Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармои шадид долу дарахтро ҳам "беҳол" кардааст


Асароти гармии шадиди камсобиқа дар Тоҷикистон аз ҳоло эҳсос мешавад.

Махсусан ин гармо рӯи табиат ва долу дарахтон асари манфии худро гузошта ва дарахту буттаҳои ба гармии зиёд ҳассос, хушк шудаанд. Аз ҷумлаи ин паёмади нохуши табиатро дар Боғи Парчами Миллии Душанбе метавон мушоҳида кард.

Дар ин боғ буттаҳо ва арчаҳои декоративӣ, ки аксарият хориҷ аз кишвар оварда шудаанд, ба гармии наздики 50 дараҷаи болои селсия тоқат наоварда дар ҳоли хушк шудан ҳастанд. Гуфта мешавад, ки аксари ин буттаву дарахтони хушкшуда бо қиммати аз 2 то 18 ҳазор сомонӣ аз хориҷи кишвар оварда шуда буданд.

Ҳатто алафу гулҳо ва дарахтони маҳаллии заъифтар натавонистанд ин гармбоди африқоиро таҳаммул кунанд. Масъулони нигаҳбонии Боғи Парчами Миллӣ рӯи буттаҳои заъиф дар баробари гармо бо матоҳои сафед «каппа»-ҳои муҳофизатӣ сохтаанд. Ҳамчунин дар долони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки як навъи арчаҳои ороишӣ шинонда шудааст, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз паёмади гармои сахт, аз паҳлӯи офтобраси ба ин навниҳолҳо тури сабзӣ муҳофиз кашидаанд.

Аммо дар Боғи Парчами Миллӣ бархе арчаҳои ҳамсони бузург, ки гуфта мешавад, ду се сол қабл шинондаанд, ин гармои шадидро натвонистааст, таҳаммул кунанд. Саҳнаи дарахтону буттаҳои хушкшуда бар асраи гармои шадиди як ҳафтаи ахир дар навори видеоии «Озодӣ» тақдими шумо мешавад:

Арчаҳои сахтҷон ба гармоҳои шадид тоб наоварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00
XS
SM
MD
LG