Наздикони Зарифа аз ҷумлаи 100 нафаре ҳастанд, ки рӯзи 14-уми октябр ба гуфтаи мақомоти тандурустии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза кушта шуданд. Созмони Милал гуфт, дар ин рӯз дар ҳамлаи Исроил 10 зану кӯдаке кушта шуд, ки дар навбати нон буданд.
Мисли ин зан бисёриҳо дар Ғазза дар сӯг нишастаанд. Касе намедонад, ки зери бомбаборон чӣ қадар зинда мемонад.
Зарифа Абу Таъмия, сокини Ғазза, гуфт, "онҳо ба мо ягон огоҳӣ надоданд. Ҳамаи мо хоб будем. Вақте бедор шудам, ки одамони зиёд болои сарам буданд ва мепурсиданд, ки “зиндаӣ”? Ман хестаму Монаро суроғ кардам, ки бо ман дар як хона хоб буд. Ҷустам, вале наёфтам. Ҳамсари бародарам ҳам занг зад, ки кӯдаконро дар ҳеч ҷой наёфтааст."
Исроил ҷангҷӯёни “Ҳамос”-ро муттаҳам мекунад, ки мардумро чун сипари зинда истифода мекунад. Яъне, дар хонаҳои сокинону мактабу шифохонаҳо пинҳон мешаванду меҷанганд.
Як сол боз маросими ҷанозаи дастҷамъӣ инҷо маъмулӣ шудааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳеч ҷойи Ғазза амн нест. Дар хобу бедорӣ, дар интизори обу нон, дар мактабу беморхона ва ҳатто дар паноҳгоҳи оворагон марг ба суроғашон меояд.
Исроил мегӯяд, “Ҳамос”-ро нобуд карданист, ки соле пеш 1200 нафар исроилиро кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт. Аз замони ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза (аз моҳи октябри соли 2023 то ин дам) беш аз 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
Нерӯҳои Исроил пас аз чанд рӯз “танаффус” ҳамлаҳоро ба зидди “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки ҳам созмони ҷангҷӯ асту ҳам ҳзизби сиёсӣ, аз сар гирифт. Сокинони Бейрут метарсанд, ки сарнавишти Ғазза дар инҷо такрор мешавад.
Самир Шараф, сокини Бейрут, гуфт: “Мо ҳама дар як вазъият ҳастем. Вазъ дар кишвар одӣ нест ва касе намедонад, ки фардо чӣ хоҳад шуд. Ҳар касеро пурсӣ, мегӯяд, намедонам чӣ мешавад. Ҳамаро ваҳшату тарс фаро гирифтааст ва ояндаи номаълум.”
Исроил мегӯяд, бо “Ҳизбуллоҳ”-и таҳти ҳимоти Эрон меҷангад. Ин гурӯҳ, ки ҷануби Лубнонро назорат мекунад, бо пуштибонӣ аз фаластиниён Исроилро мушакборон мекунад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза ва Лубнон бештар одамони бегуноҳ кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, тамоми талошро мекунад, то ғайринизомиён осеб набинанд. Шумори кушташудаҳо дар Лубнон дар як моҳи охир аз ду ҳазор гузашт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: