Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санадҳои нави робитаи TeliaSonera ва Гулнора Каримова


Ҳуҷҷатҳои махфӣ, ба эҳтимоли зиёд парда аз рӯйи ҳамкориҳои TeliaSonera ва Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон хоҳанд бардошт.

Фаррух Юсуфов, Дейзӣ Синделар

Ҳуҷҷат ва санадҳое дастраси матбуот гаштанд, ки бино бар онҳо дар ивази маблағи чандмиллиондолларӣ ба ширкати шведсиягии TeliaSonera “ҳимояи маъмурӣ”-и давлати Узбакистон кафолат дода шудааст. Ин ҳуҷҷатҳоро, ки бархе аз қисматҳояш дастнавис буда, як шахси номаълум онҳоро ба Телевизиони ҷамъиятии Шведсия расондааст, шубҳаи ришвагирии Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистонро аз ширкати мобилии TeliaSonera тақвият медиҳанд.

Аммо барои рӯшан кардани ҳақиқат Телевизиони ҷамъиятии Шведсия ва бахши узбакии Радиои Озодӣ як пажӯҳиши муштарак анҷом доданд, ки натиҷаҳояш ин ҷо пешкаш мешаванд.

СОЯДАСТИ ИФШОКУНАНДА

Дар ин аснод шартҳои фаъолияти ширкати TeliaSonera дар Узбакистон баррасӣ шуда, бархе аз талабҳо дар байни сатрҳои чопӣ аз даст навишта шудаанд. Дар ҳоле ки хатшиносон ин дастнависҳоро ба Гулнора Каримова нисбат медиҳанд, бино бар яке аз онҳо, барои озод шудани ширкати TeliaSonera аз тафтиши идораҳои андоз, гумрук, кумитаи зидди монополӣ, ширкати давлатии “Узбектелеком” ва Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон он бояд 15 миллион доллар диҳад ва маъракаҳои созмони иҷтимоии Гулнора Каримова “Фонд Форум”-ро сармоягузорӣ кунад.

Рӯзи 31-уми июни соли 2012 TeliaSonera ин шартро пазируфта, аммо хостааст, маблағи умумӣ 12 миллион доллар бошад. Аммо дар рӯйи санади чопӣ бо даст навишта шудааст, ки нарх тағйир нахоҳад кард.

Дар санади дигар ба ширкати TeliaSonera ваъда шудааст, ки дар ивази 5 миллион доллар шумораи муштариёни он афзоиш дода хоҳад шуд, вале агар ин афзоиш аз 2 миллион муштарӣ бештар шавад, нарх низ боло хоҳад рафт. Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки афзоиши муштариёни TeliaSonera эҳтимолан аз ҳисоби онҳое дар назар дошта шудааст, ки муштарии ширкати русии “МТС” буданд ва нома баъд аз 10 рӯзи бо қарори додгоҳ баста шудани ин ширкат, яъне 27-уми июли соли 2012 навишта шудааст. Зимнан, муайян гаштааст, ки чандин миллион нафар аз муштариёни пешини “МТС” баъд аз қатъи кори он ба ширкати Ucell, ки мансуби TeliaSonera аст, пайвастаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим


Дар ин ҳуҷҷатҳо ҳамчунин амалкардҳои марбут ба ширкатҳои чинии Huawei, русии “МТС” ва Билайни марбут ба VimpelCom Ltd. Зикр ёфтаанд. Дар поварақи яке аз онҳо саволе дастӣ навишта шудааст, ки оё корҳои бо Билайн хубанд ё не?

Дар санадҳои марбут ба TeliaSonera гуфта шудааст, ки шартҳои марбут ба 15 миллион доллар дар қарордод ба шакли нофаҳмо ва маҷозӣ зикр хоҳанд шуд. Дар ҳошияи он дастхатте ҳаст, ки ҳаргиз ва ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ куҷо набояд аз “Фонд Форум” ном бурда шавад.

ҚОСИД АЗ МАСКАВ

Ин ҳуҷҷатҳоро дар моҳи феврали соли равон шахсе аз Маскав ба Телевизиони ҷамъиятии Шведсия расондааст, ки ҳувияти худро ошкор намекунад. Пеш аз овардани санадҳо ва дар авҷи моҷароҳои марбут ба ширкати TeliaSonera, ки бахши асосии саҳмияҳояш ба ҳукуматҳои Шведсия ва Финландия тааллуқ дорад, шахсе, ки худро Александр номидааст, ба идораи телевизион занг зада ин аснодро пешниҳод кардааст.

На танҳо муҳтавои ҳуҷҷатҳо, балки дастнависи ҳошия ва поварақи онҳо дар ифшои шахсе пураҳамиятанд, ки аз додугирифт бо TeliaSonera миллионҳо доллар фоида гирифтаст. Бахши узбакии Радиои Озодӣ ин дастнависҳо ва яке аз намунаҳои хатти Гулнора Каримоваро барои ташхис Пажӯҳишгоҳи графология ё хатшиносии Исроил фиристод. Аммо дар ин дархост гуфта нашуд, ки хат мумкин аст, ба Каримова тааллуқ дошта бошад.

Мудири ин пажӯҳишгоҳ, хатшиноси додгоҳӣ Инесса Голдберг пас аз таҳқиқи хат меӯяд: “Дастхат занона аст. Хатти як зани миёнсол, хеле фаъол, қудратхоҳ, сарватталаб, тадбиркор ва касе, ки ба арзишҳои маънавӣ тан намедиҳад.”

Пас аз муқоисаи соядасти Гулнора Каримова ва ҳошиянависиҳои асноди марбут ба TeliaSonera хонуми Голдберг гуфтааст, ҳар ду хат бо ҳам 23 ҷиҳати муштарак доранд ва эҳтимоли он ки ҳарду хатро як кас навишта бошад, 75 дарсад аст. Коршиносони дигар мегӯянд, 25 дарсади фарқро ба фосилаи замонии байни ду дастнавис ва ҳолати равонии нависанда рабт медиҳанд.

Корманди Телевизиони ҷамъиятии Шведсия, Йоахим Дифвермарк мегӯяд, ибтидо ин ҳуҷҷатҳоро хатшиносони швед мавриди омӯзиш қарор доданд, вале азбаски онҳо дар таҳқиқи хатти сириллик таҷрибаи кофӣ надоштанд, ба Радиои Озодӣ пешниҳод шуд, аснодро бо хатшиносони дигар дар миён гузорад.

Ҳамзамон аз корогоҳ ва муфаттиши собиқи полис, Ларс Ҳаммар, ки чандин ҷинояти сангини молиявии Шведсияро “боз кардааст”, хоста шуд, дар бораи санадҳо назар диҳад. Вай мегӯяд: “Ба таҳлили ин ҳуҷҷатҳо талош кардам. Касе, ки онҳоро навиштааст, шахсест, ки чизҳои зиёдеро медонад ва дар ҷараёни корҳои зиёдест. Агар ҳуҷҷат ҳақиқӣ бошад, ин ҳолати нигаронкунанда аст, ки ширкати TeliaSonera дар тӯли солҳо дар Узбакистон пора дода, кори худро пеш бурдааст.”

ОЗМУНИ ВОҚЕИЯТ

Агар нукоте, ки дар ин санадҳо омадааст, дар воқеият дида намешуд, шояд онҳо беаҳамият шумруда мешуданд. Фактҳо ингунаанд, ки ширкати TeliaSonera хеле дертар аз ширкатҳои дигари ҷаҳонӣ, дар соли 2007 вориди бозори Узбакистон шуда бошад ҳам, дар муддати кӯтоҳ бахши асосии ин бозорро ба даст гирифт. Он сармоягузори даҳҳо ҷашнвораву маъракаҳое будаст, ки бо ташаббуси Гулнора Каримова баргузор шудаанд. Шикасти “МТС” дар бозори Узбакистон боз ҳам сабаби густариши TeliaSonera гаштааст.

Ҷон Девӣ, ки дар соли 2008 мудир кулли ширкати Ucell-и TeliaSonera дар Узбакистон буд, дар филми мустанади Телевизиони ҷамъиятии Шведсия иқрор кардааст, ки барои гирифтани иҷозати кор ва таҳияи шароити фаъолият дар Узбакистон 320 миллион доллар додааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, агар бо ин роҳ намерафт, ҳукуматдорон дар Узбакистон ҳар сари чанд вақт барои ширкат мушкилоте ба миён меоварданд.

Дар санадҳо гуфта мешавад, ҳамаи маблағҳо бояд дар ҳисоби муайян дар бонки “Ломбард”-и Швейтсария гузошта шавад ва соли гузашта ду шаҳрванди Узбакистон, ки аз афроди Гулнора Каримов шумурда мешаванд, дар толори бонк боздошот ваба шустушӯи пул муттаҳам шуданд. Пас аз пахши филми мустанади телевизионӣ додситонии Шведсия зидди ширкати TeliaSonera парвандаи ҷиноӣ боз кард, раиси он Ларс Нюберг ба истеъфо рафт ва тамоми ҳайати раҳбарии ширкат нав шуд.

Миллионҳо доллар, TeliaSonera ва Гулнора Каримова
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Скан ё рӯйбардори санадҳои наве, ки робитаҳои ғайриқонунии молии ширкати мухобиротии TeliaSonera ва духтари раисиҷумҳури Узбакистон, Гулнора Каримоваро нишон медиҳанд. Ислоҳи ҳуҷҷатҳо, ба эҳтимоли қавӣ, бо дасти Гулнора Каримова анҷом шудааст:






XS
SM
MD
LG