Рустам Ашӯров ва Қутбиддин Содиқов бо он айбдор мешаванд, ки саррофони шаҳри Душанберо мавриди ҳамла қарор дода, ҳудуди 100 ҳазор долларашонро рабудаанд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарон, Рустам Ашуров ва Қутбиддин Содиқов 13 соли зиндонро талаб кардааст
Ба иттилои тафтишот, рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ, ин ду нафар, бо истифода аз яроқи оташфишон ба ду корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ки аз хонаашон дар кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе берун мешуданд, дарафтода, ҳудуди 100 000 доллари онҳоро мерабоянд.
Ҳангоми боздошт аз айбдоршавандаҳо, ду таппончаи «Макаров» бо ҳафт тир, 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҳамчунин 395 ҳазор рубли русӣ, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамла ба кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон таи ду соли охир авҷ гирифта буд. Аввали соли равон Додгоҳи вилояти Суғд, Фахриддин Мирбобоев, сокини 32-солаи шаҳри Истаравшанро дар қатли корманди нуқтаи мубодилаи асъор, Шӯҳрат Ҷалолов ва ҳамсари ӯ муҷрим шинохта, ба ҳабси абад маҳкум карда буд. Инчунин додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи июли соли равон чаҳор ҷавони сокини пойтахтро барои куштори як сарроф ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.