Сафорати Эрон дар Тоҷикистон иддаоҳои матраҳшуда дар як филми мустанади вазорати умури дохилии Тоҷикистонро рад кард ва гуфт аз нашри чунин филм "мутааcсиф" аст. Сафорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ дар шоми 9-уми август гуфт, "иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад."
Айни замон сафорат гуфтааст, ки филм як иқдоми тафриқаандозона буда ва "дар чорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносибатҳои бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро таҳаммул намекунанд."
Дар бахше аз ин баёния омадааст, ки "пахши ин қабил филмҳои муғризона, баъд аз сафари ахири вазири энержӣ ва захоири обӣ ва раиси тоҷикии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон, ҷиҳати ширкат дар маросими таҳлифи риёсати мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба намояндагӣ аз раисиҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки бархе гароишот ва маҳофил таҳаммули оддӣ шудани равобит ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд."
Ба гуфтаи намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе, "шаке нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба хароб кардани пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд."
Аз ин пештар хонум Назифӣ, як масъули бахши равобит бо ҷомеаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 9 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "сафири Эрон дар Тоҷикистон феълан дар ҳудуди кишвар қарор надорад, аммо раҳбарияти сафоратхона дар зудтарин фурсат ин қазияро баррасӣ мекунад. Мо бояд мушаххас кунем, ки ин дурӯғҳову тавҳин аз куҷо пайдо шуд ва сарчашмааш аз куҷо маншаъ мегирад".
Иттиҳоми Эрон ба сармоягузории кушторҳои пурсару садо
Аз ин пеш ва дар шаби 8 -уми август вазорати умури дохилии Тоҷикистон Эронро дар сармоягузории қатли чандин чеҳраи саршиноси тоҷик, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои олӣ ва ҳудуди бист афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар солҳои навадум муттаҳам кард. Вазорат шоми 8-уми август дар филми мустанади 45-дақиқаӣ иддао кард, ки ин қатлҳо бо сармояи Эрон ва бо дастури Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим, сурат гирифтааст.
Мақсад аз куштори Кенҷаев афзоиши бадбинии мардум алайҳи ҳукумат буд. Афзоиши нафрати мардум ба ҳукумат буд
Вазорати корҳои дохилӣ дар филми мустанад шаҳодати се гумонбарро намоиш дод, ки аз онҳо ёрони Ҳоҷӣ Ҳалим ном бурда мешавад. Ҳар кадоми онҳо дар бозпурсии мақомот эътироф кардаанд, ки дар солҳои навадум барои омӯзиши ҷангу истифодаи силоҳ як муддат ба Қуму Гургон ва Машҳаду Теҳрон рафта, соҳиби шиносномаи эронӣ шуданд.
ВКД: Ҳоҷӣ Ҳалим дастури қатли шахсиятҳоро дода буд
Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов - ҷонибдорони боздоштшудаи Ҳоҷӣ Ҳалим - ба гирифтани дастур аз ӯ барои қатли Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-уми Русия иқрор шудаанд. Тағоймурод Ашрапов, маъруф бо тахаллуси Алӣ дар ин филми мустанад иддао кард, ки ӯ барои таълими низомӣ соли 1995 ба Қуму Гургон рафта, сипас, соли 1997 барои, ба қавли ӯ аз байн бурдани равшанфикрону донишмандон, ба Тоҷикистон баргаштааст.
Ӯ дар филми Вазорати умури дохилӣ гуфт, барои куштори Сафаралӣ Кенҷаев ба онҳо ду ҳазордолларӣ ваъда шуда буд ва ин пулро аз дасти Ҳоҷӣ Ҳалим гирифтаанд. “Мақсад аз куштори Кенҷаев афзоиши бадбинии мардум алайҳи ҳукумат буд. Афзоиши нафрати мардум ба ҳукумат буд”, - гуфт Тағоймурод Ашрапов дар навори ВКД ва афзуд, “ин кушторҳо ба хотири ин буд, ки ҳукумати Тоҷикистон заиф шавад ва Ҷумҳурии Исломӣ тавонад сиёсати худро барқарор кунад.”
Маълум нест, ин навори бозпурсӣ кай сабт шудааст.
Аз қатли Сафаралӣ Кенҷаев, ронандаи мошини хидматии ӯ ва муҳофизонаш, дар 30-юми марти соли 1999 дар шаҳри Душанбе 18 сол гузашта, вале ин ҷиноят то кунун ифшо нашуда буд. Хосият Кенҷаева, духтари Сафаралӣ Кенҷаев, дар филми мустанади Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки аз боздошти омилони қатли падараш хушҳол аст. Ӯ гуфт, тӯли ин муддат ба тантанаи адолат бовар дошт ва изҳори умед кард, ки ин афрод мувофиқи амалашон ҷавоб хоҳанд гирифт.
Абдуқодир Абдуллоев, маъруф бо тахаллуси Рустами Норакӣ, ки ӯ низ дар қатли Сафаралӣ Кенҷаев гумонбар аст, гуфт, дар Эрон аз ӯ киллер ё одамкуш тайёр карда буданд. “Тахассуси ман куштори одам буд, яъне киллер буд. Дигар бародарон як нафар бо номи Ҳаким таркишгар буд. Ҳар як нафарро бо ақли худаш ва тахассуси худаш омода мекарданд”, - иддао кард ӯ.
Ҳамчунин ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим иддао доранд, ки иштибоҳан аъзои ҲНИТ шудаанд, чун намедонистанд ин ҳизб як созмони террористӣ буда, аз тарафи Эрон сармоягузорӣ мешуд.
Ҳакимов: "Ин филм ба беҳбуди робитаҳо мусоидат намекунад"
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Эрон аз кишварҳое буд, ки сулҳи тоҷиконро замонат додааст ва иттиҳомоте, ки дар филми дишаб намоиш дода матраҳ шудаанд, суолҳоеро ба миён овардааст.
Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, тибқи қоидаҳои тафтишотӣ, нахуст ин савол матраҳ аст, ки ба чӣ далеле имрӯз ҷонибдорони Ҳалим Назарзода ва Эрон дар қатли чеҳраҳои саршинос гунаҳгор мешаванд, чун солҳои 90-ум мақомот эълон карда буданд, ки ҷангиёни гурӯҳи Ризвон дар қатли Муҳаммад Осимӣ даст доранд. Аммо акнун Ҳалим Назарзода айбдор мешавад. Чаро?
"Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ, ки ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, сипас дар Эрон ба ҳукми қатл маҳкум шуд, сард шуданд. Болои ин, дар поёни соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши бонуфузе дар Теҳрон ширкат кард ва ин амр робитаҳои ду кишварро боз ҳам тиратар сохт. Бар ин назарам, ки пахши филми мустанади ВКХ ба беҳбуди робитаҳо мусоидат намекунад",-афзуд Шокирҷон Ҳакимов.
"Эрон бояд на танҳо ҲНИТ, балки кишвари Тоҷикистонро дарк кунад"
Дар ҳоле, ки Худойбердӣ Холиқназар ва Сайфулло Сафаров, раис ва муовини Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба далели надидани ин филми мустанад аз изҳори назар дар бораи он худдорӣ карданд, Маҳдӣ Собир, коршиноси ҳамин пажӯҳишгоҳ аз иқдоми ҳукумати кишвар пуштибонӣ кард ва гуфт, ки мақомот ночоранд дар мавриди таъмини амният ва суботи Тоҷикистон аз ин наҳва кор кунанд.
Вай афзуд: "Маводе, ки дар ин филм намоиш дода шуд, комилан дуруст буд. Мо Эронро шинохтем, аммо Эрон Тоҷикистонро ба дурустӣ дарк накард. Дуруст аст, ки мо забон ва муштаракоти фарҳангӣ дорем, аммо мақомоти Эронро зарур аст кишвари моро комилан дарк кунад, на танҳо ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро.
Ёд дорам, ки замоне Америка зидди Эрон баёния медод, ҷавонони тоҷик бар Москва зидди амрикоиҳо намоиш мекарданд. Ҳамакнун Эрон низ бояд барои шинохти дурусти тоҷикон иқдомҳои ҷиддитаре рӯи даст бигирад"
"Пахши ин филм робитаҳои тираро тиратар месозад"
Бархе коршиносони дигари тоҷик мегӯянд, пахши ин филм ба суди Тоҷикистон ва равобити баъдии ин кишвар бо Эрон нест. Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, Эрон аз кафилони асосии сулҳи тоҷикон буд ва дар солҳои душвортарин ба иқтисоди Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва нақби туннели “Истиқлол” ва даҳҳо тарҳҳои дигар, сармоягузорӣ кардааст. Дар он солҳо кам кишварҳое буданд, ки барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон омода буданд.
Ба гуфтаи Абдулмалик Қодиров, намоиши филми мустанад дар шоми дирӯз равобити бе ин ҳам тираи ду кишварро сардтар месозад. "Намоиши ин филм ғаразнок буд ва ман намедонам кӣ ва бо чӣ мақсад намоиши ин филмро роҳандозӣ кардааст. Вале дақиқ аст, ки ин амр ба суди дипломатияи Тоҷикистон нест. Ҳарчанд ахиран талошҳое аз тарафи Эрон барои беҳбуди робитаҳо бо Тоҷикистон мушоҳида мешавад",-афзуд ҷаноби Қодиров.
Музаффар Олимов, муовини раҳбари маркази таҳлили "Шарқ" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон барои беҳбуди робитаҳо иқдомҳое рӯи даст гирифтаанд.
Вай гуфт: "Дар ҳафтаи ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба Теҳрон сафар кард ва ба мақомоти Эрон паёми президент Раҳмонро супурд. Дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ навиштааст, ки умедвор аст дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии ҷаноби Рӯҳонӣ робитаҳои миёни ду кишвар ба сатҳи баландтар бароварда мешаванд. Аммо пахши филми мустанад комилан тасаввури маро дар бораи ояндаи дурахшони робитаҳои миёни ду кишвар зери савол гузошт. Фикр мекунам, дар дохили Тоҷикистон нерӯҳое аз худ дарак доданд, ки ба хотири ғаразҳои сиёсии худ ба намоиши ин филм иқдом кардаанд".
Вай афзуд, ки мушкил танҳо дар даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба Эрон нест ва "шояд дар марҳилаи феълӣ чи иттилое наве дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон пайдо шудааст, ки чунин тасмим гирифта шуд. Набояд фаромӯш кард, ки пахши чунин иттилоъ аз сӯи сохторҳои қудратӣ бидуни огаҳии раиси ҷумҳур сурат намегирад".
Аммо Зафар Абдуллоев, шореҳи дигар мегӯяд, аз ин иқдоми Тоҷикистон бармеояд, ки Душанбе мехоҳад иқдоимҳои ҷиддитари дигаре нисбати Эрон бигирад. Вай гуфт, "кор ба ҳадде расидааст, ки Тоҷикистон тарафдори маҳдуд ва ё комилан қатъ кардани ҳар гуна робитаҳо бо Эрон, ҳатто муносибатҳои дипломатӣ шудааст. Зеро, чунин иқдом, яъне айбдор кардани як кишвар дар қатли шаҳрвандонаш нишонаи чунин тасмим мебошад. Фикр мекунам, дар зудтарин фурсат иқдомҳои ояндаи ҳар ду кишвар рӯшан хоҳад шуд".
Вай афзуд, ки мушкил танҳо дар даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба Эрон нест ва "шояд дар марҳилаи феълӣ чӣ иттилое наве дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон пайдо шудааст, ки чунин тасмим гирифта шуд. Набояд фаромӯш кард, ки пахши чунин иттилоъ аз сӯи сохторҳои қудратӣ бидуни огаҳии раиси ҷумҳур сурат намегирад".
Эрон ва сулҳи тоҷикон
Эрон яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон буда, чанде аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифин дар ин кишвар паноҳгоҳ ёфта буданд. Эрон дар сулҳи тоҷикон нақши калидӣ мебозид ва чанд даври музокироти сулҳ дар Теҳрон баргузор шудааст. Аз сӯи дигар маълум нест, ки мақомот даст доштани Ҳоҷӣ Ҳалимро дар ин ҷурмҳо ва сармоягузории Эронро дар қатлҳои пурсарусадо солҳои охир кашф кардаанд, ё хайр. Ҳоҷӣ Ҳалим ду даҳсолаи ахир дар мақомҳои баланди Вазорати дифоъ кор мекард.
Тирамоҳи соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки аз талоши табадуллоти давлатӣ аз сӯи Ҳоҷӣ Ҳалим ҷилавгирӣ намуданд. Дар пайи ин, фаъолияти ҲНИТ дар кишвар мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд.
Муҳиддин Кабирӣ, ки ӯро низ дар филми ВКД-и Тоҷикистон "дастпарвар"-и сиёсатҳои Эрон номидаанд, ҳангоми манъи фаъолияти ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар қарор дошт. Ӯ ин ҳама иддаои мақомоти тоҷикро бепоя хонда ва гуфт, ки ҳадафи аслии ин "бозӣ бо табаддулот" манъи фаъолияти ҲНИТ буд.
Сарди равобити Душанбеву Теҳрон
Дар тӯли як соли охир равобити Теҳрону Душанбе аз сатҳи «бародарию ҳамфарҳангӣ» ба масири баръакс ҳаракат кард. Ҳеҷ як аз ҷонибҳо сабаби аслии ин вазъро ошкоро шарҳ надодаанд, аммо коршиносон ин эҳтимолро соқит намекунанд, ки сабаби аслии дилсардии Душанбе аз Теҳрон ин аст, ки Эрон натавонист интизороти молиии Тоҷикистонро бароварда созад. Сарфи назар аз ихтилофи идеоложӣ, дар тӯли ду даҳсолаи охир Тоҷикистон талош кард равобити хубро бо Эрон ҳифз кунад. Аммо ончи аз ҷониби Эрон дар заминаи сармоягузории тарҳҳои бузурги кишвар чашмдор буд, амалӣ нашуд. Гузашта аз ин, Эрон масъалаи пулҳои гумшудаи бозаргони эронӣ Бобаки Занҷониро, ки гӯё паи онҳо дар Тоҷикистон ошкор шуда буд, борҳо доман зад ва бо ин Тоҷикистонро ба хашм овард. Занҷонӣ бо фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ нафти Эронро ба фурӯш мебаровард ва гӯё маблағашро тавассути кишварҳои саввум ба вазорати нафти Эрон интиқол медод.
Нирӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки бо пули муштараки ҳарду ҷониб сохта шуд, мояи дигари баҳси Теҳрону Душанбе шуд. Эрон борҳо аз Тоҷикистон талаб кард, ки 60 миллион доллар қарзи фурӯши барқро баргардонад, дар ҳоле, ки Душанбе интизор дошт Теҳрон дар ин мавзӯъ бо назрадошти вазъи иқтисодии Тоҷикистон гузашт нишон диҳад.нақби "Истиқлол" иншооти дигар, ки Эрон онро самоягузорӣ карда буд, нимсохта боқӣ монд ва дар ниҳояти амр сохтмонро ширкатҳои Чинӣ ба аннҷом расониданд.
Қатраи охир дар «косаи таҳаммули» Тоҷикистон дар равобиташ бо Эрон пазироии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон буд, ки он замон Тоҷикистон ҳизби ӯро созмони террористӣ эълон кард. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки пазироии Кабириро Душанбе ҳамчун паёми Теҳрон қабул кард, ки сарфи назар аз «мавқеи шумо аз ин ҳизбу ин раҳбар, мо аз онҳо пуштибонӣ мекунем».
Дар як соли охир Тоҷикистон фаъолияти тақрибан ҳамаи намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эронро масдуд кард ва бо рақиби аслии Эрон дар минтақаи Халиҷи Форс – Арабистони Саудӣ риштаи дӯстӣ баст.