Чанд вақти ахир пешниҳоди роҳҳои рондани муҳоҷирон аз Русия аз ҷумла, аз ҷониби ВКД-и ин кишвар, садо дода буд.
Вячеслав Володин рӯзи 9-уми июл гуфт, пешниҳоди Вазорати корҳои дохилиро дастгирӣ мекунад. Вазорат хостааст, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз 20 банди нави дигаре илова шавад, ки бар асоси онҳо мешавад ба осонӣ муҳоҷиронро аз қаламрави Русия берун кард.
Бар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Русия, дар сурати қабул шудани тарҳи нав, муҳоҷиронро барои додани маълумоти дурӯғин дар бораи сабтином дар идораҳои муҳоҷират, майдаавбошӣ, таблиғи рамзҳои фашистӣ, тирпаронӣ дар ҷои нодуруст метавонанд аз Русия берун кунанд.
Ҳоло қарори ихроҷи муҳоҷирон аз хоки Русия бар асоси 22 модда содир мешавад, аз ҷумла, барои вайрон кардани қонун дар бораи озодии эътиқод, қочоқи маводи мухаддир, вайрон кардани сарҳади давлатӣ ва дигар бандҳо.
Вақтҳои охир дар Русия фишор, таъқиб ва ҳабсу ихроҷи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Бархе инро бо паёмадҳои ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти имсол рабт медиҳанд. Мақомот дар Тоҷикистон қаблан аз шаҳрвандон хоста буданд, ки бидуни зарурат ба Русия сафар накунанд.