Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз фурудгоҳи "Шереметево"


Яке аз терминолҳои фурудгоҳи Шереметево
Яке аз терминолҳои фурудгоҳи Шереметево

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, панҷ рӯз дар фурудгоҳи Шереметево дармонданд, вале натавонистанд вориди Русия шаванд.

Ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, субҳи 3-юми июл аз фурудгоҳи Бохтар ба шаҳри Маскав парвоз карданд, вале масъулини фурудгоҳи Шереметево ба онҳо иҷозаи убур надоданд.

"Ба мо ҳатто сумкаҳои худамонро надоданд, ки аз дохилаш нон гирифта хӯрем. Маҷбур карданд, аз дастгоҳе, ки обу шоколад дорад, харида хӯред, нархи он хеле қимат аст. Мо 200 нафар ҳастем, фақат шаҳрвандони Тоҷикистонро гузаштан намемонанд ",-гуфтанд муҳоҷирон.

Муҳоҷирон мегӯянд, тӯли панҷ рӯз дар фурудгоҳ дармонданд ва танҳо субҳи 8-уми июл онҳоро ба Тоҷикистон фиристоданд. Сабаби роҳ надодани ин муҳоҷирон ва ҳамин тавр ихроҷи онҳо аз Русия маълум нест.

Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус ситӣ”, ки мақомоти Руся чанд муҳоҷири тоҷикро дар он айбдор мекунанд, дар бархе аз фурудгоҳҳои Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро бо баҳонаҳои гуногун соатҳо нигоҳ доштанд, иҷозаи гузар надодаанд ва ба Тоҷикистон баргардониданд. Ин ҳол дар гузаргоҳҳи марзӣ низ рух додааст.

Мақомоти тоҷик моҳи майи имсол ба муҳоҷирон тавсия дода буданд, ки муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG