Як ниҳоди нозири ҳуқуқи башари Эрон мегӯяд, ки рӯзи 21-уми июл як афғон ва се зиндонии дигар ба иттиҳомҳои вобаста ба маводи мухиддар дар зиндони "Қизил Ҳисор" эъдом шуданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, чаҳор тани дигар, ба шумули як зан, дар зиндони "Одилобод"-и Шероз эъдом шуданд.
Ҳудуди ҳафт ҳазор афғон ба иттиҳомоти гуногун дар Эрон зиндонӣ ҳастанд.
Бар асоси гузоришҳо, 14 афғон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ дар Эрон эъдом шудаанд.
Эрон ҳамеша барои онки маҳкумшудаҳоро бо вакилони дифоъ таъмин намекунад, аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор дорад.