Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарима ва ихроҷ. Тафтиши даҳҳо муҳоҷири корӣ дар Хабаровск


Акс аз навори мақомоти Русия
Акс аз навори мақомоти Русия

Вазорати корҳои дохилии Русия аз тафтишу ихроҷи теъдоди дигаре аз муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, хабар дод.

Вазорат рӯзи 28-уми август бо нашри баёния ва видео гуфт, маъмурони пулис дар Хабаровск ҳангоми амалиёт дар чанде аз сохтмонҳои шаҳр 27 мавриди қонуншиканиро дар байни 50 муҳоҷир ошкор карда, амр додаанд, ки се нафари онҳо "депортатсия" ё ронда шаванд.

Маълум нест, ки чанд нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд.

Дар наворе, ки Вазорати умури дохилии Русия нашр кард, дида мешавад, чӣ гуна маъмурони пулис даҳҳо муҳоҷирро қатор карда, ба навор мегиранд. Ҳамзамон санадҳои онҳоро тафтиш мекунанд ва гуруҳеро ҳам ба автобус савор мекунанд.

Дар баёнияи расмии ВКД-и Русия омадааст, ки 27 муҳоҷир қонуну қоидаҳои кор ва иқоматро риоя накарданд ва барои ин корашон ҷарима баста мешаванд.

Агарчӣ дар Русия вазъи муҳоҷирон дар гузашта ҳам чандон хуб набуд, пас аз ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии "Крокус" дар моҳи март бадтар шуд. Расонаҳои Русия пайваста аз тафтишу боздошти муҳоҷирони корӣ гузориш медиҳанд.

Айни замон муҳоҷирон мегӯянд, агар тамоми санадҳоро дошта бошанд, низ онҳоро озору азият ва ё аз Русия ихроҷ мекунанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти интизомии Русия аз ин роҳ мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, танҳо дар 6 моҳи гузашта аз ин кишвар бештар аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд.

XS
SM
MD
LG