Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Free Media Award"-ро ба як сардабири зиндонӣ дар Русия доданд


Михаил Афанасйев дар толори додгоҳ
Михаил Афанасйев дар толори додгоҳ

Ҷоизаи имсолаи “Free Media Award”-ро барои ҷасораташ ба Михаил Афанасйев, рӯзноманигори зиндонӣ дар Русия, доданд.

Афансйев сардабири нашрияи интернетии “Новий Фокус” буд. Ин нашрия ҳодисаҳоро дар минтақаи Хакасияи Русия бозтоб медиҳад.

Ҷоизаро рӯзи 17-уми сентябр дар як маросим дар Осло супориданд. Онро аз номи Афансйев мудири Маркази Ҳуқуқи Расонаҳо Галина Арапова гирифт.

Михаил Афанасйев бо гуноҳи бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия панҷуним сол зиндонӣ шудааст.

Ӯро баъди гузоришаш дар бораи сарпечии афсарони пулис аз ширкат дар ҳамлаи Русия ба Украина дастгиру маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG