Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи бузургтарин Маркази муҳоҷирон дар Маскав


Дар канори пойтахти Русия бузургтарин маркази муҳоҷирон боз шуд. Ин марказ метавонад ҳар рӯз ба 7500 муҳоҷир дар таҳияи асноди лозим барои оғози фаъолияти кориашон хидмат бирасонад.

Рӯзи 29 январ бинои нави маркази муҳоҷирон дар Сахарово расман ифтитоҳ шуд. Бинои нави Маркази Сахарово дар масоҳати 50 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, дар як рӯз метавонад ба 7500 муҳоҷири корӣ хидмат бирасонад ва ба навбатҳои тӯлоние, ки дар бинои қаблии ин марказ вуҷуд доштанд, поён диҳад. Аз истгоҳи метрои “Аннино” ба инҷо хатҳои мустақими ҳаракати автобусҳо ташкил шудаанд.

Мақомоти Маскав мегӯянд, Маркази Сахарово баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои наваш бузургтарин чунин марказ дар Русия шудааст ва дар муҳоҷирон метавонанд дар Маркази Сахарово тамоми асноди лозим барои оғози фаъолияти кориаш дар шаҳру вилояти Маскавро ба даст биоранд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 30 январ дар расми ифтитоҳи бинои нави Маркази Сахарово гуфт, “таъсиси чунин марказҳо имкон дод, ки шумори хеле бузурги муҳоҷирон фаъолияти худро қонунӣ кунанд ва соли гузашта пойтахти Русия аз ҳисоби муҳоҷирон ҳатто дар муқоиса бо ширкатҳои нафтӣ фоидаи бештар ба даст овард.” Сергей Собянин афзуд, Маркази Сахарово ҳамагӣ дар ним соли фаъолияташ тавонист ҳам хароҷоти таъсиси ин марказ ва ҳам хароҷоти сохтмони бинои навашро бипӯшонад.

Дар идораи шаҳриии ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар тӯли соли 2015 дар саросари Русия аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон 33 миллиард рубл ва дар шаҳри Маскав 11 миллиард рубл фоида гирифтаанд. Барои муқоиса, ширкатҳои нафтӣ ба буҷаи Маскав ҳамагӣ 10,5 миллиард рубл андоз супурдаанд.

Навбати тӯлонӣ дар бинои қаблии Маркази Сахарово. Акс аз бойгонӣ
Навбати тӯлонӣ дар бинои қаблии Маркази Сахарово. Акс аз бойгонӣ

Дар Маркази Сахарово муҳоҷирон ибтидо изи ангушт месупоранд ва сипас аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Баъди ин онҳо бояд аз забони русӣ ва таъриху асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон бисупоранд. Бар ҳар довталаби патент дар тӯли 40 дақиқа 20 савол медиҳанд ва муҳоҷир бояд ҳадди ақал ба нисфи онҳо ҷавоби дуруст бидиҳад.

Мақомоти Маскав имсол нархи патентро барои муҳоҷирон 200 рубл боло бурда, ба 4200 рубл дар моҳ расонданд. Ба сурати умум, аз 1 январи соли 2016 аксари минтақаҳои Русия нархи патенташонро барои муҳоҷирони корӣ боло бурданд.

Нархномаи нави патент, ки ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – нашр кардааст, нишон медиҳад, ки дастикам 74 минтақаи Русия аз соли нав арзиши онро барои муҳоҷирони хориҷӣ боло бурдаанд. Нархи патент танҳо дар 5 минтақа – вилоятҳои Челябинск, Волгоград, Владимир ва Ленинград ва дар шаҳри Санкт-Петербург – бетағйир боқӣ монда, танҳо дар 6 минтақа – ҳавзаи Чукотка, ҷумҳурии Ингушистон ва вилоятҳои Калуга, Воронеж, Томск ва Нижний Новгород мақомот тасмим гирифтаанд, ки нархи патентро баракс кам кунанд.

Дар Чукотка, ки соли гузашта арзиши патенташро 8000 рубл муқаррар карда буд, имсол онро то ҳадди 4542 рубл пойин овардаанд ва ин минтақа мақоми аввал дар “чемпионат”-и нархи патенти муҳоҷиронро имсол ба Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон дод, ки нархи ин “маҳсулоти стратегӣ”-ро барои муҳоҷирон 1100 рубл боло бурда, ба 8173 рубл расондааст.

Аммо бештар аз ҳама – қариб 5 маротиба - нархи моҳонаи патенти муҳоҷирон дар ҳавзаи мухтори Ненетс боло рафта, ба 7000 рубл расидааст. Ҳамин тавр, қимати патент дар Забайкалйе ва ҷумҳурии Бурятия қариб 3 маротиба, дар Иркутск ва ҷумҳуриҳои Карелияву Тува 2,3 маротиба, дар вилоятҳои Киров, Новосибирск, Сахалин, Иваново, Красноярск 2 маротиба гаронтъар шудааст. Нархи патент дар кишварҳои Пензаву Олтой, вилояти Псков ва ҷумҳуриҳои мухтори Адигея ва Удмуртия низ аз 1 январ қариб 2 маротиба боло бурда шудааст.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Пулҳое ки муҳоҷирони корӣ аз Русия мефиристанд, як омили муҳими таъини рӯзгори хонаводаҳои онҳо ва ҳам як чархаи умдаи гардонандаи аробаи иқтисоди Тоҷикистон эътироф мешавад.

Нархи патент, ки аз 1 январи соли 2015 барои муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия ҳатмӣ шуд, як бахши умда аз хароҷоти муҳоҷирони корӣ дар он кишварро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, ҳамин тавр, ҳар муҳоҷир ҳанӯз то оғози фаъолияти корӣ бояд як баста асноди дигар, аз ҷумла санади тиббӣ ва санади супурдани имтиҳон аз забону таърих ва фарҳанги Русияро низ омода бикунад. Ҷамъулҷамъ дар соли гузашта як муҳоҷир танҳо барои оғози фаъолияти корӣ дар Русия бояд қариб 30 000 рубл сарф мекард.Бо афзоиши нархи патент дар соли нав зоҳиран хароҷоти муҳоҷирон боз ҳам боло хоҳад рафт.

Нархи патенти Русия барои муҳоҷирон дар соли 2016 - вилоят ба вилоят:

XS
SM
MD
LG