Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бахшиш пурсу баргард". Фаъоли "Гурӯҳи 24" аз фишор ба хонаводааш гуфт


Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи созмони “Гурӯҳи 24” 
Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи созмони “Гурӯҳи 24” 

Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи созмони “Гурӯҳи 24” мегӯяд, мақомот дар минтақаи Рашт ба наздиконаш фишор меоранд, то ӯ аз Аврупо ба ватан баргардад.

“Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон созмони ифротӣ ва мамнӯъ шинохта шудаааст, вале тарафдоноаш онро як созмони сиёсии мухолифи ҳукумат медонанд.

Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор мисли дигар фаъолони ин созмон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад.

Ӯ рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи фишор ба наздиконаш он аст, ки ӯ аз фаъолиятҳои сиёсиаш даст кашад ва ба ватан баргардад.

Мақомоти Тоҷикистон фишор ба хонаводаи ин фаъоли сиёсиро тасдиқ ва рад накардаанд ва ба зангҳои Радиои Озодӣ низ посух надоданд, вале Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор мегӯяд, ду корманди Шӯъбаи корҳои дохилии Рашт ҳафтаи гузашта ба манзилашон рафта, аз падару модар ва бародараш хостаанд, ки ба бозгашти ӯ ба ватан талош кунанд.

“Онҳо ба падару модарам гуфтаанд, ки зангаш занед, фаҳмонед, як бахшиш пурсаду баргардад. Чанд маротиба аст, ки ба хонаводаи мо фишор меоранд. Падару модари ман ҷавобгӯ дар амалҳои ман нестанд. Ба ишораҳои онҳо агар ман барнагардам, маро ду роҳ интизор аст: Ё мисли Умаралӣ Қувватов қатл мешавам ё мисли Суҳроб Зафар ба Тоҷикистон бурда, ҳукми сангин медиҳанд,”—гуфт Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор.

Соли 2014 мақомоти Тоҷикистон бо тағйир ба чанд банди Кодекси ҷиноятӣ эълон карданд, ки агар афроди таҳти ҷустуҷӯ бо иттиҳоми тундгароӣ ба ватан баргашта, изҳори пушаймонӣ кунанд, афв мешаванд. Бархе тоҷикони узви ДОИШ ва шумори каме аз мухолифон ба ватан баргаштанд ва расонаҳои давлатӣ аз “пушаймонӣ"-и онҳо ва афв шуданашон гузориш нашр карданд. Бархе ҳам баъдан боздошту зиндонӣ шуданд. Мақомот он вақт гуфтанд, ҷурмҳои дигари онҳо ошкор гаштааст.

Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор мегӯяд, гуноҳе накардааст, ки узрхоҳӣ кунад ва ҳам ба ваъдаҳои мақомот бовар надорад.

Маҳмадсобири Абдуқаҳҳор дар соли 2012 аз Тоҷикистон ба Русия рафт ва ба тиҷорат машғул буд. Баъдан, дар Русия ба “Гурӯҳи 24” пайваст ва то се соли пеш намояндаи ин созмон дар ин кишвар буда, акнун ба Аврупо кӯчидааст.

Мақомоти Тоҷикистон даҳҳо узви ин созмонро дар дохил ва хориҷ боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.
Аз ҷумла, Сӯҳроб Зафар, раҳбари ин гурӯҳ ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 аз шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри имсол Сӯҳроб Зафарро ба 30 сол зиндон маҳкум кард. Насимҷон Шарифов, узви ҳамин созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот ҳардуро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донистанд, аммо онҳо ҳукмро напазируфтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG