Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду намояндагии ба ҳам зидди Афғонистон дар Тоҷикистон. Кӣ чӣ кор мекунад?


Акси Зоҳир Ағбар ва Нақибуллоҳ Деҳқонзода
Акси Зоҳир Ағбар ва Нақибуллоҳ Деҳқонзода

Сурайё Ҳошимӣ, муҳоҷири афғонистонии муқими Тоҷикистон, ду фарзанди маълул (камтавон) дорад. Дар сӯхтори манзили иҷорааш дар ноҳияи Рӯдакӣ тамоми ҳуҷҷатҳояшро аз даст дод. Бо вуҷуди фаъол будани сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе, ӯ барои барқарории аснодаш ба Консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғ муроҷиат кард, ки ба иддаои масъулонаш зери итоати "Толибон" аст.

"Аз Консулгарӣ аз Нақибуллоҳ Деҳқонзода гирифтем. Агар аз онҳо эътибор намедошт, шиносномаҳо чӣ гуна омаданд?" – гуфт Сурайё Ҳошимӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Пас аз дубора ба қудрат расидани ҳаракати тундрави "Толибон" дар соли 2021, Тоҷикистон бар хилофи ҳамсояҳои дигари худ дар Осиёи Миёна сафорати Афғонистонро дар Душанбе нигоҳ дошт. Ин сафорат ҳанӯз дар ихтиёри намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон Зоҳири Ағбар аст.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе
Сафорати Афғонистон дар Душанбе

Ҳарчанд “Толибон” борҳо эълон кардаанд, ки сафиру сафорат аз онҳо намояндагӣ намекунад ва санадҳояш эътибор надорад, Зоҳири Ағбар худро намояндаи сиёсии мардуми Афғонистон дар Тоҷикистон медонад. Ҳамчунин, вай аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба маҳфил ва маҷлисҳои расмӣ даъват мешавад ва дар қатори сафирони дигар дар нишастҳои расмӣ ширкат мекунад.

Гузашта аз ин, ҳоло дар қисме аз бинои сафорат мактаби фарзандони муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон бо номи “Сомониён” низ фаъол аст, ки беш аз 500 донишомӯз дорад.

Дар баробари ин, Нақибуллоҳ Деҳқонзода, консули генералии Афғонистон дар Хоруғ, борҳо эълон кардааст, ки ниҳоди онҳо зери ҳокимияти “Толибон” амал ва аз ҳукумати ин гурӯҳ дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ
Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ

Ҳарчанд ду намояндагии як давлат дар Душанбе ба машруъ ё қонунӣ будани худ таъкид мекунанд, мавридҳое сабт шудааст, ки масъулони марзбонии “Толибон” ҳангоми ба ҳудуди Афғонистон ворид шудани мусофирон раводиди додаи сафоратро дар Душанбе напазируфтанд.

Маҳмуд, як соҳибкори Афғонистон дар Душанбе, рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ширкатҳояш аз Афғонистон коргар меорад. Ду сол пеш масъулони “Толибон” дигар коргаронро иҷозаи баргашт надоданд, чун тамдиди ҳуҷҷатҳо дар сафорат сурат гирифта буд.

“Ҳоло мо тамоми аснодро ба воситаи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ расмӣ мекунем”, -- мегӯяд ӯ.

Тақрибан ду сол пеш Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе як фармони вазири корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақиро дар ҳузури хабарнигорон пора кард. Дар он нома намояндаи “Толибон” котиби аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Аммо дар моҳи июли соли 2023 ҳукумати “Толибон” ба мақомоти Тоҷикистон номае фиристодааст, ки Радиои Озодӣ ба он шинос шуд. Дар нома гуфта мешавад, ки “ба адами мавҷудияти шаффофият дар умури сафорат” тамоми хадамоти он аз 29-уми июли соли 2023, аз ҷумла судуру тамдиди шиноснома, виза ва ҳуҷҷатҳои дигар беэътибор аст.

Дар нома гуфта мешавад, ки сафир ва масъулони дигари сафорат барканор шуда, ҳаққи истифода аз пул, ҳисоби бонкӣ, молу мулки сафорат ва имтиёзҳои дипломатиро надоранд.

Мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора маълум нест, вале замони сар задани баҳсҳо Вазорати корҳои хориҷӣ гуфта буд, ки ин мавзуъро шарҳ намедиҳад.

Фаҳими Кӯҳдоманӣ
Фаҳими Кӯҳдоманӣ

Фаҳим Кӯҳдоманӣ, дипломати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт: "То ҳанӯз, мутаассифона, тасмимҳое, ки дар аксар кишварҳои Осиёи Миёна гирифта мешавад, на бар асоси воқеиятҳои мавҷуд дар минтақа, балки бар асоси тасмимест, ки дар Маскав гирифта мешавад. Дар ду даҳаи ҷумҳурият дар Афғонистон низ русҳо ва баъзе кишварҳои дигар дар минтақа, ки бо ҳузури Амрико мухолиф буданд, аз “Толибон” ҳимоят карданд.”

Тоҷикистон баъд аз вожгунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои эътирофи ҳукумати “Толибон” шартҳои мушаххасе гузошта буд, ки ташкили ҳукумати фарогир яке аз онҳост. Бо вуҷуди ҳамаи ин, равобити гуногуне бо ин гурӯҳи ҳоким дар Кобул дорад. Ҳузури намояндаи Тоҷикистон дар Кобул ва кори Консулгарии зери ҳокимияти “Толибон” дар Хоруғ сатҳи болотарини он аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ду намояндагии Афғонистон дар Тоҷикистон. Кӣ чӣ кор мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00
XS
SM
MD
LG