Раёсати ҷумҳуриявии сабти ҳолати шаҳрвандӣ мегӯянд, издивоҷи духтарони тоҷик бо мардҳои хориҷӣ назар ба соли гузашта дастикам 6 баробар камтар шудааст. Ба ақидаи кормандони идораҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ, тағйир дар Қонуни оила, ки аз хориҷиён харидани манзил барои арӯси тоҷикро талаб мекунад, сабаби коҳиши издивоҷи хориҷиён бо бонувони тоҷик шудааст.
Бино бар ин тағйирот, домоди хориҷӣ бояд барои арӯси худ пеш аз ақди никоҳ хона харидорӣ кунад ва ҳамчунин собит намояд, ки барои зиндагии муштарак сармояи кофӣ дорад.
Нисо Холдорбекова, раҳбари Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Ҳисор мегӯяд, бо шунидани ин шартҳо тамоми ишқу муҳаббати мардони хориҷӣ ба духтарони тоҷик дар як лаҳза “бухор” мешавад. Ба гуфтаи ӯ, агар соли соли гузашта танҳо дар ноҳияи Ҳисор 7 шаҳрванди хориҷӣ ақди никоҳи худро сабт карда бошад, имсол то ҳанӯз ягон мавриди никоҳ бо хориҷиён сабт нашудааст.
Нисо Холдорбекова афзуд: «Баъди он ки ман ба он шаҳрвандон шартҳои аз ақди никоҳи давлатӣ гузаштани шаҳрвандони хориҷиро мутобиқи тағйироту иловаҳо фаҳмонидам, ҳатто ариза надода, баромада рафтанду дигар муроҷиат накарданд. Яке аз онҳо шаҳрванди Амрико буд ва ду нафари дигарашон - шаҳрвандони Афғонистон.»
Сардори шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҳисор зикр кард, ки ҳадафи бештари шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд бо духтарони тоҷик издивоҷ кунанд, ба даст овардани шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Ин буд, ки дар гузашта бештари духтароне, ки бо хориҷиён издивоҷ мекарданд, пас аз бароварда шудани ниёзи домод дар нимароҳ мемонданд.
Ҳамчунин ба иддаои масъулон, сабаби дигари таваҷҷӯҳи бештари мардони хориҷӣ, ба хусус афғонҳову эрониҳо ба занони тоҷик, набудани пули маҳр ё кам будани маблағи қалин дар Тоҷикистон аст. Издивоҷ дар кишвари худашон барои онҳо хеле гаронтар тамом мешавад.
Аммо намешавад гуфт, издивоҷ бо хориҷиён тамоман қатъ шудааст. Дар муқоиса ба ноҳияи Ҳисор дар шаҳри Турсунзода дар шаш моҳи гузашта як мавриди издивоҷи хориҷӣ бо тоҷик сабт шудааст. Аммо ба гуфтаи Лайло Раҷабова, сардори идораи сабти ҳолати шаҳрвандии шаҳри Турсунзода дар солҳои пеш ин маворид бештар ба мушоҳида мерасид.
Хонум Раҷабова риояи қавонини марбут ба издивоҷ, ба хусус бо хориҷиёнро як амри зарурӣ медонад: «Ҳуҷҷатҳои замимашаванда оиди ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд: ариза дар бораи ба қайдгирии давлатии ақди никоҳ, яъне шакли шонздаҳ, дорои маълумотнома аз хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оиди истиқомати шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар қаламрави Тоҷикистон на камтар аз як сол. Аҳдномаи никоҳе, ки то сабти ақди никоҳ баста шудааст ва дорои шартҳои ҳатмии зерин мебошад. Муносибатҳои молумулки тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк, ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон ва ба манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон, нигоҳубини ҳамсари эҳтиёҷманд.»
Агар як сол пеш аз тағйир дар Кодекси оила, тибқи иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон, 700 шаҳрванди хориҷӣ бо бонувони тоҷик издивоҷ карда бошанд, дар соли 2012 ин шумора то ба 300 ва дар шаш моҳи аввали соли 2013 то ба 57 поин омад. Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, натиҷаи ислоҳи қонун ин шуд, ки чунин никоҳҳо сабаб гашт, издивоҷҳо дар қаламрави Тоҷикистон сурат нагиранд.
Марҳабо Зунунова, раҳбари ташкилоти «Никоҳ ва оила» мегӯяд, ислоҳи Кодекси оила натиҷаи ба сурати умум манфӣ додааст: «Фоизи никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ бо тоҷикдухтарон тибқи омори расмӣ гӯё якбора коҳиш ёфтааст, аммо дар асл шояд чунин набошад. Ман гумон мекунам, ки эҳтимол хориҷиҳо ё духтарони тоҷик қабул доранд, то никоҳи худро расман сабт накарда, танҳо никоҳи мусалмонӣ кунанд, ки ин барои онҳо қулайтар аст.»
Марҳабо Зунунова мегӯяд, беҳтар мебуд, дар қонун зикр намегардид, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои зани тоҷик бояд ҳатман хона бихарад. Барои он ки мардони тоҷик ҳам ба занҳои хориҷӣ оиладор мешаванд ва пас онҳо низ бояд ин корро бикунанд. Аз сӯйи дигар, мегӯяд ӯ, набояд фаромӯш кард, ки аксари мардони тоҷик дар муҳоҷиратанд ва аммо духтарҳо бояд шавҳар кунанд. Ба андешаи хонум Зунунова, духтареро, ки аз ҳуқуқи худ огоҳ нест, нафақат мардони хориҷӣ, балки мардони тоҷик ҳам метавонад дар нимароҳ гузоранд.
Дилором, ки як сол пеш бо ҳамсабақи арабаш издивоҷ кардааст, мегӯяд, онҳо дар яке аз донишгоҳҳои Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия таҳсил мекардаанд ва оилаи худро бар пояи муҳаббат сохтаанд. Дилором меафзояд, бо ин вуҷуд падараш бо сафорати Тоҷикистон дар Арабистон ва сафорати Арабистон дар Душанбе гуфтугӯ карда, баъди дақиқ кардани шахсияти домод ба ин издивоҷ розигӣ додаст.
Дилором мегӯяд, маросими хонадоршавияшон комилан тоҷикона гузаштааст: «Онҳо омаданд, дар ҳамин ҷо худамон тӯй кардем. Мисли тоҷикон, ки барои арӯс либосвор меоранд, онҳо ҳам сарупо оварданд.»
Дилором мегӯяд, домоди араб барои ӯ 25 ҳазор доллари амрикоӣ пули маҳр низ додааст, аммо хонааш нахаридааст.