Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Риш дошту намоз мехонд." Парвандаи Сайёд ба "бунбаст" рӯбарӯ шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҷалби сокинон ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам аст, дар додгоҳи низомии Адигеяи Русия ба "бунбаст" рӯбарӯ шудааст. Мумкин аст, парвандаи Сайёд Убайдовро барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристанд.

Баъзе аз шоҳидон аз баёноти додаи худ даст кашидаанд. Онҳо гуфтаанд, ки зери фишору шиканҷа зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон шоҳидӣ дода буданд. Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.

Сайёд Убайдов моҳи марти соли 2018 дастгир шуд. Вай ҳафт сол боз ҳамроҳи хонаводааш дар Адигея мезист. Яке аз онҳое, ки зидди Убайдов шоҳидӣ дода буд, тағояш Ҷамолиддин Тоиров аст. Тоиров мегӯяд, бо роҳи фишор овардан ба тиҷораташ аз ӯ талаб карда буданд, ки зидди хоҳарзодаи худ шикоят кунад, вале дар охир ӯро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Вай фосилавӣ ва тавассути тамоси видеоӣ ба додрас гуфтааст, зери шиканҷаи кормандони Раёсати Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Адигея зидди хоҳарзодааш шоҳидӣ дода буд. Рӯзи 31-уми июли имсол дар додгоҳи ҳарбии Адигея парвандаи Убайдовро баррасӣ карданд ва шоҳидонро пурсиданд.

Наталя Фараҷева, вакили мудофеи Сайёд Убайдов, қаблан бозпурсии шоҳидонеро, ки аз Адигея ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, дархост карда буд. Вай рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "аввал шоҳидеро пурсиданд, ки ба масъала ҳеч рабт надошт. Вай гуфт, ки Убайдов риш дошт ва намоз мехонд. Он гунае ки мусалмонон дар Русия намоз мехонанд, на дар Тоҷикистон."

Ҷамолиддин Тоиров, тағои Сайёд Убайдов дар як тамоси видеоӣ аз Душанбе гуфтааст, ӯро дар раёсати Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Адигея азият карда буданд, то зидди ҷиянаш сухан гӯяд.

"Аз рӯи гуфтаҳои Тоиров, ӯро ҳанӯз ҳам ва дар кишвараш таъқиб мекунанд. Вай аз додрас хост, ки ӯ ва аҳли оилаашро аз таҳдиду фишор ҳимоят кунад", -- гуфт Наталя Фараҷева.

Хадамоти матбуотии раёсати ФСБ дар минтақаи Адигея бо гузашти беш аз як сол аз ин қазия то ҳол шарҳе надодааст.

Тафтишот иддао дорад, ки Сайёд Убайдов нафареро бо номи Ҷамшед ба ифротгароӣ ҷалб кардааст ва гӯё ин ҳолатро Ҷамолиддин Тоиров дидааст. Ба иддаои тафтишот, Тоиров дидааст, ки чӣ гуна хоҳарзодааш ба Ҷамшед наворҳои ифротгароиро нишон медод. Вале ба қавли вакили мудофеъ дар парванда натанҳо натиҷаи ташхиси кадом наворе, балки худи навори видеоӣ нест, то маълум шавад, ки Сайёд Убайдов дар телефонаш тасвирҳои ифротгароӣ дошт ва онро барои ҷалби дигарон истифода мекард.

Қаблан Сайёд Убайдов, шаҳрванди Тоҷикистон аз шиканҷа шуданаш дар боздоштгоҳ шикоят карда буд. Пайвандонаш низ иддао карданд, ки ба онҳо таҳдид шудааст, агар Убайдов ба гуноҳ иқрор накунад, эҳтимол аз ҳаққи сарпарастӣ ба фарзандон маҳрум ва аз кишвар ихроҷ шуда, молу амволашон мусодира гардад.

Моҳи марти соли гузашта беш аз 150 намозгузори масҷиди ноҳияи Тахтамукай, ки миёни онҳо варзишкорон ва фаъолони ҷамъиятӣ низ буданд, ба раиси минтақаи Адигея Мурод Кумпилов муроҷиат карда, хостори раҳоии Сайёд Убайдов шуданд. Дар натиҷа бисёре аз муроҷиаткунандаҳо, асосан тоҷикон, бо сабабҳои гуногун аз минтақа ихроҷ карда шуданд.

Адигея як минтақаи муслмонишин дар минтақаи Қафқози Русия аст. “Шикори” тоҷикон ва айбдоркунии онҳо ба тунгароиву ифротгароӣ ва терроризм дар пайи боздошти яке аз наздикони сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов оғоз шуд. Аз ин ҷавон Ҳалимов Ф. ном бурда мешавад. Вай моҳи июли имсол аз Адигея ба Тоҷикистон истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG