Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви ҷазо барои "Like" ба кӣ дахл дорад ва кай ба иҷро медарояд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ангушт задан ба аломати "писанд" ё "лайк" (Like) дар зери матлабҳои интернетӣ, ки қаблан садҳо касро ба зиндон бурдааст, дигар ҷавобгарии ҷиноӣ нахоҳад дошт. Ин хабар дар байни корбарон суолеро пеш овардааст, ки маҳкумшудагон бо ин банди қонуни кайфарӣ (Кодекси ҷиноӣ) низ озод хоҳанд шуд ё на?

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқдони тоҷик, рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд тарҳи қонун ҳоло ҳукми иҷро нагирифтааст, дар сурати амалӣ шуданаш ба гурӯҳе аз маҳкумшудагон низ дахл хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, парвандаи ҳар маҳкумшуда дар алоҳидагӣ баррасӣ карда мешавад.

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

"Агар ин шахс бо яке аз ин ду модда – 179 (замимаи 3) ё 307 (замимаи 1) маҳкум шудааст, танҳо барои гузоштани лайк ва барои гузоштани шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пурра аз ҷазо озод карда мешавад. Ё аз адо намудани ҷазои боқимонда озод карда мешавад," - изҳор дошт Ҷӯраев.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, афроде, ки бо ин бандҳои Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шудаанд, барои тезтар озод шуданашон бояд ба вакилони дифои худ муроҷиат кунанд.

Сокинон ба пешниҳоди бекор кардани ҷазо барои "лайк" назарҳои гуногун доранд. Рустам Додов, сокини Душанбе, рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин дигаргунӣ истиқбол мекунад. Зеро ба назари вай, баъзе аз ҷавонон нохудогоҳ ба мавод ё видеое рамзи писанд ё “лайк” мегузоранд ва дар натиҷа бо мушкили ҳуқуқӣ рӯбарӯ мешаванд.

“Бархе тамошо карда истодаанд, ногоҳ ба аломати “лайк” дасташон мерасад. Барои як “лайк” зиндагии одамро вайрон карда истодаанд. Чандин сол менишинанд. Бачаҳои ҷавон. Кори хуб нест. Беҳтарин кор шуд, ки ҳамин ислоҳро пешниҳод карданд”, - илова кард ҳамсуҳбати мо.

Вале дар ин миён нафароне ҳастанд, ки назари дигар доранд. Мустафо Бурҳонзода, сокини Душанбе, рӯзи 28-уми апрел гуфт, ин тағйирот ҳам ҷанбаи мусбат ва ҳам манфӣ дорад.

“Аз як ҷиҳат хуб аст. Барои он ки одамоне ҳастанд, ки ҳамин чизро намедонанд. Одаме ҳаст, ки саводаш камтар аст. “Лайк” мемонад ва ҳамин тавр аз пушти он дар зиндон менишинад. Аз тарафи дигар хуб буд, ки одамон, бачаҳои ҷавон ба роҳҳои бад намерафтанд”, - илова кард Бурҳонзода.

Видео:

Кай ҷазо барои "LIKE" расман лағв мегардад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Вакилони порлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳро ба ду банди Кодекси ҷиноӣ, ки ҷазо барои гузоштани "лайк" дар шабакаҳои иҷтимоиро пурра бекор мекунад, рӯзи 10-уми апрели имсол пазируфтанд. Ҳоло он бояд нахуст аз сӯи Маҷлиси миллӣ қабул ва сипас аз сӯи раисҷумҳури кишвар имзо шавад.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои, ба гуфтаи мақомот, дорои хусусияти ифротӣ ҷазо гирифтаанд.

Мақомот навору навиштаҳои мухолифон ва созмонҳои мамнуъ дар кишварро ифротӣ мешиносанд, ҳарчанд корбарон онҳоро танқиди барҳақ медонанд ва зерашон “лайк” мегузоранд.

Вакилони порлумони Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2018 дар пайи ислоҳи Кодекси ҷиноии кишвар дар қонунгузорӣ “сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет”-ро ҷурм шинохтанд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои “лайк” маъруф аст.

XS
SM
MD
LG