Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарқи гадо аз "гадо" (ВИДЕО)


Мӯъмин Аҳмадӣ дар нақши "гадо"
Мӯъмин Аҳмадӣ дар нақши "гадо"

Бардоштҳои хабарнигори Озодӣ аз таҷрибаи кӯтоҳи "гадоӣ"-яш дар яке аз кӯчаҳои Душанбе ва умуман, омилҳое, ки мардумони дасткӯтоҳ ба ин вартаи зиндагӣ тела медиҳад ва ҳам онҳое ки аз эҳсоси савобҷӯии мардуми тоҷик сӯъиистифода мекунанд.

Ҷавонзани тақрибан 30-35 сола, ки хеле хаста менамуд, бо поён шудан аз мошину бо додани салом маро ба кунҷе даъват кард. Мисле ки хеле хаста буд ва аз гуфтани чизе шарм медорад. Ниҳоят гӯиё бо азобе лаб кушод ва гуфт, ки модарашро бояд пас аз зуҳри имрӯз ҷарроҳӣ кунанд ва ҳамагӣ сад сомонӣ дигар барояшон нарасидааст. Барояш 5 сомонӣ додам ва барои модараш шифои комил хоста рафтам. Дақиқан ду ҳафта пас боз садое маро боздошт ва боз ҳамон зану боз ҳамон матлаб.

Ин бор шубҳа кардам, чун ҳарфҳои “баъд аз обед” ва “сад сомонӣ” шубҳавора буданд. Чун пурсидам, ки модарат куҷост, то ба хабаргириаш равам, миёни анбӯҳи мардум нопадид шуд. Баъдан фаҳмидам, ки ин шеваи нави гадоӣ бо истифода аз хайрхоҳӣ ва раҳмдилии сокинон будааст. Ҳатто лӯлиён ҳам аз ин шева зиёд кор мегирифтаанд. Сокинони зиёд ҳам мисли ман шоҳид шудаанд, ки дар хиёбонҳои Душанбе “Ҳоҷиҳои масҷидсоз” аз сокинон барои бунёди масҷид пул талаб мекунанд. Ҷавононе ҳам, ки гӯиё сарбозанд ва пуле надоранд, то хона бираванд, аз усули тозаи лӯлиён “сабақ” гирифтаанд ва ё афродеанд, ки гадоиро ба шеваи нав матраҳ кардаанд.

Аммо оё гадоӣ воқеӣ будан як кори саҳлу содда ҳаст? Дардовар аст, вақте фикр мекунӣ, ки ҳамин ҳоло ҳама чиз аз даст рафта ва бояд каноре аз ҷода биншиниву гадоӣ кунӣ. Дигар, гадоӣ охирин гузинаест барои як инсони воқеан дармонда, ки танҳо барои намурдан онро бо сахтӣ қабул мекунад.

Вақте тасаввур дорӣ, ки дигар ҳама тавонат поён ёфтааст ва ҷуз гадоӣ дигаре роҳе надорӣ ба ҳақиртарин одаме табдил меёбӣ. Дастҳо меларзанд, андешаҳо ба сад дарат мебаранд, ояндаат бештар номаълум мешавад ва қуввати чашмонат, ки тавони нигоҳ ба як инсонро дошта бошанд, гум мешаванд.

Барот Юсуфӣ, ҳамкори ҳамроҳам талқин дошт, то рӯҳан вориди як нақши гадо шавам. Тасаввур ҳам ин шуд, ки ҳақиртарин инсонам ва дигаре роҳе ҷуз гадоӣ надорам. Агар ҳамин лаҳза пуле барои хӯроки шабамро пайдо накунам, дигар тамом. Дастонам меларзид ва пояҳоям пеш намерафт, то роҳ сӯи ҷода пеш бигирам. Хостам, аз баҳри ин нақшу достон бигзарам, аммо ғарқи андеша аз достони сохта будани гадоиам фаромӯш кардам. Андешае таконам медод, ки Худо накарда, аз ҳамин роҳ фарзандонам бигзаранд, чӣ бардоште аз падари гадояшон хоҳанд дошт. Бузургтарин шармро инсон танҳо аз зану фарзанд, ки ҳама талош дар зиндагӣ баҳри онҳост, дошта метавонад.

Як рӯзи гадо-(и)-ҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:28 0:00

Сигнали мошини пулис маро аз олами хаёлот берун мекунад. Корманди пулис, ки сари чамбар нишастааст, маро дақиқан шабеҳи кадом гадои дигаре медонад, ки дағалона аз ин ҷо “гум” шуданамро талаб мекунад. Маълум мешавад, ки ӯ борҳо “маро” аз ин ҷо “дафъ” кардааст, вале боз “пайдо” шудаам. Аз забонам ҳарфҳое берун мешаванд, ки гӯшам бовар намекунад. Садои хастае аз забонам берун мешавад. Ба маъное, ки “сахт дармондаам ва илоҷе ҷуз ин надорам”. Шояд ин аст, ки дили пулиси мошинсавор каме гарм мешавад ва танҳо бароям як соати “кор” дар ин роҳи назди беморхонаи Қараболоро медиҳад. То омадани ӯ бояд дигар аз ин ҷо “ҳӯй бихӯрам”, зеро ӯ намехоҳад, “аз пушти як касофат гап шунавад”. Сарам бо ишораи иҷрои фармудаи пулис поён мешавад. Зоҳиран ӯ қонеъ мешавад ва дигар намебинам, ки куҷо меравад, зеро дигар наметавонам сарамро боло кунам.

Аммо дигар ман як гадоям ва шарт ҳам нест, ки сар боло кунам, чун аз селофанӣ наздам гузошта маълум аст, ки чӣ мехоҳам. Аввалин тангаи 50 дирама аз марде, ки зоҳиран худаш ҳам нодор аст, рӯи “кулвори гадоӣ” меафтад. Аз пушти айнаки шикаста ба рӯяш менигарам. Зоҳиран, ҳолати ман ки ба маъюб ё нобиное шабеҳам ӯро такон додааст. Фосилаи 1 дақиқа аз ин бару он бар одамоне мегузаранд ва чун мебинам, ки касе ҳарфи баде ба ҷуз пулис бароям намегузарад, маҷол пайдо карда, сукутро мешиканам. Гуфтани ин ҳарф, “Худо фарзандатро хушбахт гардонад” ба зани роҳгузаре, ки сари даст кӯдак дошт, ӯро аз роҳ баргардонид ва бо дасти кӯдакаш як сомоние ба дастам дод. Агар ҳамин зан ҳарфамро намешунид, шояд хомӯш мемондам, аммо чун дидам, суханам таъсираш кард, ба қавле “илҳом” гирифтам.

Марди зоҳиран мансабдореро ин ҳарфам, ки “Аз барои Худо кӯмак кунед” аз роҳ бозмонд, вале бо як тамасхури зоҳиран каме қаҳролуд роҳашро идома дод. Аз ин нигоҳи ӯ озод ин ҷумларо хондан мумкин буд, ки “Шумо гадоён дар ҷонам задед, ҳар ҷое равам дар поям мепечед”. Ҷавондухтару ҷавонписаре, мисле, ки бо ҳам ошиқ буданд, аз наздам мегузаштанд. Нидои “Худо ҷуфти хушбахтатаон гардонад” писарро аз роҳ пас гардонд ва бароям се сомонӣ хайр кард, ки ин аввалин пули калон давоми гадоиам буд.

Ба назар мерасид, ки бештар суханони ман сокинонро ҷалб мекунад. Бештар занони кӯдакдори миёнаҳол ва ҷавондухтарону ҷавонписарони бо ҳам бароям “хайр” мекарданд. Ягон нафар доро пули кӯчаке ҳам бароям надод, ҳарчанд, шумори зиёде аз онҳо аз он ҷо мегузаштанд.

Панҷ сомонаи аввалинро ҳам зане дод, ки барои кӯдакаш дуо додам. Ин калонтарин маблағе буд, ки давоми даҳ дақиқаи талбандагӣ ба кулвори ман рехт. Бо гузашти даҳ дақиқа пулҳоро, ки иборат аз 20 дирама, 50 дирама ва бештар як сомона буданд, бо шумули як се сомонаву панҷсомона мешуморам: 30 сомонию 40 дирам, баробар ба 5 долари амрикоӣ.

Бо ишораи ҳамкорам Барот Юсуфӣ, ки аз каноре аз дохили мошин маро сабт мекард, аз ҷоям боло шудам ва дубора ба ҳолати аввал баргаштам.

Ҳарф мувофиқ ба ҳолати эҳтимолии соинонро дар рӯзи гузашта ҳангоми мусоҳиба бо гадоён омӯхта будам. Магар чӣ касе, ки ту барои хӯшбахтии фарзандаш дуо мекунӣ, як сомониро дареғ медорад? Ва оё ду ҷавони ошиқ, ки бо ҳам аз муҳаббату фидокорӣ сӯҳбаткунон аз наздат мегузаранду ту барояшон хушбахтӣ мехоҳӣ, метавонанд, бидуни пардохти ҳади ақал як сомонӣ аз наздат канор раванд?

Барои гадои “касбӣ” будан кофист, то каме равоншинос буд ва ҳолати рӯҳии сокинонро ташхис дод. Эҳсосам ҳамин буд, ки мардуми мо эҳсосианд ва ҳарфҳои раҳмолуд ва ҳолати раҳмоварӣ шахс зуд ба дилашон ҷой мегиранд ва омодаанд, бароят хайр кунанд. Ҳарчанд, ин гуфтаҳо ба аксар саватмандон дахл надорад, зеро онҳо камтар ба пойи пиёда аз чунин мавзеҳо мегузаранд ва гузаранд ҳам ё вақти кисакобӣ надоранд ё “пули майда” надоранд ва ё хайр ба чунин афродеро як кори беҳудае медонанд.

Шояд бо дарназардошти раҳмовар ва хайрхоҳии мардуми мост, ки аксаран мисле, ки мо анҷом додем, худро сохтакорона гадо вонамуд мекунанд ва пули муфт ба даст меоранд.

Дар кишварҳои аврупоӣ бо гадоками дар кам дучор мешавед. Маъюбтарин одаме, ки сари роҳ менишинад, аз худ ҳунаре ба намоиш мегузорад ва барои ҳунараш пул мегирад. Дар кӯчаҳои кишварҳои аврупоӣ сандуқҳои хайрия гузошта мешаванд ва созмонҳои хайриявӣ ин маблағҳоро ҷамъоварӣ карда, ба афроди кишварҳои ниёзманд мерасонанд. Шояд дар Тоҷикистон ҳам зарурати гузоштани чунин сандуқҳо бошад ва созмонҳои беғаразе ин кӯмакҳоро ба афроди ниёзманд бирасонанд.

Дигар то ҳаде гадоҳои воқеӣ бо гадоҳои сохта ба ҳам монанд шудаанд, ки фарқ карданашон хеле душвор аст. Аз сӯи дигар, чун аз таҷриба дидем, сокинон ҳеҷ талоше барои фарқ кардани онҳо ҳам намекунанд. Далелашон ҳам ин аст, ки бо додани як сомонӣ дороиашон кам нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG