Ба дунболи бе натиҷа анҷом ёфтани музокироти мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиистон бо масъулони ҳукумати маҳаллӣ дар мавриди сарнавишти қароргоҳи ин ҳизб, субҳи панҷшанбе гурӯҳе аз занону ҷавонон, дар баробари сохтмони қароргоҳи ин гурӯҳи сиёсии кишвар ҷамъ омаданд.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи барвақти имрӯз беш аз 30 нафар донишҷӯёну занон дар назди дафтари ҳизб ҷамъ шуда, алайҳи ҲНИТ эътироз доранд. Вай гуфт, ки ҳамин ҳоло, ки мо сӯҳбат дорем, мардуми ҷамъшуда ба эътирози худ идома медиҳанд. Онҳо бо садои баланд аз ҷумла «Тоҷикистони оромро нооором насозед», «Сулҳу осоиштаги барои мардуми Тоҷикистон муҳим аст», шиорпартоӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз, Муҳиддин Кабирй, роҳбари ҲНИТ вакили МН дар робита ба қазияи тахриби дафтари вилоятии ҳизб, ки дар микрорайони 20 дар назди масҷиди "Нури Ислом" вокеъ аст, бо мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сӯҳбат карда, бар асоси амри мақомот, тахриби дафтар то рӯзи дигар мутаваққиф шуда буд. Аммо субҳи имрӯз мақомоти маҳаллӣ ба тахриби биное, ки қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар он воқеъ буд, оғоз карданд.
Намояндагоҳи ҲНИТ мегӯянд, ки аз рӯи қонун бояд онҳоро қаблан огоҳ карда бо бинои нав таъмин мекарданд ва дар чунин ҳолат барои тахриби қароргоҳашон мушкиле надоштанд. Чунки бинои қароргоҳи ҳизби худро дар шаҳри Хуҷанд қонунӣ медонанд. Аммо намояндагони мақомоти давлатии Суғд мегӯянд, ки онҳо дар мактуби қаблии худ ба ҲНИТ посух дода, онҳоро аз ин ҳолат огоҳ кардаанд. Вале ҷониби ҲНИТ мегӯяд, ҷавоби мақомотро дар бораи ғайриқонунӣ тахриб кардани қароргоҳашонро нагирифтаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми июн Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд барои бори дуюм дар соли ҷорӣ ба дари қароргоҳи созмони вилоятии ҲНИТ мӯҳр зада, ҳукумати шаҳр ҳизбро огоҳ кардааст, ки замини дафтараш, тибқи нақша, бояд кабудизор шавад. Танҳо дар соли 2014 ин бори дуюм аст, ки маркази беҳдоштиву вогиршиносӣ ба дари ин дафтари ҲНИТ мӯҳр мезанад.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД