Тафси ҳаво дар Тоҷикистон дар ду рӯзи оянда ба марзи 50 дараҷа расида, зиндагиро бахусус барои мардуми рӯзадор ва онҳое, ки дар ҳавои боз кор мекунанд, ба маротиб сахттар хоҳад кард.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ба баланд рафтани ҳарорати ҳаво дар кишвар вуруди гармо аз Афғонистон ва Арабистони Саудӣ боис мегардад.
Парвина Саидҷамолова, як масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 21 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 22 ва 23 июл ҳарорати ҳаво дар водиҳо то 37 ва 42 дараҷа ва дар ҷануби кишвар то 42 - 47дараҷа боло меравад. Ӯ афзуд, «Гармшавии ҳаво дар манотиқи куҳӣ ба об шудани захираи барфу пиряхҳо сабаб мешавад, ки дар натиҷа метавонад мизони оби кӯлу рӯдхонаҳо боло равад. Эҳтимоли обхезӣ ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ вуҷуд хоҳад дошт.»
Феълан дар Душанбе ҳарорат дар соя то ба 37 дараҷа мерасад ва ба далели гармии тоқатфарсо сокинони кишвар низ кӯшиш мекунанд, бидуни зарурат аз манзилҳои худ берун наоянд. Бештариҳо барои фирор аз гармӣ, ба оббозӣ ва шиноварӣ мераванд ва айни замон кулу ҳавзҳои шиноварии атрофи шаҳр ҷои пуродам аст.
Мақомоти кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, маъмулан ба ҳангоми боло рафтани ҳарорати ҳаво ба ситодҳои ин ниҳод барқияҳои огаҳкунанда фиристода мешавад, то дар ҳолати омодабош қарор бигиранд.
Ориф Нозимов, суханангӯи кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, ҳанӯз ду рӯзи пеш ин кумита ба ниҳодҳои худ дар ноҳияҳо амр додаанд, ки назорат дар назди кулу рудхонаҳоро зиёд кунанд, то аз тасодуфу ғарқ шудани одамон ҷилавгирӣ шавад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, «агар дар фасли хунукӣ мо бештар техникаҳоро дар ҳолати омодабош қарор бидиҳем, дар вақти гарм шудани ҳаво баръакас ба ҷалби ҳайати шахсии ғаввосон таваҷҷӯҳ карда мешавад. Яъне фаъолияти он нафароне, ки самти корашон пурра ба шиноварӣ б ва наҷоти одамон бастагӣ дорад пурзӯр мегардад.»
Ориф Нозимов ҳамчунин афзуд, танҳо дар нимсолаи соли ҷорӣ шумораи ғарқшудагон ба 31 нафар расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳодиса бештар будааст.
Зимнан, масъулони вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба сокинони кишвар тавсия медиҳанд, ки аз оббозӣ дар кӯлҳо ва гаштугузорро дар кӯчаҳо аз соати 11-и нисфирӯзӣ то 16-00- баъд аз зӯҳр худдорӣ намоянд.
Онҳо мегӯянд, беҳтар аст дар ин ҳангом мардум ба қадри кофӣ об нӯшанд, то оби баданашон хушк нашавад. Касоне ки бемориҳои дил ва роҳҳои нафас доранд, дар ҷои соя бошанд, зеро мумкин аст, бемориашон хуруҷ кунад. Ва аз ҳама муҳимтар кудаконро эҳтиёт кунанд зеро дар ин рӯзҳои гарм ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ зиёд мешаванд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, гармашвии ҳаво, хатари афзоиши бактерияҳоро дар об зиёд мекунад ва ин метавонад ба хуруҷи бемориҳои шадиди рӯда сабаб шавад. Ҷаноби Ҷаъфаров афзуд, «мо бо назардошти он, ки гармшудани ҳаво пешгӯӣ мешуд, ҳафтае пеш дастур додем, ки фурӯши маҳсулоти зудвайроншаванда, ба мисли шириву қаннодӣ ва обҳои ранга на дар ҳавои кушод, балки танҳо дар дохили мағозаҳое, ки бо яхдон таъминанд, ба роҳ монда шавад. Зеро хатари пайдоиши микробҳои касалиовар зиёд мегардад.»
Наврӯз Ҷаъфаров, ҳамчунин гуфт, дар замони Шӯравӣ ба ҳангоми гармии зиёди ҳаво барои сокинон, бахусус кормандони соҳаҳои мухталиф имтиёзҳо дода мешуд. Барои мисол ҳукумат ё соати кориро кам менамуд ва ё гармо пулӣ таъин мекард.
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Файзиев, муовини раиси Шӯрои Иттифоқҳои Касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло низ қонунгузории кишвар ин гуна имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон омадааст, ки дар ноҳияҳо ва маҳаллаҳое, ки шароити номусоиди иқлимӣ ва маишӣ доранд ба музди меҳнат коэффисиентҳои иловапулӣ бояд муқаррар шавад. Оқои Файзиев мегӯяд, “ба ҷуз ин шартномаи коллективӣ мавҷуд аст, ки дар ин санад вобаста ба бехатарии меҳнат ва сардшавӣ ё гармшавии ҳаво корро танзим кунанд. Ва дар ҳолати зарурӣ бояд кормандон бо таҷҳизоти шамолдиҳанда таъмин карда шаванд.»
Бо ин ҳол, Рустам Юсупов нафаре, ки дар сохтмон кор мекунад, мегӯяд, ҳарчанд корфармо дар ин рӯзҳои гармӣ иҷозат додааст, ки онҳо нисфирӯзӣ то каме фурӯ нишастани гармо 2-3 соат дам бигиранд, аммо бинокорон аз ин имтиёз истифода намебаранд. Вай мегӯяд, «аксари сохтмончиён аз роҳи дур омадаанд ва иҷоранишинанд ва ҳарчанд саломатияшон дар ин рӯзҳои гармии тоқатфарсо бад мешавад, вале азбаски вазъи иқтисодияшон хуб нест, ночор таҳаммул мекунанд.»
Ба сурати умум, бисёриҳо дар Тоҷикистон гармои фавқулода ва ҳама гуна пешомадро “кори Офаридгор” меноманд, аммо ба машваратҳое низ тан медиҳанд, ки “эҳтиёт ними ҳаёт аст”.