Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳафта тағйироти кадриеро, ки ҳар сол дар арафа ва рӯзҳои ҷаласаи солонаи ҳукуматаш анҷом медод, бо барканории раисони 5 ноҳия оғоз кард. Аммо манобеи наздик ба ҳукумат мегӯянд, азбаски соли 2015 соли интихоботи порлумонист ва қарор аст, чанде аз аъзои калидии ҳукумати марказӣ ва мансабдорони баландпояву пурнуфуз ба Маҷлиси намояндагон “партофта” шаванд, тағйироти кадрии имсола танҳо дар сатҳи раисони шаҳру ноҳияҳо маҳдуд нахоҳад шуд, балки ҳукумати марказиро низ фаро мегирад.
Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январ, Саъдулло Саид Бекназарзодаро дар мақоми раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон раиси ҳамакнун собиқи ноҳияи Рашт Абдураҳмонзода Саидумрон Назар иваз карда, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт ба ҷои ӯ Қаноатшо Лоиқов таъин шудааст. Ҳамин тавр, ба ҷои Маҳмадраҳим Абдураҳмон Исмоилзода ба симати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон раиси инак собиқи ноҳияи Хуросони ҳамин вилоят Убайдулло Абдуллоев мансуб шуда, раҳбарии Хуросонро акнун ба Раҳматулло Хайрулло Сафарзода супурдаанд. Ва Пирмадхон Зарифӣ низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз раҳбарии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон барканор шуда, Тоҳирхон Амиршоев раиси ин ноҳия баргузида шудааст.
Аз байни ин панҷгона танҳо дар мавриди раиси хабарсоз ва аз ин ба баъд собиқи ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназарзода таъбири “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” корбурд нашуда, дар фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон танҳо ин ду ҷумлаи хушк омадааст: “Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Бекназарзода Саъдулло Саид аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод карда шавад.”
Аммо афроди огоҳ мегӯянд, ин ҳанӯз ба маънои ба кадом далеле мавриди қаҳр қарор гирифтани ин раиси маъруф нест, балки ашояд ӯро аз ягон ҳавзаи инфиродӣ ба вакилии порлумон номзад кунанд.
"Вазири кадрҳо" ба порлумон меравад?
Дар ҳар сурат, ба гуфтаи мусоҳибони Озодӣ, интизор меравад, табдили раҳбарони 5 ноҳия танҳо дебочаи тағйироти бузургтари кадрие шавад, ки имсол дар сутуҳи мухталифи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳатто дар ҳукумати марказиаш дар назар гирифта шудааст.
Чанд мансабдори баландпоя, аз ҷумла Абдуҷаббор Азизӣ, ёвари раисиҷумҳур дар масоили кадрӣ, ки аз соли 2001 ба ин тараф дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ умури кадрҳоро бар ӯҳда дошт ва ҳатто ғайрирасмӣ "вазири кадрҳо"-и Тоҷикистон унвон мешуд, Шариф Раҳимзода – вазири рушди иқтисод, Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дини назди ҳукумат, Пӯлод Муҳиддиниён, муовини вазири обу энержӣ, Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ – аз рӯйхати ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, номзад шудаанд ва дар сурати пирӯзии ин ҳизб, ки ҳамагон як амри ногузираш меноманд, вакили маҷлис шуда, курсиҳои давлатиро холӣ мекунанд.
Дар мавриди тағйироти дигари мунтазира дар ҳукумати марказӣ ва дигар мақомҳои баландпоя манобеи Озодӣ ҳоло сӯҳбатро пеш аз вақт меноманд ва мегӯянд, бархе аз тасмимҳои кадрӣ ҳанӯз “ок”-и раисиҷумҳурро ҳосил накардаву ба ин далел ниҳоӣ нашудааст ва бархеи дигар метавонанд дар мӯҳлати боқимонда то ҷаласаи ҳукумат таҳти таъсири гурӯҳҳои пурнуфуз ҳатто бозбинӣ шаванд.
М.Кабирӣ - вазири шуғли аҳолӣ?
Аммо ба гуфтаи ин манобеъ, бештари тағйироти кадрӣ бо дарназардошти вазъи мушкили иқтисодиву молиявие, ки Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳфурсат ва пеш аз ҳама ба далели таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия рӯбарӯ шавад, дар блоки иқтисодии ҳукумат ва дар раҳбарии Бонки миллӣ дар назар дошта шудааст.
Навгонии дигар, ки кам-кам сӯҳбаташ берун баромада истодааст, эҳтимоли бозбинии сохтори Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод аст, ки аз соли 2007 дар назди ҳукумати Тоҷикистон амал мекунад. Гузашта аз ин, ҳафтаномаи “Нигоҳ” эҳтимоли ҳатто бархе тағйироти “инқилобӣ” дар ҳукумати Тоҷикистонро сарфи назар намекунад ва дар яке аз шумораҳои ахираш ба имкони ба ҳукумат ва зоҳиран ба раҳбарии вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират рафтани ... раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ишораҳое кардааст. Худи Кабирӣ ин сарусадоҳоро шарҳ надодааст, вале манобеи Озодӣ дар ҳукумат мегӯянд, мулоҳизоте дар мавриди ба ҳукумат овардани бархе афрод аз ҳисоби мухолифон ҳам матраҳ аст, вале ин масъала низ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ чизе бештар аз як сол пеш, баъди пирӯзии навбатиаш дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ҳукумати нав ташкил дода буд, соҳибназарон мегӯянд, таҳаввулоти ахир, бахусус таҳримоти зидди Русия ва бӯҳрони иқтисодии ногузир дар ин кишвари шарики стратегии Тоҷикистон зарурати тағйироти ҷиддие дар ҳукумати оқои Раҳмонро пеш овардааст. Ахиран иқтисоддонҳои Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон барои ҳукумати кишвар як барномаи зиддибуҳронӣ таҳия карданд, ки ҳатто эълони вазъи фавқулоддаи иқтисодиро дар Тоҷикистон дар назар дорад.
Ҳар сол дар остонаи ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар матбуот аз зарурати тағйироти кадрии ҷиддӣ сӯҳбат мешавад. Ин мавсим дар расонаҳои маҳаллӣ ҳатто “Дилзанак” таъбир мешавад, чунки аксари мансабдорони баландпоя то итмоми ҷаласаи солона нигарони сарнавишти мақоми худ боқӣ мемонанд. Аммо дар чанд соли охир ин мавсими “Дилзанак” бо чанд тағйири начандон муҳими кадрӣ ва он ҳам асосан дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои хурду беаҳамият маҳдуд мешавад ва ин, ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, мансабдорони тоҷикро нисбат ба иҷрои вазифаҳояшон ва дурнамои бақои худ дар мансаби давлатӣ як андоза фориғбол кардааст.