“Моро дар ҷойи кор қапида, ба Додгоҳ бурданд. Аз онҷо ба Боздоштгоҳи муваққатӣ. 15 шабонарӯз маҳкам карданд. Бо пули худ билет гирифтем, ба Тоҷикистон фиристоданд. Сабаб ин буд, ки ман бояд ҳаққи дарозмуддати иқомат мегирифтам ва набояд кор мекардам," – нақл кард Шамсулло Наҷмиддинов.
Муҳоҷир дуруст мегӯяд ё вазир?
Ин шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон мегӯяд, аксар хешу табораш шаҳрвандии Русияро доранд, аммо пас аз ҳодисаи «Крокус» фишор болои муҳоҷирон зиёд шуд ва «ҳуҷҷатдору беҳуҷҷатро дастгиру ихроҷ мекунанд». Аз назари ин муҳоҷир, барои камбудии ӯ қонунгузории Русия ҳамагӣ ҷарима пешбинӣ кардааст, вале ӯро ронданд.
«Дар коргоҳ 60 кас будем, ду нафарамонро ҷавоб доданд. Яке ноболиғу якеи дигар студент буд. 58 нафари дигарро ба Тоҷикистон фиристоданд. Баъзеҳо ҳуҷҷат надоштанд, бархе сабтином шуда, барои патент супорида буданд, аммо депорт карданд. Онҳо патентҳояшонро мунтазир буданд,» -- гуфт ин муҳоҷир.
Русия дар соли 2024 фишорро болои муҳоҷирон зиёд кард ва рӯздармиён қонунгузории муҳоҷирати худро тағйир медиҳаду сахттар мекунад. Танҳо дар 6 моҳи ин сол 176 ҳазор рейд гузаронида, 92 ҳазор нафарро ронд ва 150 ҳазор нафарро иҷозаи вуруд надод.
Гулнора Ҳасанзода, вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон далелҳои ихроҷ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро қонунвайронкунии худи онҳо донист: "Бо сабабҳои гуногун, қонунвайронкуниҳои қаблан содиршуда, риоя нашудани қонунгузории муҳоҷират, надонистани забон ва одоб шаҳрвандон бозпас гардонда шуда истодаанд. Тибқи маълумоти ҷониби Русия, танҳо дар 6 моҳи соли равон ихроҷи зиёда аз 17 ҳазор нафар сабт шудааст."
Аммо Русия дар моҳҳои апрелу май шумори зиёди шаҳрвандону муҳоҷирони тоҷикро ҳатто дар фурудгоҳҳо иҷозаи вуруд надод. Бо баҳонаҳои ночиз, аксаран бидуни ҳеч баҳонае, бозпас гардонд ва барои солҳои дароз аз ҳаққи вуруд ба қаламраваш маҳрум кард.
"Ҳуҷҷат дорӣ ё надорӣ, меронанд"
Абдуалӣ Муъминов, сокини Душанбе, муҳоҷири дигари ихроҷшуда, ҳоло дар яке аз мардикорбозорҳои Душанбе бо мошин боркашонӣ мекунад: "Бе ҳеч чиз қапиданд, 5 сол депортатсия карданд. Ҳамаи ҳуҷҷатро доштам, патент доштам, сабтином доштам. Ронандаи мошини калон будам дар Маскав. Бе асос ронданд, худам ҳам ҳайрон. Даҳ рӯз вақт дода, гуфтанд, барову бирав."
Акнун муҳоҷирони рондашуда ба мушкили пайдо кардани ҷойи кори муносиб рӯ ба рӯ шудаанд. Шамсулло Наҷмиддинов баъд аз ду моҳ бекорӣ дар Тоҷикистон, ҳоло дар як коргоҳи хусусӣ аз субҳ то шом кор мекунад ва танҳо нимашаб фурсат ёфт, ки бо мо суҳбат кунад.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин муҳоҷирон дар дохил бо маоши 5-6 ҳазор сомонӣ кор намекунанд: «Мо пушти муҳоҷиронро гирифтанамон даркор, лекин дар ҳолате ки вайҳо саркашӣ мекунанд, мо баъзе ҳолатҳо, бовар кунед, аз Душанбе оварда кор карда истодаем, аз Бохтар оварда истодаем.»
Дар ҳоле ки раиси Данғара муҳоҷирони бозгаштаро ба танбалӣ айбдор карда ва Тоҷикистон омода нест, онҳоро бо кору даромади хуб таъмин кунад, ваъдаи деринаи бештар кардани самтҳои муҳоҷират ҳам дар сатҳи ваъдаву нақша мондааст. Вазири меҳнат мегӯяд, иҷрои он бояд марҳила ба марҳила пеш равад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар сол?
Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси соҳаи муҳоҷират бар ин аст, ки «мутаассифона, ҳоло дар Тоҷикистон кам ширкатҳое ҳастанд, ки метавонанд бо ҷойи кор дар хориҷа таъмин кунанд. Бояд дар самти ба кор таъмин кардан, ҳам Вазорати меҳнат ва ҳам Хадамоти муҳоҷират кор кунанд ва ширкатҳои дохилие, ки метавонанд бо иҷозатнома ба хориҷи дур сафарбар кунанд, бо онҳо кор кунанд. Ҳамчунин шартномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расад, то ин ки дастуре бошад барои ширкатҳо, ки муҳоҷиронро омода кунанд».
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ду-се соли охир шумораи муҳоҷиронро ба Русия кам кардаанд. Шӯҳрат Латифӣ бовар дорад, ки қисме аз муҳоҷирон ба дадели вазъи сиёсӣ ва ҷанге, ки Русия бо Украина дорад, он кишварро тарк кардаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ба бозори кор 150-160 ҳазор қувваи нав ворид мешавад. Вазорати меҳнат омор медиҳад, ки ҳар сол беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор эҷод мешавад, аммо даҳҳо муҳоҷири бозгашта мегӯянд, ягон ҷойи кор пайдо накарданд.
Шамсулло Наҷмиддинов, ки зану се фарзанд дорад, мегӯяд, агар фурсат шавад, боз ба Русия меравад. Абдуалӣ Муъминов ҳам мегӯяд, бо вуҷуди таҳқиру азобу уқубате, ки мебинанд, боз ҳам мехоҳад, роҳи Русияро дар пеш гирад: "Ҳақиқаташ, ин ҷо барои рӯзгор мешавад, аммо ҷамъ намешавад. Он ҷо метавонӣ ҳам харҷи хӯрданро кор кунӣ, боз миқдоре ҳам равон кунӣ, ки ин ҷо ҷамъ кунанд."
Ихроҷшудаҳое, ки ба мисли Абдуалӣ меандешанд, кам нестанд, вале дар дуроҳаи сарнавишт банд мондаанд. Мегӯянд, ватан дар фикри онҳо нест.