Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: тафтиши парвандаи "табаддулот" ду моҳ дароз карда шуд


Дар акс: Ҳамроҳхон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов
Дар акс: Ҳамроҳхон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов

Додситонии кулли Тоҷикистон муҳлати тафтиши парвандаи шуморе аз чеҳраҳои шинохтаро то ду моҳи дигар дароз кардааст.

Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд қазияи Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор дар аввали моҳи сентябр ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шавад.

Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, пеш аз фиристодан ба додгоҳ, парвандаи ин афрод дигарбора баррасӣ ва “тафтишу бандубасти қазия нокофӣ дониста шуд.” Манбаъ нагуфт, ки ин тасмим аз сӯйи кӣ ё кадом ниҳоде гирифта шудааст. Радиои Озодӣ комёб нашуд назари Додситонии кулли Тоҷикистонро дар ин бора дастрас кунад.

Рӯзи 21-уми октябр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки парвандаи чеҳраҳои шинохта то ҳол ба дасти онҳо нарасидааст.

Додситонии кулл
Додситонии кулл

Дароз шудани муҳлати тафтишот дар ҳоле рух медиҳад, ки ҳафтаи гузашта наздикони бархе аз ин афрод ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, додситонӣ парвандаро рӯзҳои наздик ба додгоҳ мефиристад.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Саъидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов ба талош барои ғасби қудрат (моддаи 306-и Кодекси ҷиноятӣ) муттаҳам мешаванд. Илова бар ин алайҳи чанде аз ин чеҳраҳои шинохта бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ (моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) ҳам парванда боз шудаанд. Ин ду иттиҳом солҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Назари шахсони боздоштшуда ва наздикони онҳо маълум нест. Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.

Ба гуфтаи наздиконашон, ҳамаи ин боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат ҳастанд. Дар поёни ҳафтаи гузашта онҳо аз муоинаи пизишкӣ гузаштаанд ва ба гуфтаи наздиконашон табибон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ кардаанд.

Ба гуфтаи пайвандон, бархе аз ин афрод то кунун вакили дифоъ надоранд. Наздиконашон ҳам аз замони боздошт то ҳол онҳоро надидаанд.

Дар пайванд ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода то кунун боздошти Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ ва Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ расонаӣ шудааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кули Тоҷикистон, рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, боздошти ҳамаи ин афрод ба қазияи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, рабт дорад. Усмонзодаро расман ба “кӯшиши табаддулоти давлативу ғасби ҳокимият” муттаҳам медонанд.

Боздошти баъзе аз чеҳраҳои маъруф дар моҳи майи имсол сар шуд. Пайвандон ва вакилони дифои афроди боздоштшуда аз суҳбат ва ҳамкорӣ бо расонаҳо худдорӣ мекунанд ва мегӯянд ба далели махфӣ будани парванда ҳаққи ошкор кардани ҷузъиёти онро надоранд.

XS
SM
MD
LG