Тоҷикистон дар соли 2018 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар уҳда хоҳад гирифт. Аммо пеш аз ин, дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки шоми 16 сентябр дар Қирғизистон сурат гирифт, ҷониби Украина ба қарори ба Русия додани роҳбарии ин созмон дар соли 2017 мухолифат нишон дод.
Ҳангоми баррасии ин масъала Николай Дрошенко, сафири Украина дар Қирғизистон, ки кишварашро дар ин нишаст намояндагӣ мекард, гуфт, "Русия бо поймоли қонунгузории байналмилалӣ қисмате аз қаламрави Украинаро ғасб карда, ба муноқишаи низомӣ дар шарқи он мусоидат мекунад. Украина роҳбарии Русияро дар ИДМ намепазирад."
Вале Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, кишвараш ҳеҷ қаламраверо ғасб накардааст ва "Қрим ба Русия тибқи иродаи сокинони он пайвастааст".
Навори видео инҷост:
Ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ба 25-солагии таъсиси он рост омад. Ин созмон 25 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари пасошӯравӣ таъсис ёфта буд.
Аммо шоми ҷумъа раҳбарони ҳамагӣ шаш узви ин созмон дар ҳамоиши ҷашнии 25-солагии он иштирок карданд. Қарор буд, ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин созмон дар Бишкек соати 4-и рӯз (ба вақти маҳаллӣ) шурӯъ шавад, аммо бинобар таъхири парвози Владимир Путин, президенти Русия, ҷаласа бо ду соат таъхир - соати 6-и бегоҳ - шурӯъ шуд.
Дар ин ҳамоиш, ки раиси ҷумҳурони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Беларус ва Озарбойҷону Арманистон иштирок мекунанд, 15 масъала, аз ҷумла ҳамкории байни кишварҳо барои мубориза бо терроризм баррасӣ шуд.
Бо ин ки аз таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 сол сипарӣ шуд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ИДМ ҳамоно як созмони "шаклногирифта ва бесамар" боқӣ монд. Дейвид Левис, пажуҳишгари умури сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ гуфт, аслан ҳадафи таъсиси ИДМ нигоҳ доштани кишварҳои Шӯравии собиқ зери чатри Маскав буд. "Аммо тайи ин муддат ин созмон натавонист, сафи кишварҳои узвашро нигоҳ дорад. Дар нишасти Бишкек ҳамагӣ 6 нафар аз сарони кишварҳои узви ин созмон ҳозир шуданд. Иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳам ҳозир нашуд. Чунки шояд намехоҳад аввалин сафари хориҷиашро аз ширкат дар созмоне мисли ИДМ оғоз кунад", - гуфт Дейвид Левис.
Ин таҳлилгар мегӯяд, ИДМ дар тӯли мавҷудияташ натавонист, пеши роҳи моҷароҳои мусаллаҳонаро дар миёни кишварҳои узваш - Арманистону Озарбойҷон ва Гурҷистону Русия - бигирад. Гурҷистон дар пайи ҷонибдории Русия аз ҷудоиталабони Абхозистон аз узвияти ИДМ даст кашид. Ин таҳлилгар мегӯяд, кишварҳои узви ин созмон ҳамагӣ манфиатҳои гуногун доранд ва ин аст, ки бисёре аз созишномаҳои қабулкардаи ИДМ аз сӯи кишварҳои узваш иҷро намешавад.
Виктория Панфилова, таҳлилгари нашрияи "Новая газета" дар Маскав гуфт, бо вуҷуди он ки ИДМ дар тӯли ҳастиаш узвияти Гурҷистон ва шояд дар ояндаи наздик Украинаро низ аз даст диҳад, вале ҳамчунон созмони зарурӣ боқӣ мемонад. Вай гуфт, "ин созмони ниҳодҳои фаромиллӣ надорад, ки ҳукуматҳоро барои иҷрои ин ё он қарор маҷбур кунад. Ин ба истилоҳ "клуб мувофиқи завқ аст". Ҳамаи кишварҳои узв ҳуҷҷатҳоро имзо мекунанд ва ин қоидаҳои ҳамкорӣ аст".
Панфилова афзуд, ИДМ ҳамоно равобити судманди кишварҳои узвашро дар самти ҷустуҷӯи ҷинояткорон, танзими қоидаҳои тиҷорат ва ҳаракати бемамониати молу хадамот таъмин мекунад. Виктория Панфилова гуфт, агар ИДМ барҳам хӯрад, кишварҳои узви он имкони муошират бо якдигарро аз даст хоҳанд дод.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 декабри соли 1991, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда, то имрӯз ба узвияти он 10 ҷумҳурии Шӯравии собиқ - Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон шомил ҳастанд.
Аксҳои бештар: