Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кони маъдан - дар ивази маркази гармидиҳӣ (ВИДЕО)


Усмоналӣ Усмонов
Усмоналӣ Усмонов

Тоҷикистон дар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ(МБГ)-и-2-и шаҳри Душанбе ба ширкати чиноии TBEA як кони маъданро дар ноҳия Айнӣ додааст.

Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 30-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт бонкҳои сармоягузорӣ ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ ба бунёди МБГ сармоягузорӣ намекунанд, чунки ин гуна нерӯгоҳҳо асосан дар фасли зимистон кор мекунанду тобистон - не: «Бино бар ин ҳукумати Тоҷикистон ин марказро дар асоси созишномаи «сармоягузорӣ - дар ивази захираҳои табиӣ» бо ширкати чиноии TBEA бунёд кард. Ин ширкат аз Эксимбонки Чин бо масъулияти худаш қарз гирифт ва бо 179 миллион сомонӣ МБГ-2-и Душанберо бо иқтидори 100 мегаватт то моҳи апрели соли равон пурра сохта ба истифода медиҳад. Дар ивази ин нерӯгоҳ ин ширкат аз ноҳияи Айнӣ як кони маъдан хоҳад гирифт.»

Ҷаноби Усмонов нагуфт, ки ин кони кадом маъдан аст, аммо афзуд, нерӯгоҳи бунёдкардаи чиноиҳо ба ҳама стандартҳои экологии Тоҷикистон мувофиқат мекунад ва инро як комиссияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи вазир, мӯриҳои ин нерӯгоҳ бо ду полоишгоҳи муосири барқи ва дигаре латтагӣ муҷаҳаз аст, ки зиёни нерӯгоҳро ба муҳити зист ба ҳадди зарурӣ кам мекунад.

Нахустин нишасти хабарии вазири нави энержӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон тасдиқ кард, ки яке аз 2 полоишгоҳи МБГ-2 дар рӯзҳои аввали кораш нуқсон пайдо кард, вале гуфт, ин нуқсонро билофосила рафъ карданд ва ҳоло ин марказ фаъолият дорад.

Пули барқро боз боло мебаранд

Усмонов, ки ду моҳ қабл ба ҷои Шералӣ Гул вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйин шуд, гуфт, минбаъд ниҳоди зери роҳбариаш ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар дарёҳҳое, ки дар зимистон зиёд камоб намешаванд тамаркуз хоҳад кард: «Дар дарёҳои мо нерӯгоҳҳои зиёд сохтан мумкин. Аммо дар фасли зимистон баробари кам шудани оби дарёҳо самаранокии ин нерӯгоҳҳо кам мешаванд. Мо ҳоло дарёҳоро интихоб карданием, ки дар он неругоҳи иқтидораш на камтар аз 300 мегаватт сохта шавад ва дар фасли зимистон ҳам он на камтар аз 70 дарсади иқтидорашро ҳифз кунад.»

Ҷаноби Усмонов дар масъалаи вазъи кунунии бахши энергетикаи кишвар ҳамчунин гуфт, баҳри худкифо шудани ширкати «Барқи тоҷик» имсол бояд нархи нерӯи барқ боло бурда шавад ва ҳоло гурӯҳи махсуси корӣ таҳти назорати кумитаи антимонополӣ сари ин масъала кор мекунад. Ба таъкиди вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳоло вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик» чандон хуб нест ва ҳатто муттахассисони он моҳҳост, ки маош нагирифтаанд.

Усмонов дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки кай Тоҷикистон мардумашро пурра бо барқ таъмин хоҳад кард, санаи дақиқеро номбар накард, вале гуфт, дар ояндаи наздик ба сохтмони МБГ-ҳо аҳамият хоҳанд дод, чунки ин навъи нерӯгоҳҳо маҳз дар фасли зимистон метавонанд барқ диҳанд. Ба унвони мисол вазир аз нияти ҳукумат ҷиҳати сохтмони чунин як нерӯгоҳ бевосита дар ҳавзаи кони ангишти Шӯроб хабар дод ва гуфт, ки бо як ширкати сармоягузори хориҷӣ дар ин маврид алакай созишнома ба имзо расидааст.

Аммо Роғун...

Зимнан аз буҳрони энергетикӣ раҳо шудани Тоҷикистон бисёре аз коршиносн ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун бастагӣ медиҳанд. Вазири энергетика ва захираҳои об дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ташхиси ҷанбаъҳои экологӣ ва фаннии тарҳи Роғун аз тарафи гуруҳҳои кории таъсисдодаи Бонки ҷаҳонӣ тобистони соли равон ба поён мерасад: «Ҳоло ҳам дар масъалаи аз нерӯгоҳ дар фасли баҳор чӣ миқдор обро сар медиҳад, баландии сарбанд, масъалаи ба зилзила тобовар будани сохтмон гуфтугузор идома дорад. Мутаххасисони тоҷик бояд дар назди масъулони Бонки ҷаҳонӣ исбот кунанд, ки сохтмони ин нерӯгоҳ дуруст ва ҳамин тавр бояд анҷом дода шавад.»

Вазири нави энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, "ташхиси фаннӣ - экологии неругоҳи барқӣ - обии "Роғун" тобистони соли ҷорӣ аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба поён мерасад." Ҷаноби Усмонов зимни муҳим хондани сохтмони неругоҳи Роғун, ибрози умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ташхис аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мусбат хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҳоло дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун корҳои барқарорсозӣ идома дорад.

Тоҷикистон ҳамасола дар фасли сармо ба маҳзи камбуди тавлидоти барқ лимити шадид ҷорӣ мекунад. Ин кишвар дар ҳоли ҳозир танҳо бунёди нирӯгоҳи азими Роғуни дар шарқи Тоҷикистон илоҷи раҳоияш аз буҳрони барқ мебинад.

Тоҷикистон баъди чанд соли талошҳои ноком барои пайдо кардани сармояи хориҷӣ барои ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим дар соли 2010 ба шурӯъи мустақилонаи бунёди обанбори Роғун шурӯъ кард. Тавассути як маъракаи нимииҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғунг аз мардум ва корхонаҳои кишвар 890 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар ҳам ҷамъ оварданд.

Вале ин азми Душанбе ба мухолифати шадиди Узбакистон дучор шуд, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои болооби Осиёи Марказиро таҳдид ба соҳаи кишоварзиаш медонад ва мегӯяд, дар сурати бунёди обанборҳои бузург заминҳои кишташ беоб хоҳад монд.

Мухолифатҳо ба тарҳи Роғун боис шуд, ки Душанбе алакай баъди 3 моҳ маъракаи фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳро қатъ кунад ва ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супорад. Аммо бо гузашти қариб 4 сол, Бонки ҷаҳонӣ ин ташхисро то ҳол пурра накардааст ва чанд дафъа шуд, ки нашри натоиҷашро ба таъхир меандозад.


Нишасти хабарии вазорати энержӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
XS
SM
MD
LG