Дар ду моҳи ахир дастикам ду овозхони маъруфи Тоҷикистон - Шабнами Тоҷиддин ва Сироҷиддин Фозилов дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев, ки дар YouTube нашр мешавад, шикоят карданд, ки баргузор кардани консерт дар “Кохи Борбад” иҷоза нест.
Меҳринигори Рустам, овозхони дигар мегӯяд, бо вуҷуди ин ки 25 сол аст рӯйи саҳна аст, аммо ба далели набудани толори мувофиқ наметонавонад консерти нахустинашро баргузор кунад.
“Ростӣ, ман соли гузашта бисёр бошиддат тайёрӣ медидам барои консерт, ба “Кохи Борбад” муроҷиат накардам, чун медонистам, ки иҷозат намедиҳанд. Ба “Кохи Ваҳдат” муроҷиат карда будам, гуфтанд, ки иҷозат нест, зеро ин ҷо чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мешавад”.
Аммо Абдумансур Сатторов, мудири “Кохи Борбад” ин иддаоҳои овозхонҳоро рад кард. Ӯ дар як суҳбати бидуни микрофон гуфт, «то ҳол ҳеч ҳунарманде барои баргузор кардани консертҳояш ба мо муроҷиат накардааст». Ин масъул гуфт, консертҳоро танҳо бо иҷозаи Дастгоҳи иҷрои президенти Тоҷикистон ба василаи Вазорати фарҳанг баргузор мекунем ва овозхонҳо бояд худ иҷоза дарёфт кунанд.
Сироҷиддин Фозилов дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бора он чи мехост дар суҳбат бо Орзу Исоев гуфт. Дар он суҳбат ин овозхон мегӯяд, ки «бисёр мехоҳад барояш иҷоза диҳанд, ки дар «Кохи Борбад» консерт баргузор кунад».
Аммо Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг бар ин аст, овозхонҳо бояд расман муроҷиат кунанд.
“Бо назардошти он ки маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” сохтор ё муассисаи Дастгоҳи иҷроияи президент мебошад, то имрӯз ягон ҳунарманди мустақил ё ҳунармандони сохторҳои вазорат ҷиҳати баргузории барномаи консертишон дар «Кохи Борбад» расман муроҷиат накардаанд. Дар сурате, ки муроҷиат шавад, мо ба Дастгоҳи иҷроия муроҷиат мекунем. Ин ҷо ҳеч маҳдудияте вуҷуд надорад”.
«Кохи Борбад» дар поёни умри Иттиҳоди Шӯравӣ чун толори консертӣ бунёд шуд, ки 1900 ҷойи нишаст дорад. Ин бузургтарин толори консертии Тоҷикистон мебошад.
Як манбаи огоҳ аз қазия мегӯяд, консертҳоро дар “Кохи Борбад” соли 2010, баъди як барномаи овозхони шинохта Шабнами Сурайё манъ карданд. Ба гуфтаи ӯ, вақте Шабнам бо мототсикл ба саҳна ҳозир мешавад, ин кор ба мансабдорони воломақом хуш намеояд ва консертҳоро манъ мекунанд. Манбаъ аммо дақиқан нагуфт, ки кадом мансабдор ин дастурро додааст.
Абдумансур Сатторов мегӯяд, иҷораи толори онҳо 250 ҳазор сомонӣ аст ва овозхонҳо имкони пардохти инро надорад, аз ин рӯ муроҷиат намекунанд.
“Бисёр гарон аст. Агар ҳунармандон консерт гузоранд дар “Кохи Борбад” ва билет 100 то 250 сомонӣ бошад, фикр накунам пулеро, ки ҳунармандон иҷора мегиранд, барорад. Чун барои Тоҷикистон хеле ва хеле гарон аст. Дар дигар кишварҳо, дар Русия, Ӯзбекистон шояд тақрибан 3 то 5 ҳазор доллар бошад иҷораи саҳнаҳои бузург”, - мегӯяд бо нигаронӣ Меҳрнигори Рустам.
Аз соли 2010 ба ин сӯ, дар Кохи Борбад, танҳо консерти Фаррух Ҳасанов, як овозхони ҷавони тоҷик, ки дар озмуни телевизионие дар Русия пирӯз шуд, баргузор шудааст. Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ин консерт бо муосидати шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ташкил шуд. Овозхонҳои тоҷик мегӯянд, “Кохи Борбад” ягона толори бузурги мувофиқ барои консертҳои бошукӯҳ дар Душанбе аст.
Дар Душанбе ҳоло бештари консертҳо дар “Кохи Суруш”, ки гуфта мешавад аз наздикони мансабдорони баландпояи ҳукуматист, баргузор мешаванд, ки ҳамагӣ 700 ҷойи нишаст дорад. Толори Филармонияи давлатӣ, ки бештар аз 900 ҷой дорад, аз назари овозхонҳо барои баргузории консертҳои замонавӣ шароити лозимро надорад. «Кохи Ваҳдат» бо 1300 ҷой, ки дар гузашта он ҷо консертҳо баргузор мешуд, солҳои ахир макони чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии расмӣ шудааст ва консертҳо мамнуъ аст.
Гуфтугӯ