Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи 4 милиса барои 26 осори зарбу лат дар бадани як боздоштшуда


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ баъзе аз ҷузъиёти парвандаи чор маъмури милисаи Хуҷандро ба даст овард, ки ба шиканҷаи як боздоштшуда гумонзад ҳастанд. Муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд ва се зердасташ ба он муттаҳам мешаванд, ки Неъмат Ашӯровро боздошт карда, ҳангоми бозпурсӣ азоб додаанд.

Намояндагони Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа рӯзи 30-юми октябр ин қазияро дар сомонаашон шарҳ доданд. Ба гузориши Эътилоф, кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 22-юми феврали имсол шахсеро бо номи Неъмат Ашӯрматов бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир карда, нисбат ба ӯ бадрафторӣ намудаанд.

“Ҳангоми дар бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд қарор доштани Ашӯрматов, ӯ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст,” -- гуфта шудааст дар гузориши Эътилофи зидди шиканҷа.

Ин манбаъ навиштааст, санҷиши пизишкӣ дар бадани ин боздоштшуда 26 пайи боқимонда аз зарбу латро исбот кардаст. Додситонии вилояти Суғд 29-уми апрели имсол барои шиканҷаи ин боздоштшуда, нисбат ба чор корманди пулиси шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Аз инҳо якеаш бо насаби Нарзуллозода, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ва се тани дигар зердастони ӯ будаанд.

Се корманди милиса боздошт шуда, якеаш фирор кардааст. Моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ҷарима ё то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари кормандони пулис ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.

Як боздоштшударо сахт задаанд, Ҷузъиёти парвандаи чор милиса
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Хабарнигори Радиои Озодӣ моҳи августи имсол аз Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, дар бораи дастгир шудани ин кормандони милиса пурсид. Хоҷазода шарҳи зиёд надод. Ӯ танҳо гуфт, ба ҷуз иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, муовини пешини сардори ШКД-и Хуҷанд ба қаллобӣ ҳам гумонбар аст.

Дар додситонии вилояти Суғд ва ҳам Эътилофи зидди шиканҷа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тафтиши парванда идома дорад. Эътилофи зидди шиканҷа барои ҳимояи боздоштшуда Неъмат Ашӯрматов вакили дифоъ додааст.

Намояндагони Эътилоф гуфтанд, вакили мудофеъ дархост кард, ки рафтори чор маъмури милиса на бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, балки бо банди шиканҷа баррасӣ шавад. Ин дархост рад шудааст.

Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад.

Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, ки дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист. Мақомоти Тоҷикистон онро “худиқрорӣ” меноманд, ҳарчанд марги мармузи баъзе аз боздоштшудаҳо гуфтаҳои мақомотро зери суол мебарад.

XS
SM
MD
LG