Фарҳод Раҳимӣ, рӯзи панҷшанбеи 9 июл зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки тибқи ҳисобҳои олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, моҳи Рамазон имсол 29 рӯз аст.
Ба гуфтаи вай, ҳарчанд солшумории мо милодӣ, яъне офтобӣ аст, аммо олимони тоҷик ҷашнҳои мазҳабиро тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ ва бар асоси гардиши моҳтоб ҳисоб мекунанд. Ба ин далел, дар муддати даҳ сол гардиши моҳтоб тағйир мекунад ва моҳи Рамазон 29 рӯз мешавад.
Ҷаноби Раҳимӣ, рост омадани Иди Фитр ба 17-уми июлро ҳам ба 29 рӯз будани моҳи Рамазони имсола марбут донист ва гуфт, он чӣ Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон баён кардаанд, аз лиҳози илмӣ дуруст аст.
Ҷаноби Абдулқодирзода рӯзи 7 июл дар нишасти матбуотии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, ки моҳи Рамазон имсол 18 июн оғоз шуда ва 16 июл ба поён мерасад, ки дарозии он 29 рӯз мешавад. Ба ин далел ба гуфтаи ҷаноби Абдулқодирзода, мардуми тоҷик Иди Фитрро ба таърихи 17 июл таҷлил хоҳанд кард.
Ин ҳам дар ҳоле, ки қарор буд, имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, таърихи дақиқи иди Фитр ё Рамазонро бо баргузории ҷаласае эълон кунад. Аммо масъулони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба далели ширкати Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар яке аз ҷаласаҳои Кумитаи дин, эълони рӯзи Иди Фитр ё Рамазон ба рӯзи душанбеи 13 июл гузошта шудааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар нишасти хабарии Кумитаи дин эълон карда буд, ки “барои муайян кардани санаи дақиқи Иди Фитр Маркази исломии кишвар комиссияи вижа ташкил кардааст ва ҳамчунин хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистонро низ гирифтааст.”
Зимнан, Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.Тибқи қонунҳои Тоҷикистон Иди Фитр расман таътил эълон шудааст.