Дар барномаи имрӯз дар бораи ҷанҷоли қабл аз 18-солагӣ шавҳар кардани духтарони тоҷик суҳбат мекунем.
Ҳамин чанд рӯз пеш гуфтанд, ки дар Тоҷикистон дар ним соли гузашта ба 200 нафар иҷоза додаанд, ба синни 18 нарасида, ё шавҳар кунанд ва ё зан бигиранд. Дар Тоҷикистон агар 18-сола нашавед, ҳақ надоред, издивоҷ кунед. Агар ҳолати истисноӣ буд, аз додгоҳ иҷоза мепурсед.
Доир ба ин мавзуъ баҳси доғе дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаи мо дар Инстаграм ҷараён дорад, ки Шумо ҳам метавонед ба он ҳамроҳ шавед. Бисёре аз корбарон дар ин баҳс гуфтаанд, "издивоҷ қабл аз 18-солагӣ бадбахтӣ меорад". Аз ҷумла, корбаре бо номи Меҳрангез Нурова, ки чунин навиштааст:
"Падару модарони беандеша, ҳарчӣ зудтар шавҳар диҳем гуфта, ояндаи фарзандашонро фикр намекунанд. Ҳамонҳо магар ақл доранд, ки ба шавҳар медиҳед. Пеш омаду хуш омад, гуфта додан мегиранд, ба ҷойи онки ба таҳсил бифристанд ва ҳунар ёд бидиҳанд."
Барномаро дар ин ҷо бинед:
Яке аз корбарони дигари Инстаграм бо номи Фарида тарафдори он аст, ки духтарону писарон баъд аз 20-солагӣ издивоҷ кунанд, чун чашмонашон ба қавле боз мешавад.
Ӯ навиштааст: "Барои издивоҷ бояд аз 20-сола боло бошед, чун фаҳму шуур ҳаст. Баъдан шароити зиндагӣ фароҳам оред, чӣ барои зан ва ё мард. Ҳарду тараф, ҳам мард ва ҳам зан, бояд омодагии комил дошта бошанд."
Дар ин миён онҳое ҳам ҳастанд, ки гуфтаанд, духтарон бояд ҳатман то 18-солагӣ издивоҷ кунанд ва чанде ҳам муқаррароти исломро мисол овардаанд, ки духтарон ҳақ доранд, барвақт шавҳар кунанд.
Вале корбаре бо номи Халилзода ба онҳое, ки дар саҳифаи мо дар Инстаграм чунин шарҳ гузоштаанд, суоле додааст, ки мехонем: "Як савол. Ҳамин масъаларо ба узви оилаи худатон раво мебинед? Хоҳаратонро дар синни 13-14-солагӣ ба шавҳар медиҳед?"
Дар вебсайти Радиои Озодӣ ҳам мухолифони издивоҷ пеш аз 18-солагӣ зиёданд ва яке аз корбарон, ки худро Виркан номидааст, чунин менависад: "Аз назари илмӣ инсон баъди 18-солагӣ ба балоғати ҷисмӣ ва дар 22-солагӣ ба балоғати фикрӣ мерасад. Аз ин ҷавонтар духтаронро шавҳар додан ва писаронро зан додан ҷиноят аст."
Барномаро дар Ютуб бинед:
Корбаре бо номи Холид пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон издивоҷро фақат аз 20-солагӣ иҷоза бидиҳанд. Ӯ менависад: "Қонуни нав қабул кардан лозим ва издивоҷ аз 20-солагӣ иҷозат дода шавад, чун зан пурқувват мешавад ва оила низ. Ва фарзандони солим таваллуд мешаванд. Бе зарурат аз 20-сола поён иҷозати издивоҷ дода нашавад!"
Шумо чӣ мегуед, пешниҳоди дуруст аст, ё не. Дар вебсайти мо нависед ва дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбук ва Инстаграм.