Додситонии ҳарбии гарнизони Кӯлоб алайҳи як афсари нирӯҳои марзбонӣ барои латту кӯби ҳафт сарбоз парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ва эълони ҳукм ба додгоҳ фиристодааст.
Фирӯз Раҷабзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб, 12 июл гуфт, Комилҷон Рофиев – фармондеҳи қисми ҳарбии 2931 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин вазифаи оинномавиро вайрон карда ва ҳоло мунтазири хулосаи додгоҳ нишастааст. Ӯ гуфт, "ҳодисаҳои латту кӯб моҳи моҳи майи соли ҷорӣ рух дода ва парвандаи Комилҷон дар дасти баррасист. Ин ҳодисаҳоро додситони ҳарбӣ санҷиш кардааст ва додгоҳ ҳукм хоҳад кард, ки муҷозоти ин афсар чист."
Додситони низомии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар баробари ин ба муқобили боз як афсару сарбози нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Ҳамадонӣ барои сӯиистифода аз нерӯи сарбозон ва озору азияти онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба қавли Фирӯз Раҷабзода, Ҷонибек Муродов – сарбози қатории қисми низомии 2133 дар Ҳамадонӣ – бештар ба озору азияти сарбозони аз худашон хурду заифтар машғул шудааст. "Абдурасул Қурбонов, прапоршики калони қисми низомии 2933-и нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бо истифода аз мансаби худ сарбозонро ба корҳои шахсӣ, яъне нигоҳубини антеннаҳои ширкатҳои мобилӣ сафарбар карда, маблағи ба дастомадаро ба ҷайбаш задааст," - афзуд ӯ.
Парванда алайҳи ду афсар ва як сарбоз барои озору азияти сарбозон ва сӯиистифода аз мансаб дар ҳолест, ки соли гузашта додситонии низомӣ дар ин минтақа нисбат ба чаҳор афсар барои “дедовшина” парвандаи ҷиноӣ боз карда, онҳоро муҷозот карда буд.
Ҳоло тибқи оинномаи артиш, сарбоз ҳақ надорад аз амри фармондеҳ сарпечӣ кунад, аммо бо ин ҳол ҳам афсар ҳақ надорад ба сари сарбоз даст бардорад. Муҷозоти аскари саркаш бояд дар чаҳорчӯби оинномаи хизмати аскарӣ сурат бигирад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон чандин афсарро барои хунукназарӣ дар робита ба меҳтарсолорӣ аз кор сабукдӯш карда, сарбозонеро, ки дар латту кӯби баъзе аскарони навдаъват ва ҳатто марги онҳо даст доштаанд, ба мӯҳлатҳои мухталиф зиндонӣ карданд.
Аз ҷумла охирҳои моҳи май ду афсар ва як сарбози қисми низомии "2847"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар робита ба марги сарбоз Фаррухҷон Ҳайталиев аз 4 то 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе фармондеҳи постгоҳи қисми ҳарбии “2847”-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ капитан Сӯфӣ Сӯфиев ва муовини ӯлейтенантБобурҷон Ортуқовро тибқи моддаи 391, қисми 3,(сӯистифода аз вазифаи давлатӣ) ба муддати чаҳор солӣ, аз озодӣ маҳрум кард.
Додгоҳ айбдоршавандаи севум -- сарбози ин қисми низомӣ Алихон Туйчиевро тибқи моддаи 373 қисми 2 (вайрон намудани ойиномаи муносибат бо аскарон) ва моддаи 110, қисми 3 (огоҳона зарари вазнини ҷисмонӣ расондан), ба 14 сол зиндон маҳкум кард.