Онҳо барои ҳалли ин мушкилӣ рӯзи 31-юми июл аз панҷ созмон, аз ҷумла Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ва Салиби Сурх; намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафорати кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе мадад хостанд.
“Риояи уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон, раҳоии зиндониёне, ки ноодилона маҳкум шудаанд; боздиди намояндагони созмонҳо ва сафоратҳо аз зиндонҳо ва ошноӣ бо вазъи маҳбусони сиёсӣ” аз ҷумлаи дархостҳои онҳост.
Илҳомҷон Ёқубов, раиси “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”, рӯзи 31-уми июл гуфт: “Ҳукумат ва мақомоти қудратии Тоҷикистон пайваста ва шадидан аз тарафи мухолифон ва созмонҳои ҷаҳонӣ барои поймоли ҳуқуқи инсон танқид мешаванд. Вале нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии одамон на танҳо давом дорад, балки тақвият ёфтааст ва як амали одӣ ва маъмулӣ шудааст.”
Ёқубов гуфт, “мақомоти қудратии Тоҷикистон барои фишор овардани ба мухолифон нисбати хешу табори онҳо парванда сохта, таҳти шиканҷа ва ҷазодиҳӣ қарор медиҳанд. Новобаста аз уҳдадориҳои ба зимма гирифтааш ҳукумати Тоҷикистон ин амали зишту ғайриқонуниро ба муқобили мухолифони сиёсӣ ва ҳатто мардуми одӣ васеъ истифода мебарад.”
Ба қалви ӯ, барои тақвияти нигаронии худ ба созмонҳои байнулмилалӣ рӯйхати беш аз 20 мавриди ҷазодиҳии дастҷамъӣ ва ҳукми пайвандони мухолифонро низ овардаанд. Ин феҳраст аз Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммад то Хурсанд Мамадшоев, бародари Улфатхоним Мамадшоевро дар бар мегирад.
Муаллифони изҳорот гуфтаанд, чунин навъи ҷазодиҳӣ “на танҳо ҳуқуқ ва озодии шахсиро поймол мекунад, балки ба беадолатӣ ва зӯроварии ҳуқуқии давлатӣ сабаб мешавад.”
Созмону кишварҳои ғарбӣ солҳои охир пайваста ҳукумати Тоҷикистонро ба саркӯби норозиён танқид мекунанд. Бо вуҷуди дархости баткрори онҳо, мақомот дар Душанбе ё сукут ихтиёр кардаанд ва ё аз тасмими худ барои боздошту ҳабси баъзе аз мунтақидон ва наздикони мухолифон ҳимоят кардаанд.
“Бунёди Бузургмеҳр” созмони мустақили ҳуқуқист. “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” як созмони узви Паймони Миллӣ, эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷиу аст ва фаъъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст.