Адвокати Рухшона Ҳакимова ба далели махфӣ будани парванда нахост номаш зикр шавад. Ӯ рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додгоҳ хостааст, ки зерҳимояи ӯро бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ озод кунанд. Ин банди қонун пешбинӣ мекунад, ки ҷазои таъинкардаи додгоҳ шартан татбиқ карда нашавад.
“Мо дархост кардем, ки Рухшона Ҳакимова бо дастрасии ҳамин муқаррароти қонун озод шавад,”- афзуд вакили дифоъ.
Ба гуфтаи адвокат, шикояти бознигарӣ ё касатсиониро ҳафтаи гузашта ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон супориданд. Қарор аст, то охири моҳи феврал рӯзи баррасии ин даъво муайян шавад.
Хабарнигори тоҷик Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал дар доираи парвандаи пурсарусадои "табаддулот" бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд. Худаш дар додгоҳ иттиҳомро рад кард.
Ба иттилои дарёфтӣ, Рухшона Ҳакимова барои як пурсиш дар бораи нуфузи Чин боздошту маҳкум шудааст. Аммо намояндагони Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми феврал ҷузъиёти парванда ва ҳукми Ҳакимоваро шарҳ надоданд.
Ҳабси Рухшона Ҳакимова вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ба таъхир гузоштани ҷазои зане, ки кӯдаки хурдсол дорад, аз мақомот талаб карданд, ки Ҳакимоваро аз фарзандонаш ҷудо накунанд. Рухшона Ҳакимова ду кӯдак дорад, ки яке нуҳмоҳа ва дигаре дуюнимсола аст. Аммо Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва додраси парвандаи “табаддулот”, рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "ҳукми Рухшона Ҳакимова ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад ва мавқуф гузоштани иҷрои онро қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст." Вай аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.
Рухшона Ҳакимова 31-сола аст ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.
Дар бештар аз ду соли охир нуҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар дониста, хостори бозбинии парвандаҳо ва озодии рӯзноманигорон шудаанд.