Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии таҳти роҳбарии Русия қонуне ба иҷро даромад, ки содироти мол аз кишварҳои ғайри узвро душвор ва ё ғайриимкон мекунад. Ин қонун "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ном дорад ва мувофиқи он, ҳар маводи ғизоие, ки аз кишварҳои ғайри узви ин иттиҳод ворид мешавад, сифаташ бояд аз сӯи лабараторияе, ки ин иттиҳод эътироф мекунад, тасдиқ шавад.
Тоҷикистон ба кишварҳои узви ин иттиҳод ва хусусан Русия бештар меваи хушк содир мекунад ва аз иҷрои қонун "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" маҳз содиркунандаи меваи хушк зиён мебинад.
Разиюлло Солиев -- мудири як ширкати содиркунандаи меваи хушк аз шаҳри Исфара дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон озмоишгоҳ ё лабараторияе надорад, ки натиҷаи пажуҳиши он дар қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ ва ё Русия эътироф шавад. "Мо дар мавриди моли содирмекардаамон чор санад мегирем. Аз Тоҷикистандарт, Идораи санитарӣ ва Палатаи савдо ва саноат. Лекин дар Русия инҳо эътироф намешаванд ва Росселхознадзор дар марзи ин кишвар борро аз нав санҷида ҳуҷҷат медиҳад,"-афзуд ӯ.
"Моро ба Қирғизистон даъват карданд"
Солиев илова кард, бо ворид шудани Қирғизистон ба Иттиҳодияи иқтисодӣ ҳамакнун ин санадҳо бевосита дар марзи Қирғизистон талаб карда мешавад. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, шароити кору тавлиди меваи хушк торафт дар Тоҷикистон душвор мешавад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди пардохти сари вақти андоз ширкати ӯ пас аз ҳар санҷиш ҷарима мешавад.
"Мақомоти Қирғизистон ба мо пешниҳод карданд, агар корхонаи коркарди меваамонро ба Бодканд кӯчонем, моро аз андоз пурра озод мекунанд. Ғайр аз ин, Қирғизистон ҳоло ба Иттиҳоди гумрукӣ мепайвандад ва содир кардани мол аз он ҷо ба кишварҳои дигар хеле осон хоҳад шуд,"-мегӯяд Разиюлло Солиев.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, агар шароити пешбурди бизнес дар Тоҷикистон тағйир накунад, ӯ эҳтимол ба Қирғизистон мекӯчад, зеро ба иддаои ӯ алакай ҳудуди 14 тоҷири меваи хушк аз Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя рафтаанд. Айни чунин шикоятҳоро се тоҷири дигари меваи хушк низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор доштанд.
"Тоҷикстандарт": Намедонем
Дар ҳамин ҳол, аз “Тоҷикстандарт”, ки масъули санҷиши сифати маҳсулот дар кившар ҳаст ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар мавриди ин навгониҳои кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ маълумот надоранд ва агар дигаргуние бошад, Вазорати умури хориҷӣ онҳоро огоҳ хоҳад кард. Аммо Фаррух Солиев -- роҳбари раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин робита гуфт, "ҳоло Қирғизистон ба ин иттиҳод пайваст нашудаст. Вақте пайваст шуд, мебинем, ин кишвар кадом уҳдадориҳоро ба худ мегирад ва ё намегирад. Баъдан мешавад дар ин робита ҳарф зад."
Ҷаноби Солиева афзуд, ҳоло як ҳайати корӣ дар вазорат бартарию камбудҳои Иттиҳоди гумрукиро баррасӣ мекунад ва аз натиҷаҳои он ҳукумати кившарро дар ҷараён хоҳад гузошт. Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон ва намояндагони анҷуманҳои тоҷирон мегӯянд, вақт барои ислоҳи вазъ ниҳоят кам аст ва ниҳодҳои давлатӣ дар фурсати наздик бояд ин мушкилро ҳал кунанд.
Назари коршинос
Матлуба Улҷабоева -- роҳбари Анҷумани соҳибкории хурд ва миёна дар ин робита мегӯяд: "Чизе, ки дари моро мекӯбад, ин қонунҳои нави вуруди маҳсулот ба қаламарави Иттиҳоди гумрукист. Аммо Тоҷикистон ба ин омода нест. Он соҳибкороне, ки ақаллан ба Русияву Белорус мол содир мекарданд, зери риск ҳастанд, чунки ин қонунҳои нав барои онҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Пеш аз ҳама “Тоҷикстандарт” омода нест, чунки ин ниҳод ягон лабараториеяе надорад, ки дар рӯйхати Иттиҳоди гумрукӣ сабт шуда бошад."
Тоҷикистон, хусусан аз минтақаи шимол ба хориҷи кишвар бештар меваи хушк содир мекунад. Соли 2014 Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна меваи хушк содир кардааст ва аз ин ҳисоб кишвар беш аз 21 миллион доллар фоида гирифтааст. Дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудият барои содироти меваи хушк ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ ва воридшавии Қирғизистон ба ин иттиҳод ин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки Тоҷикистон аз ин даромадҳояш маҳрум шавад.
Иттиҳоди гумрукӣ, ки ҳоло ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё табдил ёфт, ҳоло чор узв дорад. Ба ин Иттиҳод то ҳол Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон шомил шудаанд. Аз якуми май Қирғизистон ҳам бояд ба ин созмон шомил шавад. Тоҷикистон, ки узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст, бо омӯзиши дақиқи санадҳои узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё мехоҳад, мушаххас кунад, ки суду зиёни ин тасмим чигуна хоҳад буд.