Ба гуфтаи ӯ, сабти изи ангушт ва гирифтани акс дар марз, метавонад вуруди шахсони хатарнокро барои Русия кам кунад.
Бино ба омори Горовой, соли гузашта ва аввали соли 2024, тақрибан 5 ҳазор хориҷӣ талош карданд бо маълумоти тағйирёфта вориди Русия шаванд. Манзури ин мақомдор онҳое ҳастанд, ки баъди ихроҷ бо ному насаби дигар шиноснома гирифта, талош мекунанд ба Русия раванд.
Қаблан мақомоти рус гуфта буданд, ки чунин навоварӣ аз вуруди онҳое, ки ному насабашонро иваз карда ба Русия меоянд, пешгирӣ хоҳад кард.
Феълан шаҳрвандони хориҷие, ки вориди Русия мешаванд, дар давоми як моҳ аз рӯзи вуруд ё ҳангоми дархости патент изи ангушт месупоранд.