Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати RSF аз додситони кулли Тоҷикистон: Ҳакимоваро фавран озод кунед


Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонӣ
Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонӣ

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) аз додситони кулли Тоҷикистон даъват кардааст, ки журналист Рухшона Ҳакимова аз зиндон озод карда шавад.

Созмони байналмилалии ҳомии озодии баён, ки қароргоҳаш дар Фаронса аст, дар даъвате аз Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 27-уми феврал Ҳакимоваи 31-соларо аз “қурбониёни ахири” саркӯбҳо дар Тоҷикистон дар остонаи интихоботи порлумонии рӯзи 2-уми март номидааст.

Хабарнигори тоҷик рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи пурсарусадои "табаддулот" бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Худаш дар додгоҳ иттиҳомро рад кардааст.

Ба иттилои дарёфтӣ, Рухшона Ҳакимова барои як пурсиш дар бораи нуфузи Чин боздошту маҳкум шудааст. RSF мегӯяд: “Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” зидди ин ҳукми худсарона эътироз мекунад ва аз додситони кулл даъват дорад, ки ӯро озод кунад”,--омадааст дар изҳороти созмон.

Жанна Кавелйе, раиси шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар RSF гуфт, “тафтиши парвандаи Рухшона Ҳакимова бо нақзи муқаррарот ҷараён гирифт ва ҳукми ӯ одилона набуд. Ҳукми беасос ва золимонаи додгоҳ баёнгари ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ҳама гуна садои мустақилро дар остонаи интихоботи порлумонӣ, ки рӯзи якшанбе дар шароити бидуни гуногунандешӣ барпо мешавад, саркӯб кунанд”. Ӯ афзуд, ки RSF аз Рухшона Ҳакимова “дифоъ мекунад ва иттиҳоми зидди ӯро рад карда аз додситони кулл тақозо дорад, ки ӯро билофосила озод кунанд”.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, Ҳакимова аз дастрасӣ ба муҳокимаи одилона маҳрум шуд. Ӯ гуфт, “ҳукми сангини ҳамкори мо Рухшона Ҳакимова ва ҳам парвандаи ҷиноиаш бояд бозбинӣ шаванд, чунки тафтишот дар шароити махфӣ ва пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва ин чиз монеи муҳокимаи одилонаи хабарнигор гардид”.

RSF менависад, ҳукми Ҳакимова ба мусоҳибааш бо чандин шахсияти маъруфи ба ҳукмҳои тӯлонӣ ҳабсшуда рабт дорад, дар ҳоле ки, ба қавли ин созмон, “ҳеҷ далели хатар доштани кори ӯ ба амнияти миллӣ вуҷуд надорад”.

Як сабаби дигари танқид аз қарори додгоҳ ин аст, ки додрас модари ду тифли ноболиғ, аз ҷумла кӯдаки ширхори нӯҳмоҳа будани Ҳакимоваро нодида гирифтааст.

Пайвандони Рухшона Ҳакимова рӯзи 28-уми феврал гуфтанд, ки баъди ҳабси ӯ дар борааш дигар ҳеч маълумоте надоранд ва боре ҳам вонахӯрдаанд. Яке аз пайвандони рӯзноманигор 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъди боздошти Рухшона ба Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ғизо мебарем, аммо иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд. Ба Додгоҳи олӣ шикояти касатсионӣ бурдем, аммо то ҳол баррасӣ нашудааст."

RSF навишт, “парвандаи Рухшона Ҳакимова маҳаки саркӯбҳои то рафт афзоишёбанда дар нисбат ба журналистони мустақил дар Тоҷикистон мебошад. 10-уми январ сардабири “Пайк” Аҳмади Иброҳим ҳам бар асоси як қарори ғайриқонунӣ, ки дар асл ҳукми марг барои журналистикаи мустақили вилояти Хатлон дониста мешавад, ба 10 соли ҳабс маҳкум шуд. Солҳои охир дар Тоҷикистон на камтар аз нӯҳ журналист бо иттиҳоми гӯё ба ҳам задани амнияти миллӣ ё “коррупсия” ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд ва ин бештар назар ба ҳамаи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мебошад”.

Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот аз миёни 180 кишвар дар ҷои 155-ум қарор дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG