Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "Кохи Миллат" то "Оғузхон". Коху қароргоҳҳои азими раҳбарони худкома


Муаллифон: Кристина Фолтинова ва Войтек Гройетс

Аз "Кохи Миллат" дар Тоҷикистон то "Оғузхон" дар Туркманистон. Ин қасру қароргоҳҳо бо пули ҳангуфт дар майдонҳои васеъ сохта шудаанд. Биноҳое, ки сарват ва қудрати ҳукуматҳои худкомаро бозгӯ мекунанд.

“Кохи Миллат”, Тоҷикистон

Кох ё Қасри Миллат дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонҳоро дар ҳамин ҷо қабул мекунад. Сохтмони биноро соли 2002 шуруъ карда, соли 2008, ҳангоми нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ба истифода доданд.

Барои фароҳам овардани майдони кофӣ барои бунёди "Кохи Миллат" як канисаи қадимӣ ва биноҳои дигари атрофи он вайрон карда шуд. "Кохи Миллат"-ро бо харҷи 300 миллион доллар сохтаанд. Дар атрофи он Боғи Парчаму Нишон, Боғи ба номи Рӯдакӣ, Китобхонаи Миллӣ, Осорхонаи Миллӣ ва чанд бинои дигар ҷойгир аст.

“Межиҳирия”, Украина

Виктор Янукович, раисҷумҳури пешини Украина, то соли 2014 дар Қасри “Межиҳирия” иқомат дошт. Давраи сарвазирияшро низ дар он ҷо гузарондааст. Ӯ дар пайи инқилоби маъруф ба “Майдон” ба Русия фирор кард.

Ин муҷтамаъ, ки осорхонаи мошин, майдони голф, боғи ҳайвонот, чанд фаввора, ҷойи фуруди чархбол ва ҳатто калисоеро дар бар мегирад, тарзи зиндагии муҷаллал ё боҳашамати раҳбари собиқи Украинаро нишон медиҳад. Ҳоло бо номи “осорхонаи фасод” маъруф аст.

“Қаср ал-Ватан”, Абузабӣ

“Қаср ал-Ватан” дар шаҳри Абузабӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ воқеъ аст. Сохтмони он соли 2017 анҷом ёфта, пас аз ду сол ба рӯйи мардум боз шуд.

Ин бинои сафедранг бо харҷи 490 миллион доллар сохта шуда, дар он ҷо осори таърихӣ ва дастхатҳо мавҷуданд. Дар ин қаср ҳадяҳоеро низ нигоҳ медоранд, ки ба Имороти Муттаҳидаи Араб тақдим шудаанд. “Қаср ал-Ватан” барои баргузории мулоқоти муҳим ва қабули сарони кишварҳо низ истифода мешавад.

“Оқсарой”, Туркия

Бунёди кохи раёсатҷумҳурии Туркия, ки бо номи "Оқсарой" (Кохи сафед) низ маъруф аст, дар соли 2014 поён ёфт. Ин кох дар Анкара беш аз 1100 утоқ дорад ва баҳои сохтмони он расман 615 миллион доллар эълом шудааст. Мунтақидон нархи аслии онро бисёр баланд арзёбӣ мекунанд.

Ин муҷтамаъ шомили як масҷид аст, ки тақрибан се ҳазор нафарро мегунҷонад. Инчунин, китобхонаи бузургтарини Туркия бо зиёда аз чаҳор миллион китоб дар ҳамон ҷост.

“Геленҷик”, Русия

Ин муҷтамаъ, ки иқоматгоҳи писандидаи Владимир Путин, президенти Русия гуфта мешавад, дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар наздикии шаҳри истироҳатии Геленҷик воқеъ аст. Овозаҳо дар бораи ин кох аз соли 2010 дар гардиш аст.

Алексей Навалний, раҳбари фақиди мухолифони ҳукумати Русия, дар як филми мустанад соли 2021 иддао кард, ки ин қаср барои раисҷумҳури Русия бо харҷи ҳудуди як миллиарду чаҳорсад миллион доллар сохта шудааст. Тибқи ин таҳқиқ, ин қаср дорои майдони ҳоккейи зеризаминӣ, театр, токзор ва калисо мебошад. Путин соҳиби қасри “Геленҷик” буданашро рад кард. Аркадий Ротенберг, яке аз сарватмандҳои Русия, мегӯяд, соҳибаш ӯст.

"Ново-Огарёво", Маскав

"Ново-Огарёво", қароргоҳи расмии Владимир Путин, дар канори Маскав ҷойгир аст. Ин муҷтамаъро дар солҳои 1950 сохтаанд. Бо дастури Путин бозсозии куллӣ шуд. Тибқи баъзе аз гузоришҳо, чанде пеш ба он як бахши нав илова шуд: маркази тафреҳии вобаста ба Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ), ҷойи парвозу фуруди чархболҳо ва ҳатто низоми дифои ҳавоӣ. Гуфта мешавад, ки шояд миёни ФСБ ва қароргоҳи Владимир Путин нақбе вуҷуд дошта бошад.

"Оғузхон", Туркманистон

Муҷтамаи "Оғузхон" қароргоҳи расмӣ ва ҷойи кори раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бардимуҳаммадов аст. Ин қаср ба шарафи раҳбари яке аз қабилаҳои куҳани туркман номгузорӣ шудааст ва аз солҳои 90-ум қароргоҳи раҳбарони ин кишвар ба шумор меравад.

Дар соли 2011 ба он як қасри нав ва бинои дигаре ба арзиши тақрибан 350 миллион доллар илова карда шуд. Дар ҳоли ҳозир дар рӯбарӯи ин қаср биное барои баргузории маъракаҳои расмӣ ва майдони баргузории парадҳо дар ҳоли сохтмон аст.

XS
SM
MD
LG