Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омбудсмени тоҷик аз ҳаводиси пурсарусадо канораҷӯӣ мекунад"


 Зариф Ализода
Зариф Ализода

Созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, бар пояи чандин далели ошкоро наметавонанд кори Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қаноатбахш шуморанд.

Панҷ соли кори худро Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мусбат ва таъсирбахш медонад, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ин панҷ солро давраи имкониятҳои аздастрафта ва бидуни пешрафт номиданд. Намояндагони чандин созмони иҷтимоӣ гуфтанд, бо вуҷуди он ки қонунгузории Тоҷикистон ба омбудсмен ваколатҳои зиёд додааст, вай то кунун натавонистааст аз ин зарфиятҳо истифодаи назаррас кунад.

Нигина Баҳриева, раҳбари Бунёди ҷамъиятии «Нота бене» рӯзи 16-уми июн дар ҳамоше бахшида ба таҳлили фаъолияти панҷсолаи Омбудсмени Тоҷикистон, гуфт, ин ниҳод дар робита ба қазияҳо ва ҳаводиси пурсару садо умдатан мавқеи бетарафӣ ва хомӯширо ихтиёр мекунад, ки қобили қабул нест.

Нигина Баҳриева.
Нигина Баҳриева.
Хонум Баҳриева ба гунаи мисол аз нооромиҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ва ҳамчунин мурофиаи додгоҳии Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи Азия-плюс ёд овард, ки то ҳанӯз ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ин бора изҳори назар накардааст. Хонум Баҳриева афзуд, «дар ин авохир сӯҳбатҳои зиёд дар атрофи ҳодисаи ахири Хоруғ мечархад, ки он хеле печидаву мушкил буда, ҳарф задан дар бораи он ки кӣ ҳақ ва кӣ гунаҳкор аст, номумкин аст. Аммо ба ҳар сурат ин ниҳод то кунун дар ин масъала мавқеи худро рӯшан накардааст ва мо ҳатто намедонем, ки ваколатдор ба ҷойи ҳодиса сафар кард ва ягон мулоқот дар ин робита анҷом додааст ё не? Мунтазири он мондан, ки кай гурӯҳи корӣ ва ё тафтишот таҳқиқи худро поён мебарад ва танҳо баъд аз ин ва дар асоси санадҳои ниҳоӣ ибрози мавқеъ чандон таҷрибае хубе нест. Чунин қазияҳои пурсару садо хеле зиёданд ва мо медонем, ки омбудсмен дар ҷараёни ин ҳодисаҳо ҳастанд, вале аз фаъолияти худ хабар намедиҳад. Др ин ҳолатҳо муҳим аст, ки омбудсмен хулосаи худро аз нигоҳи ҳуқуқи инсон баён дорад.»

Аз сӯи дигар ба таъкиди хонум Баҳриева дар аксари маворид, ваколатдори ҳуқуқи инсон худ шомили ин ё он гурӯҳи кории ҳукуматӣ мешавад, ҳол он ки бояд нақши миёнравро миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ иҷро намояд.

Асадулло Зикрихудоев.
Асадулло Зикрихудоев.
Ноқаноатмандии иддае аз ҳомиёни ҳуқуқ аз фаъолияти обмудсмени тоҷик дар ҳол садо медиҳад, ки Асадулло Зикрихудоев, раҳбари ҷамъияти «Имконият»-и маъюбони шаҳри Душанбе мегӯяд, маълулони тоҷик низ дар ин муддат аз пуштибонии ваколатдори ҳуқуқи инсон бархӯрдор нашудаанд, ҳол он ки онҳо бо мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ буда, ба мадади ӯ ниёзи ҷиддӣ доранд. Вай меафзояд, «ман фикр мекунам ин ниҳод бевосита бояд дар самти ҳимояи ҳуқуқи маълулон фаъолияти бештар дошта бошад. Яъне то имрӯз муаллимони маълулро ба мактабҳо қабул намекунанд, дуюм масъала марбут ба амалӣ шудани қонуни ҳифзи иҷтимоӣ аст ва ҳамчунин мушкили марбут ба меъморӣ вуҷуд дорад. Агар худи ҳамин бинои омбудсменро бигирем агар як роҳраве барои маълулон кардаанд, аммо он ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест.»
Худи Зариф Ализода, ки як моҳ қабл бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон, аз нав ва барои панҷ соли дигар Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуд, мегӯяд, кораш пурсамар будааст: «Панҷ соле ки гузашт, оғози фаъолияти ниҳод буд ва дар ин муддат корҳои зиёд анҷом шудаанд. Мо бисёр санадҳои хубе ҳам қабул кардем ва дар 11 минтақаи кишвар намояндагиҳои худро ташкил намудем, ки самараи хуб дода истодааст. Албатта, дар ҷомеа бе интиқод намешавад, чун ҳар ҷое кор аст, камбудӣ ва танқид вуҷуд дорад. Ман фикр мекунам, ин танқидҳо ба манфиати коранд ва шояд ба ин самтҳо мо кам афзалият додаем ва аз ин хотир боз корамонро дар ҳамин бахшҳо бештар хоҳем кард.»

Бархе аз мунаққидон низ пазируфтаанд, ки як қисми каму костиҳо ба давраи ташкилии ниҳоди муҳим бастагӣ доштанд, аммо нуктаи меҳварӣ ин аст, ки Омбудсмен бояд ҷойгоҳи баланди худро дарк кунад ва тобеи мақомоти давлатӣ набошад.

Ба ақидаи Қаҳрамон Сангинов, таҳлилгари масоили ҳуқуқи инсон ва адолати додгоҳӣ, дар ин панҷ сол омбудсмени Тоҷикистон боре ҳам ба хотири ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон бо ҳеҷ як аз ниҳодҳои давлатӣ «сар ба сар» нашудааст ва ба ин сабаб то ҳанӯз мардум дар симои омбдусмен ҳомии ҳуқуқи худро намебинанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, "албатта, дар маҷмӯъ кори ваколатдорро манфӣ гуфтан дуруст нест, чун аз сӯи ин ниҳод ҳаракатҳо ба назар мерасад. Аммо агар мо ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистонро бо ҳамин гуна ниҳодҳо дар кишварҳои дигар муқоиса кунем, дар байни ин 5 сол онҳо пешравии бештар доранд. Аз ҷумла ҳамкории онҳо бо васоити ахбори ом зиёд аст ва дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон бештар сӯҳбат мекунанд. Вале омбудсмени Тоҷикистон то ҳанӯз аз ваколатҳои худ пурра истифода накардааст. Ҳарчанд дар ин авохир бо мусоидати ин ниҳод ва бо ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муассисаҳои пӯшида мониторинг гузаронида шуд, ки ин як пешравӣ аст. Ҳарчанд дар асл дар чунин шакл, яъне бо дарҷи пешакии вақт ва замон гузаронидани мониторингҳо дуруст нест. Аз тарафи дигар ин ниҳод набояд ҳамчун дӯсти ниҳодҳои давлатӣ баромад кунад, балки барои мардуми оддӣ ҳамчун ҳомӣ бошад."

Дар ин ҳамоиш зикр шуд, ки соли 2013 зиёда аз 2000 шаҳрванд барои ҳифзи дахлнопазирии шахсӣ, муҳокимаи одилонаи додгоҳӣ, зидди шиканҷа ва хушунати хонаводагӣ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон рӯ овардаанд, ки дар қиёс бо як соли гузаштааш ду баробар бештар будааст.
XS
SM
MD
LG