Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд. Қатъи парвандаи ташкили "фоҳишахона"


Додгоҳе дар Суғд парванда алайҳи собиқ декани факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро қатъ кард.

Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд гуфт, додгоҳи Хуҷанд парванда алайҳи Муаттар Зикриёева бинобар "пушаймонӣ" аз кардаи худ, қатъ кардааст. Вале ба гуфтаи додситон, ин маънии сафед шудани муаллимаро надорад: “Дар ҳолати қатъи парванда дар додгоҳ низ шахси маҳкумшаванда гунаҳкор эътироф мегардад. Аммо қонунгузор мутобиқи қонун чӣ дар марҳалаи тафтишоти пешакӣ ва чӣ марҳалаи судӣ бинобар сидқан пушаймон шудани айбдоршаванда, парвандаро қатъ намуд.”

Парвандаи "фоҳишахона" дар Хуҷанд баста шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим


Додгоҳ алайҳи Муаттар Зикриёева, собиқ декани факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мутобиқи банди 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои нигаҳдошти фоҳишахона ва даллагӣ иттиҳом пешниҳод карда буд. Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, вале додгоҳ бори аввал содир кардани ҷиноят ва “дараҷаи миёна” будани он, пушаймонӣ ва ҳамкорӣ бо тафтишот аз ҷониби муаллима Зикриёеваро дар назар гирифт ва Зикриёеваро раҳо кард. Худи хонум Зикриёева аз аввал ин иттиҳомро “бӯҳтономез” меномид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири бадном кардани вай пешниҳод кардаанд.

Додгоҳи Хуҷанд моҳи апрел як корманди собиқи милисаро бо гуноҳи ҷалби ҷавонзанони тоҷик барои истисмори шаҳвонӣ дар Дубай ба 7.5 соли ҳабс дар зиндони дорои низоми пурзӯр маҳкум карда буд.

Ҳамчунин ахиран шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (РОБОП) аз ошкор кардани як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ хабар дод, ки ҷавонзанонро ба Русия барои танфурушӣ мефиристод. Кормандони ин ниҳод бархе аз аъзои ин гурӯҳро дастгир карда, нисбат ба онҳо мутобиқи банди 132-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “ҷалби одамон барои истисмор”, парванда боз кардааст.
XS
SM
MD
LG