Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳра ва шартҳои қарзи манзил дар Тоҷикистон. Зӯри кӣ ба он мерасад?


Бунёди яке аз биноҳои баландошёна дар Душанбе
Бунёди яке аз биноҳои баландошёна дар Душанбе

Бо вуҷуди зиёд шудани сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи сокинон, нархи манзил ҳанӯз боло ва дастнорас аст. Баъзе аз бонкҳо барои харидани хона ба мардум қарзи дарозмуддат пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои аксарият фақат орзу мемонад.

"Шартҳое гузоштанд, ки..."

Рӯзноманигор Маҳинбону Давлатова, сокини шаҳри Душанбе, соли 2015 мехост бо гирифтани қарз (ипотека) хона бихарад. Мегӯяд, ба “Бонки Эсхата” муроҷиат кард, вале дар назди ӯ шартҳое гузоштанд, ки “иҷрояшон ғайриимкон буд”.

“Талаботи аввал ин буд, ки 30 дарсад аз пули хонаро нақд диҳам. Сипас дар бораи музд ва даромади иловагӣ маълумотнома хостанд. Шарти дигар ин буд, ки яке аз пайвандон ба тиҷорат машғул бошад. Талаботе, ки ман натавонистам иҷро кунам,” – нақл кард ӯ.

Дар яке аз намояндагиҳои “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки барои гирифтани ипотека шахс бояд 30 дарсади пули хонаро бояд бидиҳад. Баҳраи қарзи ипотекӣ дар ин бонк 22 дарсад (солона) ва муҳлати қарз 10 сол будааст.

Бар иловаи маълумотнома дар бораи маош, аз қарзгиранда талаб мешавад, ки як манзилро дар гарав бимонад. Санади манзил метавонад аз они яке аз наздикон бошад.

Ин дар ҳолест, ки раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, баҳра ё дарсади қарзи ипотекӣ дар кишвар поин мешавад. Фирдавс Толибзода рӯзи 7-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан қарзҳои ипотекӣ ба ҳисоби миёна бо 20 дарсад баҳраи солона дода мешаванд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гирифтани қарз барои харидани хона дар Тоҷикистон осон аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

"Муҳоҷирон даромади собит надоранд"

Коршиносон бар инанд, ки сабаби гарон будани баҳраи қарзҳои ипотекӣ ва шарту талаботи сахт ба манбаъҳои дастрас намудани қарз аз сӯи худи бонкҳо бастагӣ дорад. Абдулло Ашӯров, хабарнигор ва коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, бонкҳо ба қарзҳои дарозмуддати аз 15 то 30 сол бояд дастрасӣ дошта бошанд, то тавонанд ба мардум ипотекаро бо баҳраи поинтар пешниҳод кунанд.

“Дар кишварҳои хориҷӣ ширкатҳои азими бима ва ширкатҳои хусусии нафақа ин гуна маблағҳоро доранд ва метавонанд ба муҳлати дарозмуддат ба бонкҳо бидиҳанд. Дар навбати худ бонкҳо ин қарзро ҳамчун ипотека ба мардум пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон ин чиз нест. Ғайр аз ин, онҳое, ки мехоҳанд ипотека гиранд, бояд кори доимӣ ва маоши собит дошта бошанд. Тавре медонем, даромади аксар хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз муҳоҷират вобаста аст, муҳоҷирон даромади собит надоранд,” – шарҳ дод коршинос.

Ба қавли Ашӯров, дар шароити Тоҷикистон бо ин риски калон бонкҳо наметавонанд ба муддати 15, 20, 30 сол қарз бидиҳанд ва он ҳам бо баҳраҳои дастрас.

Сокинон ҳамеша шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди хонаро надорад. Ипотека як имкони дарёфти қарз ва хариди манзил аст, вале солҳо боз ба далели гаронии дарсади он ниёзмандон наметавонанд ба чунин навъи қарз дастрасӣ дошта бошанд.

Поин овардани дарсади қарзҳои ипотекӣ дар гузашта борҳо аз забони коршиносону сокинон ва баъзе аз намояндагони порлумони Тоҷикистон садо додааст. Вале нигарониҳо аз дастнорас будани он ҳамоно боқӣ мондааст ва раиси Бонки Миллӣ низ дақиқ посух надод, ки қарзи хариди хона ё ипотека кай барои мардум осону дастрас хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG