгир кардаанд. Ба гуфтаи Гадоев, 8-уми ноябр Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар як мурофиаи пӯшида, қарори ҳабси пешакии Эргашевро барои ду моҳ содир кардааст.

Намояндагони Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 11-уми ноябр аз муҳокима ва ҳабси Дилмурод Эргашевро бехабарӣ карданд. Кормандони додгоҳ барои шарҳи бештар номаи расмӣ талаб карданд.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Аммо Шарофиддин Гадоев мегӯяд, Дилмурод Эргашевро "ба Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол додаанд. То имрӯз ба ӯ ёрии ҳуқуқӣ расонида нашудааст ва адвокат ҳам надорад."

Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад. Кормандони КДАМ боздошти Эргашевро тасдиқ накардаанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эргашев аз сӯйи ин ниҳод боздошт нашудааст.

Наздикону пайвандони Дилмурод Эргашов то кунун дар бораи сарнавишти ӯ изҳори назар накардаанд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, падару модари ин фаъоли сиёсӣ солҳо пеш вафот карда, дар Тоҷикистон танҳо яке аз хоҳарони ӯ зиндагӣ мекунад.

Дилмурод Эргашеви 40-сола, узви собиқи созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи "Гуруҳи 24"-ро рӯзи 6-уми ноябр аз Олмон берун карданд. Як рӯз қабл, вақте пулиси Олмон мехост Дилмурод Эргашевро ба Фурудгоҳи Дюсселдорф интиқол диҳад, ба гуфтаи вакил ва дӯстонаш, ӯ рагҳои даст ва пойи худро бурид. Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз воқеа, ӯро ба бемористон интиқол додаанд, вале ин кор монеи ихроҷи ӯ нашуд.

Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дошт, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.

Дар гузашта Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чандин фаъоли сиёсиро бозпас ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки аксари онҳо барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Созмонҳои байнулмилали ҳуқуқин инсон ин амалкардҳои кишварҳои аврупоиро шадидан танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG