Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парда" миёни вакил ва сокинон бардошта мешавад?


Дар Тоҷикистон нармафзоре барои телефонҳои ҳамроҳ таҳия мешавад, ки қарор аст "парда" аз миёни интихобкунандагон ва вакили интихобкардаашонро бардорад. Созмони ғайридавлатии “Рушди деҳот” дар Тоҷикистон ният дорад, як нармафзореро барои телефонҳои ҳамроҳ бо номи “Вакили ман” таҳия кунад, ки тавассути он сокинон тавонанд вакили маҳалли зисти худро пайдо карда, бо ӯ дар иртибот шаванд.

Таҳиягарони ин нармафзор мегӯянд, вакилони маҷлисҳои маҳаллиро, ки дар таҳия ва қабули буҷаи ноҳияҳо ва тасдиқи дигар қарорҳои муҳим дар минтақа нақш доранд, аксар сокинон намешиносанд. Ҳасан Темуров, раиси созмони “Рушди деҳот” рӯзи 8-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин ин тасмим гуфт, "идеяи таъсиси чунин як пойгоҳи мутамарказ ду сол қабл ба миён омада, ҳамакнун корҳои воқеь барои амалӣ шудани он оғоз шуд".

Бисёре аз сокинон мегӯянд, аксари вакилони маҳаллӣ бо ваъдаҳои хушҳолкунандае дар ҷаласаҳои қабл аз интихоботӣ ҳозир мешаванд, аммо пас аз интихоб шуданашон аз маҳзари ом дур гашта, ваъдаҳояшонро фаромӯш мекунанд.

Ба гуфтаи Ҳасан Темуров, “вақте мо тарҳҳои қаблиамонро барои бозомӯзӣ ва такмили дониши вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ иҷро мекардем, мушоҳида намудем, ки аксари сокинон вакилони худро намешиносанд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки чунин як пойгоҳеро фаъол кунем, то сокинон вакилони худро донанд ва имкони муколама бо онҳоро дошта бошанд. Ҳамин тариқ, талош дорем ҷомеаи шаҳрвандиро фаъолтар кунем”.

Темуров афзуд, дар ин нармафзор, ки барои телефонҳои ҳушманди Андроид ва OIS дастрас хоҳад буд, феҳристи вакилони маҷлисҳои ноҳиявӣ гирдоварӣ хоҳанд шуд ва шаҳрвандон тариқи ин нармафзор вакили маҳалkи зисти худро метавонанд пайдо карда, бо ӯ дар иртибот бошанд. “Дар ин нармафзор ному насаб, акс ва аз кадом ҷамоат намояндаги кардани вакил ҷой дода мешавад. Зери акс ва ному насаби вакил рақами телефон ва адреси емайли ӯ ҷой дода хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин платформа сокинон метавонанд бевосита дархост ва ё суолҳои худро навишта кунанд”,-гуфт Ҳасан Темуров.

Ба гуфтаи мубтакирони ин тарҳ, нахуст дар ин махзан маълумот дар мавриди вакилони 9 ноҳияи тобеи марказ ва вилояти Хатлон дастрас хоҳанд шуд ва бо мурури вақт, он такмил шуда, кулли ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, аксари вакилони маҳаллӣ бо ваъдаҳои хушҳолкунандае дар ҷаласаҳои қабл аз интихоботӣ ҳозир мешаванд, аммо пас аз интихоб шуданашон аз маҳзари ом дур гашта, ваъдаҳояшонро фаромӯш мекунанд.

Хол Назаров, як сокини ноҳия Варзоб мегӯяд, вакили маҳалли зисти ӯ қабл аз интихоб шудан ваъдаи тармими роҳи деҳа, таъмири мактаб ва сохтмони як майдончаи варзишиву боғчаи кудаконро дода буд. Вай гуфт: “Трансформатори деҳа низ кӯҳнаву фарсуда шудааст. Сокинон омодаанд, ки барои иваз кардани он як миқдор пул ҳам ҷамъ кунанд, аммо касе нест ин ҳамаро роҳбарӣ кунад. Вакиле ки ин ҳама ваъдаҳоро медод, пас аз интихоб шуданаш кӯшиш мекунад дар маҳзари ом пайдо нашавад, то ки сокинон аз ваъдаҳои қабл аз интихоботиаш напурсанд”.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, воқеан аксарият натанҳо роҳҳои иртибот бо вакилонро намедонанд, балки онҳоро намешиносанд. "Агар ин барнома рӯи кор ояд, шояд бисёриҳо имкони занг задан ба вакил ва арза кардани пешниҳоду дархостҳояшонро пайдо кунанд", афзуд ӯ.

Зимнан, ин нармафзор дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи рушди маҳал таҳия мешавад ва масъулияти гардонандагӣ ва такмил кардани махзани маълумотҳои ин нармафзор, ба души Кумитаи рушди маҳал хоҳад буд. Нармафзори «Вакили ман» дар доираи лоиҳаи Бунёди Евразия дар Осиёи Миёна ва сармоягузории Созмони рушди байналмиллалии Амрико – USAID, пиёда мешавад.

XS
SM
MD
LG