Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоксорӣ Обамаро дубора ба Кохи Сафед бурд


Барак Обама бо аҳли оилааш дар шаби интихоботи Амрико
Барак Обама бо аҳли оилааш дар шаби интихоботи Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ҳафтаи ахир дар тамоми ҷаҳон масъалаву мавзӯъҳои дигарро аз садри хабарҳои муҳим канор зад.

Ин бор маъракаи интихоботии Амрико дар фазое баргузор шуд, ки аз ҳар ду номзад тақрибан шумораи баробари интихобкунандагон ҷонибдорӣ мекарданд ва то поёни раъйдиҳӣ ҳеҷ таҳлилгар ё сиёсатмадоре пешгӯӣ намекард, ки барандаи ин интихобот саранҷом кӣ хоҳад буд, Барак Обама, номзади демократҳо ё Митт Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳон.

Рӯзҳои ахири ин маърака ва худи раъйдиҳӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки тӯфони Сэндӣ дар манотиқи соҳилӣ таъсири ногувору харобиовар гузошта буд. Дар ин манотиқ роҳҳову ҳавзаҳои интихоботӣ ва василаҳои иртиботӣ хароб шуда буданд.
Вале бо вуҷуди чунин таъсири ногувор Амрико бо он низоми пешрафтаи иртиботии худ дар нахустин соатҳои хатми райдиҳӣ дар саросари кишвар натиҷаҳоро эълон кард. Барак Обама баранда шуд.

Бисёре аз коршиносон сабабҳои пирӯзии Обамаро ба хислатҳои инсонии вай ва самимияту ростқавлиаш иртибот медиҳанд.

Саймуддин Дустов
Саймуддин Дустов
Саймиддин Дӯстов, раиси Маркази таҳлилии мавсум ба “Индем” Обамаро намунае аз сиёсатмадорони насли нави қарни иттилоотӣ медонад, ки акнун дар ҷомеаҳое мисли Амрико пайдо шудаанд ва якқавлу якмаром мебошанд: “Барак Обама нишон дод, ки барои вай арзишҳояш бунёдӣ ҳастанд ва вай ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дар сиёсат дурӯягӣ кунад ва ё барои ба даст овардани холҳои сиёсӣ ин ё он арзишашро қурбон созад. Маҳз ҳамин хислатҳо буд, ки дар симои вай ва дар барномаи вай вафодор будан ва садоқат ба арзишҳояш дида мешуд ва дар миёни ин арзишҳо, албатта, амрикоиҳо ва ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ арзишҳоеро диданд, ки хеле аз ҷомеаҳо ва миллатҳои дунё мехостанд дар пешвоёни худ онро бинанд. Ин як нафари содиқ ба миллат содиқ ба арзишҳҳои миллӣ ва давлатӣ, як нафаре, ки дар ҳама масъалаҳо тавозунро нигоҳ медорад, нафаре, ки ҳатто дар баробари рақибон ва душманонаш низ наметавонад аз одоби одамӣ берун бошад”.

Дар тӯли чаҳор соли раёсаташ Обама борҳо бо зану фарзандонаш дар ҳолати оддӣ ба чашми мардум зоҳир шудааст ва нишон додааст, ки падари ғамхору марди хуби хонавода низ ҳаст. Вай шаби 6-уми ноябр дар соатҳои аввали эълони пирӯзиаш бо ҳамин соддагиву самимият ҳамроҳ бо хонумаш Мишел ва духтаронаш Малия Энн ва Наташа дар Чикаго рӯи минбар омад, ба ҷонибдоронаш изҳори сипос кард, вале дар ҳузури даҳҳо ҳазор нафар хонумаш Мишелро аз ёд набурд ва дар ҳоле, ки духтаронашро зери бағал гирифта буд, чунин гуфт:

“Агар ин хонуме, ки 20 сол пеш розӣ шуд бо ман издивоҷ кунад, намебуд, ман одаме, ки имрӯз ҳастам, намебудам. Иҷоза диҳед ман инро ошкор бигӯям... Мишел, ман туро ҳеҷ гоҳ ин қадр дӯст надошта будам. Ман ҳеҷ гоҳ ин қадр ифтихор надоштам, ки мардуми Амрико низ туро ба унвони бонуи аввали Амрико дӯст медоранд.”

Саймиддин Дӯстов ҳолатҳои равонии Обамаро ин гуна дарёфтааст: “Дар симои Барак Обама ё он гуна, ки дар Душанбе шухӣ мекунанд, Барак Ҳусейнович Обама ва дар симои ҳамсари вай ва кӯдаконаш як навъ оромтабиатӣ ва осудаҳолӣ эҳсос мешавад."

Барак Обама 44-умин раисиҷумҳури Амрикост ва ҳоло ягона раиси ҷумҳурест, ки решаи африқоӣ дорад. Вай дар Ҳонолулуи аёлати Ҳавайи ба дунё омадааст. Падараш Ҳусейн Обама аз деҳаи Когелои Кения барои таҳсил дар донишгоҳи аёлати Ҳавайи ба Амрико омад. Дар солҳои донишҷӯӣ Ҳусейн дар донишгоҳ Анҷумани донишҷӯёни хориҷиро ташкил кард ва бо духтари амрикоӣ бо номи Стенлӣ Энн Данҳем ошно шуд. Ҳусейн дар донишгоҳ дар бахши иқтисод таҳсил мекард ва Энн дар бахши антропология. Волидайни Энн ба арӯсии онҳо розӣ набуданд, бо вуҷуди ин Ҳусейн ва Энн 2-юми феврали соли 1961 арӯсӣ карданд. Моҳи августи ҳамон сол Барак ба дунё омад. Вале зиндагии падару модари Барак дер давом накард. Соли 1964 онҳо талоқ гирифтанд. Падараш ба Кения баргашт.

Баъдтар модараш Энн бо Лоло Суторои индонезӣ, ки дар Амрико таҳсил мекард оила бунёд кард. Бараки хурдакак бо модараш ва Лоло муддате дар Ҷакартаи Индонезия низ зиндагӣ карданд. Вале баъдтар онҳо ба Амрико баргаштанд.
Барак Обама донишгоҳи Колумбия ва донишгоҳи ҳуқуқи Ҳарвардро хатм кард. Баъд аз хатми донишгоҳ сардабири нашрияи “Harvard Law Review” буд. Сипас дар донишгоҳи Чикаго ба донишҷӯён ҳуҳуқро дарс медод. Дониши амиқи ҳуқуқ ва маҳорати хуб ба вай имкон дод, ки дар соли 2003 ба Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико роҳ ёбад. Баъд аз 5 сол дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат ҷуст ва баранда шуд.

​Баъд аз пирӯзии Обама дар даври дуввум, хабарнигорон дар деҳаи Когелои Кения, деҳае, ки падари Обама ба дунё омада буд, аз модарбузургаш Сара Обама пурсиданд, ки оё вай аз гузоришҳое, ки мумкин аст Митт Ромнӣ дар интихобот баранда шавад, нигарон ва дар ташвиш набуд: “Дили ман беқарор набуд, ман боварии комил доштам ва мутмаин будам, ки Барак баранда мешавад. Ман вайро ба хона даъват мекунам ва мехоҳам танҳо инро бигӯям, ки беҳтарин хидматро ба мардум кунад, мардуме, ки бо интихобашон ба вай боварӣ нишон доданд .”

Бо интихоби Обама ҷомеаи Амрико нишон дод, ки аз рӯҳияи нажодпарастӣ дур шудааст. Ба ақидаи аксарият, ҷомеаи Амрико имрӯз ба интихоби шахсе бартарӣ медиҳад, ки таҳаммулпазир ва дорои фарҳанги болои гуфтугӯ бошад.

Суҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон
Суҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон
Сӯҳроб Шарифов, намояндаи парлумони Тоҷикистон мегӯяд, вай аз ҳамон оғоз ба қудрат расидани Митт Ромнӣ ва ба истилоҳ “команда”-и вайро ғайриимкон медонист зеро Ромнӣ сиёсатмадори дирӯз аст, на сиёсатмадори ояндаи Амрико: “Ромнӣ бисёр радикалист аст. Вай инъикоси сиёсати дирӯзи Амрикост, сиёсате, ки дигар ба Амрико барнамегардад.”

Ба ақидаи ҷаноби Шарипов, баъзе сиёсатмадорони Амрико мехоҳанд имконот ва қуввату кудрате, ки Амрико дорад, истифода кунанд ва аз мавқеи зӯргӯӣ ҳарфи ниҳоиро бизананд. Вале Обама чунин нест. Дар ин замина оқои Шарипов муносиботи Амрикову Эронро намуна меорад ва мегӯяд, фишорҳо зиёд буд, то Амрико бар зидди Эрон ҷангро оғоз кунад. Вале Обама роҳи ҳалли дипломатӣ ва гуфтугӯро пеша кардааст. Шарипов меафзояд, дар дохили Амрикои имрӯз низ табдил шудан ба сиёсатмадори рақами як кори осон нест ва интихобот онро собит сохт:

“Тавоноии шунидани рақиб ва дар ҳурмати рақиб низ маҳорати баланд дорад. Дар фазои сиёсии Амрико дар миёни рақибони пурзӯр мубориза бурдан хеле мушкил аст. Лекин Обама нишон дод, ки яке аз бузургтарин сиёсатмадорони ин кишвар мебошад. Фарҳанги баланди гуфтугӯ ё диалогро ба роҳ монд, ки он намунаи хуби сиёсатмадор мебошад”.

Сиёсатшиносони дигари Тоҷикистон низ роҷеъ ба Барак Обама ақидаи мусбат доранд.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Барак Обамаро табиатан сулҳҷӯ медонад ва мегӯяд, муҳити хонаводаиаш ба ин кӯмак кардааст: “Дар давоми раёсаташ чаҳор сол ҳеҷ ҷанги ҷадидеро шурӯъ накард. Баръакс талош кард, ки ҷангҳои қаблан шурӯъшудаи Амрико бо дигар кишварҳоро хотима бахшад. Ин худ яке аз фазилатҳои оқои Обама аст ва ҳамчун инсон метавон вайро як инсони сулҳҷӯ ва омода барои муколама хонд. Дигар ҳамчун падар, ки соҳиби ду духтар ҳам ҳаст, фикр мекунам шояд муҳити хонаводагиаш ҳам таъсир расонд, то эшон нисбатан сулҳҷӯ бошанд, чун ба ҳар сурат падари духтарҳо ҳастанд ва ҳадиси паёмбари ҳарам дорем, ки ҳар кӣ духтареро ба воя расонд ва ба хонааш гусел кард, ҷояш ҷаннат аст. Агар оқои Обама ба ин арзишҳо муътақид бошанд, ҳатман шомили раҳмат хоҳанд шуд.”

Барак Обама дар ҷомеаи Амрико шеваи нави раҳбариро муаррифӣ кардааст, шеваеро, ки акнун бо тағйири имконоти фаннии иртибот бештар корсоз аст. Муҳити нав аз шеваҳои кӯҳнаи давлатдорӣ дур мешавад.

Саймиддин Дӯстов дар тавсифи ин муҳит чунин мегӯяд: “Фармоиш ё шароити иҷтимое, ки Барак Обамаро дар Амрико ба саҳна овардааст, дар ҳамаи давлату миллатҳои дунё низ пайдо шудан дорад ва бо ин, ки технологияи иттилоотӣ ё коммуникатсионӣ як инқилоберо дар паҳншавии ахбори мустақилу алтернатив ба вуҷуд овардааст, фикр мекунам, ки дар дигар ҷомеаҳо низ чунин интизориҳо ҳаст ва шояд Обама умеди тамоми камбағалони дунё низ бошад, зеро вай бо намунаи зиндагии худ нишон дод, ки як нафар метавонад бо меҳнати ҳалол ва бо содиқ будан ба арзишҳои худ, ба давлати худ раҳбари яке аз муқтадиртарин ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва муқтадиртарин иқтисоди дунё низ бошад ва мардум вайро бо ин гуна шеваи демокративу мардумӣ бори дигар интихоб кунанд.”

Худи Обама низ баъд аз пирӯзӣ зимни суханони худ таъкид кард, ки мехоҳад ба насли оянда амрикоеро гузорад, ки тавонову қавӣ бошад: “Ман мехоҳам фарзандони мо дар Амрикое зиндагӣ кунанд, ки бори қарз бар дӯш надошта бошад, нобаробарӣ онро заиф накунад, нерӯи харобкори сайёраи гармшаванда ба он таҳдиде надошта бошад. Мо мехоҳем кишвареро ба насли ояндаи худ вогузорем, ки амн ва соҳиби эҳтирому иззати тамоми ҷаҳониён бошад. Аз мардумаш қавитарин нируи низомӣ дар ҷаҳон дифоъ кунад, яъне беҳтарин нируе, ки мислашро дар ҷаҳон ҳеҷ гоҳ надидаанд.”

Обама дар сиёсати худ аз табақаи миёна ва камбизоати мардум ҳимоят кард ва чунин равиш маҳбубияти вайро дар миёни ин қишри ҷомеа боло бурд. Низоми нави беҳдошти Амрико намунаи он аст, ки акнун қишри миёна ва нодори ҷомеаи Амрико низ тибқи он аз имтиёзҳои бимаи тиббӣ бархӯрдор хоҳанд буд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG