Раҳимбек Бобохонов, муаррихи 50-солаи зодаи Тоҷикистон, ки 25 сол боз дар пажӯҳишгоҳҳои мӯътабари Фарҳангистони улуми Русия машғули ковишҳои илмист, рӯзи 3 июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз бархе паҳлӯҳои то ҳол норӯшани тақсимоти марзию миллии солҳои 1924-1936 дар Осиёи Марказӣ ва чигуна ба дунё омадани ҷумҳуриҳои комилан наве дар ин қаламрав, аз ҷумла аз таъсиси Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Ба ақидаи Раҳимбек Бобохонов, ҳарчанд тоҷикон дар натиҷаи ин тақсимоти миллию марзӣ аз марказҳои муҳими фарҳангиву таърихии худ маҳрум шуданд, вале худи инки баъди 1000 сол дигарбора соҳиби давлат шуданд, аз бурдҳои мардуми тоҷик ва Тоҷикистон аз баракати он тақсимоти миллию марзист. Ин муаррихи тоҷики муқими Маскав сартҳо, як қавми дузабонаро, ки дар хона ба тоҷикиву дар кӯча бо туркӣ сӯҳбат мекарданд ва ҳоло аз байн рафтаанд, бузургтарин қурбонии тақсимоти миллию марзии Осиёи Марказӣ дар солҳои 20 ва 30 меномад.
Радиои Озодӣ: Охирин кори илмии шумо - "Национально-территориальное размежевание и образование союзных республик в Центральной Азии (1924-1936 гг.)" ("Тақсимоти миллию марзӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳо дар Осиёи Марказӣ (солҳои 1924-1936)"), ки ба тозагӣ нашр шуд, бахше аз ягон рисолаи илмист?
Раҳимбек Бобохонов: Ин ва чанд мақолаи дигари илмӣ, ки дар моҳҳои охир ба чоп расид, аз ҷумла дар бораи ҷадидҳо ва ҳаракати босмачигарӣ дар Осиёи Марказии солҳои 20 ва 30 бахше аз китоби нави мананд, ки то як моҳи дигар дар Маскав бо номи "Некоторые вопросы историографии новой и новейшей истории Таджикистана" чоп хоҳад шуд."
Радиои Озодӣ: Ин китоб аз пажӯҳишҳои қаблӣ дар ин мавзӯъ бо чӣ фарқ мекунад?
Раҳимбек Бобохонов: "Мутаассифона, аксари муаррихон дар инъикоси таърихи навин ва навтарини Тоҷикистон ва минтақа ба эҳсосоти беш аз ҳад ва зиёдаравиҳо роҳ додаанд. Ман талош кардам, то мавзӯъро ҳаддалимкон хунсардона ва бетарафона таҳқиқ кунам. Кӯшиш кардам, ки назари ҳамаи тарафҳои дахилро мунъакис кунам. Ман ба сарнавишти сартҳо аҳамияти зиёд додам, чунки он чӣ ки ба сари сартҳо омад, як фоҷиаи миллӣ барои тамоми мардуми тоҷик аст. Дар ҷараёни тақсимоти миллию марзӣ ба ҷуз аз туркманҳо, ки мушкили зиёде надоштанд, ҳамаи қавмҳои дигар – ҳам қазоқҳо, ки даъвои Тошкандро доштанд, ҳам қирғизҳо, вале ба назари ман, бузургтарин қурбонии ин тақсимот сартҳо шуданд."
Радиои Озодӣ: Имрӯз мардуми одӣ шояд ҳатто намедонанд, ки дар ин минтақа қавме бо номи сарт ба сар мебурд. Ин чӣ қавме буд?
Раҳимбек Бобохонов: "Сартҳо як қавми дузабонаанд, ки қавораи тоҷикӣ доштанд ва дар хона ба тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд, вале дар кӯча - ба як гӯиши вижаи туркӣ. Азбаски ин мардуми шаҳрнишин бештар ба тиҷорат машғул буд ва дар паҳнои Осиёи Марказӣ қавмҳои туркзабон зиёд буданд, ин мардум барои пешбурди тиҷорати худ як забони вижаи туркӣ сохта буданд, ки ҳам барои узбакҳо, ҳам барои қирғизҳову қазоқҳо ва ҳам барои боқӣ қабилаҳои туркзабони Осиёи Марказӣ фаҳмо буд. Туркии онҳо, ки бо номи сарт-тили маъруф буд, аз забони маъмулии туркии чағатойӣ, ки дар ин минтақа роиҷ буд, фарқ мекард. Сартҳо дар асл тоҷик буданд, чунки ба тоҷикӣ фикр мекарданд. Аммо раҳбарони вақти узбакҳо, аз ҷумла Файзулло Хоҷаев, ҳамаи сартҳоро узбак навиштанд ва ин қавм батадриҷ гум шуд. Агар сартҳоро он замон тоҷик менавиштанд, шояд мо имрӯз соҳиби комилан як давлати дигар мешудем. Болшевикҳо ҳам он замон зоҳиран ба далели мушкилот дар марзҳои ҷанубии Шӯравӣ ва ҳаракати босмачиҳо, ки дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ фаъолтар буд, фикр карданд, ки беҳтар аст, ба сартҳову тоҷикҳо давлати аз ин бузургтар надиҳанд."
Радиои Озодӣ: Аммо ҳадаф аз чунин тақсимоти миллию марзӣ ва таъсиси воҳидҳои комилан наву бесобиқаи маъмурие, чун Узбакистону Туркманистон ё Тоҷикистон чӣ буд?
Раҳимбек Бобохонов: "Бале, рост аст, ки қабл аз ин тақсимот ҳудуди Осиёи Марказӣ байни Ҷумҳуриҳои мардумиву шӯравии Бухорову Хоразм, ки дар рӯи қоғаз гӯё мустақил буданд ва Ҷумҳурии мухтори Туркистон, ки ба Русия итоат мекард, тақсим шуда буд. Вилоятҳои тоҷикзабони Туркистон аз соли 1921 дар як воҳиди алоҳидаи маъмурӣ дар ҳайати Ҷумҳурии мухтори Туркистон ҷудо шуда буданд ва амалан бояд таърихи таъсиси Тоҷикистонро аз соли 1921 ҳисоб кард, на аз рӯзи таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар октябри соли 1924. Инки ба ҷои ин воҳидҳои маъмурӣ ҷумҳуриҳои комилан нав сохта шуд, пеш аз ҳама аз “Эъломияи ҳуқуқи халқҳои Русия”, яке аз ваъдаҳои умдаи болшевикон баъд аз Инқилоби Октябр маншаъ мегирифт, ки дар он ба ҳамаи халқҳои сокини империяи собиқи Русия ваъдаи истиқлол дода шуд. Болшевикҳо илоҷе ба ҷуз аз иҷрои ин ваъда, албатта, ба як тарзи барояшон безарартар надоштанд. Аммо ба назари ман, чунин ранг гирифтани тақсимоти миллию марзии Осиёи Марказӣ ду ҳадафи асосии дигар дошт: ҷилавгирӣ аз пантуркизм, ки сохтани Туркистони бузургро дунбол мекард ва панисломизм, ки дар он даврон дар шакли ҷунбиши босмачиҳо зуҳур карда, дарди сари зиёде барои ҳукумати Шӯравӣ офарида буд."
Радиои Озодӣ: Яъне ба халқҳои Осиёи Марказӣ як асбоби бозӣ доданд, ки машғул шаванд?
Раҳимбек Бобохонов: "Дуруст. Мардум дигар аз паи сохтани давлатҳои миллӣ, тақсими марзу бум ва муборизаҳо барои ба даст овардани қаламравҳои бештар дар раванди тақсимоти миллию марзӣ шуд ва босмачиҳову пантуркистҳо то ҳадде дар мадди дувум монданд. Зимнан дар ин тақсимоти миллию марзӣ сози аввалро ҷадидҳо ё ҷавонбухориҳои собиқ бозӣ мекарданд, ки дар сохторҳои раҳбарии Узбакистон ва ҳам дар кумиссиюни тақсимоти ҳудуди Осиёи Марказӣ низ нақши умдаро ба даст оварда буданд. Онҳо ибтидо мегуфтанд, ягон тақсимот лозим нест ва ҳамаро бояд зери боми як Ҷумҳурии Туркистон муттаҳид кард. Вале ин дар амал иҷрои барномаи ниҳоии пантуркистҳо буд, ки ба нафъи болшевикҳо набуд."
Радиои Озодӣ: Яъне як ҳаракати худҷӯш дар дохил набуд, тавре ки ҳоло тасвир мекунанд, ки гӯё нафароне дар саргаҳи бунёди Тоҷикистон ё Узбакистон истода буданд?
Раҳимбек Бобохонов: "Ин як эксперименти сунъии сиёсӣ буд. Одатан давлатҳои миллӣ дар натиҷаи равандҳои айнии таърихӣ ба вуҷуд меоянд. Аз ҷумла дар натиҷаи ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ, таъсиси ҳизбҳо ва амсоли ин. Дар Осиёи Марказӣ ягон ҳаракати худҷӯш барои таъсиси, барои мисол, Узбакистон ё Тоҷикистон ё Қазоқистон вуҷуд надошт. Дар ин минтақа дар пайи суқути империяи мустамликадории подшоҳии Русия билофосила империяи нави Шӯравӣ ба вуҷуд омад. Албатта, ба як сурати зебо ба ин халқҳо ҷумҳурӣ доданд ва ҳатто ҳаққи
онҳо барои мустақилият ва ҷудо шудан аз Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар Қонуни асосӣ дарҷ шуда буд. Ин, албатта, дар рӯи коғаз буд, вале ба ҳар сурат, сарфи назар аз онки сунъӣ буд, ин давлатсозӣ ё на, бояд як чизро эътироф кард, ки мо имрӯз дар Осиёи Марказӣ маҳз ҳамон 5 ҷумҳуриеро дорем, ки дар натиҷаи тақсимоти миллию марзии солҳои 20-у 30 ба вуҷуд омаданд."
Радиои Озодӣ: Аммо ин тақсимот орӣ аз иштибоҳҳо набуд?
Раҳимбек Бобохонов: "Иштибоҳҳо буданд ва иштибоҳҳои хеле ҷиддӣ, ки ба сурати як бомби соатдор тик-тик карда меистанд. Даргириҳои Ӯш байни узбакҳову қирғизҳо дар соли 2010-умро ба ёд биоред. Ин охир як шаҳри аксаран узбакнишин буд, ки дар натиҷаи тақсимоти миллию марзӣ ба Қирғизистон расид. Ё дар атрофи Исфара чӣ қадар ҷазирақаламрав (анклав) вуҷуд дорад. Ё масъалаи тоҷикҳои Узбакистон, ки бо гузашти 90 сол ва дар шиносномаҳо аксаран узбек навишта шуданашон дар хона то ҳол ба тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд. Иштибоҳҳо ва беадолатиҳои он тақсимоти миллию марзӣ метавонанд дар оянда хусусан дар ҳолати таркишҳои иҷтимоӣ дигарбора аз худ дарак диҳанд."
Радиои Озодӣ: Агар ба ҳамон давраи оғози тақсимоти қаламрави минтақа дар соли 1924 баргардем, оё рост аст, ки нақшаҳои мухталифи ин тақсимот вуҷуд доштаанд? Барои мисол, "плани Чичерин" (Георгий Чичерин - вазири хориҷаи Русияи Шӯравӣ дар солҳои 1918-1930 ё "нақшаи Ҳоҷибоев" (Абдураҳим Ҳоҷибоев – раиси Шӯрои нозирон, ё сарвазири Тоҷикистон дар солҳои 1928-1933)?
Раҳимбек Бобохонов: "Нақшаҳои мухталифе вуҷуд доштанд. Ман, албатта, талошҳоямро давом медиҳам, вале то имрӯз аз ягон бойгонӣ изе аз "плани Чичерин" пайдо накардам. Ҳарчанд академик Муҳаммадҷон Шакурӣ иддао дошт, ки тибқи “плани Чичерин” Узбакистон бояд ба ҳайси ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Тоҷикистон ташкил мешуд, на баръакс. Пешниҳоди Ҳоҷибоев таъсиси як ҷумҳурии муштараки тоҷикҳову узбакҳо буд, ки дар он ҳарду забони тоҷикиву узбакӣ забонҳои расмӣ эътироф шаванд. Аммо Ҳоҷибоев ҳеч гоҳ ба мавқеаш устувор
Тарҷумаи ҳоли Раҳимбек Бобохонов
Бобохонов Раҳимбек Сарҳадбекович, доктори улуми таърих, сарходими илмии Маркази таҳқиқоти тамаддунҳову минтақаҳои Фарҳангистони улуми Русия ва коршиноси аршади Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Маскав.
Раҳимбек Бобохонов соли 1965 дар Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1990 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносовро хатм кардааст. Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Балуҷҳои Покистон” ва рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таърихи этносиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии тоҷикон (Даврони нав ва навтарин)” ҳимоя кардааст.
Муаллифи беш аз 300 кори илмӣ дар масоили Ислом ватаъриху этнографияи тоҷикону халқҳои дигар, аз ҷумла “Эволюция верховной власти в Таджикистане(1982-2007 гг.), чопи соли 2009, "Таджикистан (ХХв.) Упадок и возрождение традиционализма", соли 2010, "Нормы обычного права у горных таджиков(ХХв.)", соли 2012, "Мужские клубы как институт гражданского общества в Таджикистане(ХХв.) ва "Эволюция этно-региональных кланов в Таджикистане (ХХв.).
Китоби нави Раҳимбек Бобохонов бо номи "Некоторые вопросы историографии новой и новейшей истории Таджикистана" ба зудӣ дар Маскав ба чоп мерасад.
набуд. Гоҳ тарафдори дар Узбакистон мондани вилоятҳои тоҷикнишин сухан мегуфт ва гоҳо – ба тарафдорӣ аз таъсиси ҷумҳурии мустақили тоҷикҳо. Роҳбарони дигари тоҷикҳо низ дар он аҳд дар масъалаи тақсимоти миллию марзӣ заифӣ нишон доданд. Нуфузи онҳо дар ин масъала дар муқоиса бо Файзулло Хоҷаев ва раҳбарони дигари он даврони Узбакистон хеле ночиз буд. Аксари масоили минтақа аз тарафи Тошканд ва ба фоидаи Тошканд ҳал мешуд."
Радиои Озодӣ: Ва як суоли охирин. Ба сурати умум, мардуми тоҷик ва Тоҷикистон аз ин тақсимоти миллию марзии солҳои 20 ва 30 чӣ бурду чӣ бохт?
Раҳимбек Бобохонов: "Бохти асосии мо, албатта, аз даст додани марказҳои муҳими фарҳангиву таърихие, чун Самарқанду Бухоро буд. Албатта, то ҳол мо дар шароите боқӣ мемонем, ки шумори тоҷикҳои бурунмарзӣ (онҳое ки дар Узбакистон, Афғонистон, Қошғари Чин, Покистон ва гӯшаҳои дигари минтақа зиндагӣ мекунанд) назар ба онҳое ки дар худи Тоҷикистон ба сар мебаранд, ҳамчунон бештаранд. Албатта, озурдагиҳое аз беадолатиҳои он тақсимот, ки академик Раҳим Масов ҳатто “табартақсим” номаш кардааст, дар дилҳо боқӣ монд. Вале ҳамзамон як бурди муҳими мо ҷаҳиши бузурги замони Шӯравӣ аз як низоми ақибмондаи феодалӣ ба сӯи бунёди як ҷомиаи муосири саноатӣ буд, ки дарахтонаш дар шакли корхонаҳои бузург ва сабки зиндагии аврупоӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа то имрӯз мева медиҳанд. Ва меваҳои аз ҳамаи муҳим тақсимоти миллию марзии солҳои 1924-1936, бидуни ягон шак, ба сурати имрӯзааш кашида шудани харитаи сиёсии Осиёи Марказӣ ва ба майдон овардани давлатҳои навест, ки дар гузашта аслан вуҷуд надоштанд. Яке аз чунин давлатҳо ин Тоҷикистонест, ки мо имрӯз дорем."