Аз ин пештар Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи қонунеро ба Дума пешниҳод кард, ки иҷоза медиҳад, муҳоҷирон бар асоси 20 банди дигари қонун аз Русия ихроҷ шаванд. Дар бораи ин ислоҳоти пешниҳодӣ суҳбате доштем бо Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва нахуст назарашро дар бораи моддаҳои нав пурсидем.
Валентина Чупик: Дар ин достон аз 20 модда, ду ва ё дувунимтои он аҳамият доранд. Аввалин моддае, ки аҳамият дорад, моддаи майдаавбошӣ аст. Ҳадафи боздошти ҳар муҳоҷире, ки қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ ва ё бе ҳеч далел дар кӯча дастгир шудааст, пулситонӣ ва ё тамаъҷӯӣ аст. Ҳар вақте, ки муҳоҷирро дастгир мекунанд, онҳоро бе ҳеч далел ба майдаавбошӣ муттаҳам мекунанд. Дар санадҳояшон менависанд, ки дар ҷойҳои умумӣ бо садои баланд, гапҳо бад ва ё дастак зад. Дар назди масҷид, ё дохили масҷид. Чунин санадҳоро дар як рӯз 400 то менависанд. Ин як кори маъмулӣ аст, акнун на танҳо бо ҷаримаи 500 рублӣ, балки ихроҷ аз Русия таҳдид мекунанд. Мардумро водор месозанд, ки пул диҳанд. Мардумро ба он водор мекунанд, ки барои ҳаққи худ садо баланд накунанд. Дуввум моддаи нофармонӣ ба корманди пулис аст. Ҳоло вақте муҳоҷир аз пулис мехоҳад, санадашро нишон диҳад, ё сабабҳои боздошташро бигӯяд, онҳо ҳамин талабҳои қонуниро нофармонӣ ба корманди милиса ва ё сарпечӣ аз дастури он менависанд. Ҳадафи ин бе ҳуқуқ мондани инсонҳо аст. Яке аз моддаҳои дигар, ки хандаовар аст, моддаи ташкил ва ё ширкат дар ҷамъомадҳои бидуни иҷоза аст. Ба назари ман, акнун дар як масҷид ҷамъ омадани се мусулмонро ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ номида, мардумро боз ҳам бо ҳадафи пулситонӣ дастгир мекунанд.
Радиои Озодӣ: Чаро моҳҳои ахир бадрафторӣ бо муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо бо ҳар баҳона аз Русия зиёд шудааст?
Валентина Чупик: “Ин бори аввал нест. Дар Русия ҳар вақт, ки ҳукуматдорон аз баҳри ҳалли мушкиле барнамеоянд ва мушкилот ҷамъ мешавад, онҳо як душмани мувофиқе барои худ ҷустуҷу мекунанд. Ва муҳоҷирон як душмани бисёр муносиб аст. Онҳо беҳуқуқанд. Онҳо бо ҷомеа ҳамоиш наёфтаанд ва касе аз онҳо тарафдорӣ намекунад. Бисёре аз мардуми таҳҷоӣ ба онҳо нафрати пинҳонӣ доранд, фақат ба ин сабаб, ки ба онҳо монанд нестанд. Азбаски муҳоҷирон ба мардуми таҳҷоӣ монанд нестанд, онҳоро дар издиҳом ба осонӣ мешиносанд. Барои ҳамин ҳар вақте, ки Русия дар ягон кор ноком мешавад, зулм ба муҳоҷиронро оғоз мекунад. Ҳадафи ин зулму ситам ба муҳоҷирон нест, ҳадафи ин дур кардани таваҷҷуҳи аҳолӣ аз қарорҳои баде аст, ки ҳукуматдорони Русия қабул мекунанд."
Чанд моҳи ахир аст, ки пешниҳоди рондани муҳоҷирон аз Русия матраҳ мешавад. Бештари мансабдорони Русия аз ин пуштибонӣ мекунанд ва теъдоди каме мухолифи рондани муҳоҷирон ҳастанд.
Аз ҷумла, Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия гуфтааст, ки рондани муҳоҷирон барои риоят накардани қоидаҳои роҳ нодуруст аст ва бояд онҳо фақат ҷарима шаванду тамом. Ӯ ба расонаҳои Русия гуфтааст, ки агар муҳоҷир дар муддати се сол ду дафъа қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят накунад, ӯро аз кишвар меронанд, ки кори бехирадона нест. Ба қавли ӯ, касе кор мекунад, молиёт месупорад, ба мардум хидмат мерасонад, набояд аз Русия ронда шавад. Вадим Коженов гуфтааст, агар муҳоҷир ба такрор қоидаҳои роҳро риоят накарда ва ҷаримаҳоро насупурд, онгаҳ бар асоси дигар қонун ӯро аз Русия ихроҷ кунанд. Баъди ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии Крокус дар моҳи марти имсол, ки мақомоти Русия дар анҷоми он муҳоҷирони тоҷикро муттаҳам мекунанд, ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия бисёр зиёд шуд.
Гуфтугӯ