Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимфинали қаҳрамонии Аврупо: Испания - Фаронса, Англия - Нидерланд


Рӯзҳои 5-6-уми июл бозиҳои даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон доир гардиданд.

Дар бозии аввали даври чорякниҳоӣ дар шаҳри Штутгарт дастаҳои мунтахаби Испания ва Олмон рақобат карданд. Испаниҳо дар замони изофа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Голи мунтахаби Испанияро Дани Олмо (дақиқаи 51‑ум) ба самар расонид. Голи олмониҳоро Флориан Виртс (89) зад. Дар қисми дувуми замони изофа зарбаи нишонраси Микел Мерино (119) ба испаниҳо пирӯзӣ овард.

Дар бозии дигари даври чорякниҳоӣ дар Ҳамбург тимҳои миллии Португалия ва Фаронса вориди рақобат шуданд. Замони асосӣ ва изофаи ин дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ фаронсавиҳо бо ҳисоби 5:3 ғолиб омаданд.

Дар даври ниманиҳоӣ 9-уми июл дастаҳои мунтахаби Испания ва Фаронса бо ҳам рақобат мекунанд.

Ду бозии дигари даври чорякниҳоӣ рӯзи 6-уми июл барпо гардид. Дар Дюсселдорф тимҳои миллии Англия ва Швейтсария рақобат карданд. Замони асосӣ ва изофаи бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Голи швейтсариҳоро Брел Эмболо дар дақиқаи 75-ум ва голи инглисҳоро Букайо Сака дар дақиқаи 80-ум ба самар расониданд. Дар задани силсилаи пеналти кори футболбозони Англия омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуданд.

Бозии охирини чорякфиналӣ байни дастаҳои мунтахаби Нидерланд ва Туркия дар Берлин сурат гирифт. Ҳолландиҳо туркҳоро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Ҳисобро бозигари туркҳо Самет Акайдин дар дақиқаи 35‑ум кушод. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 70-уми бозӣ, Стефан де Врейи ҳолландӣ ҳисобро баробар кард. Тақдири бозиро голи дар дақиқаи 76-ум ба дарвозаи дастааш задаи футболбози туркҳо Мерт Мюлдюр ба суди ҳолландиҳо ҳал намуд.

Дар бозии дувуми нимфиналии қаҳрамонии Аврупо дар Олмон 10-уми июл дастаҳои мунтахаби Англия ва Нидерланд рақобат мекунанд.

Ҳамин тариқ, тимҳои миллии Испания, Фаронса, Англия ва Нидерланд ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии Аврупо-2024 роҳ ёфтанд.

Вале дастаҳои мунтахаби Италия, Дания, Словакия, Гурҷистон, Белгия, Словения, Руминия, Австрия, Олмон, Португалия, Швейтсария ва Туркия, ки дар плей-офф ноком шуданд, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок кард. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои севум ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания ва Италия аз гурӯҳи В, Англия, Дания ва Словения аз гурӯҳи С, Австрия, Фаронса ва Ҳолланд аз гурӯҳи D, Руминия, Белгия ва Словакия аз гурӯҳи Е, Португалия, Туркия, Гурҷистон аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромаданд.

Даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо дар Олмон, ки 29-уми июн шуруъ шуд, 2-юми июл ба поён расид. Бозиҳои даври чорякниҳоӣ 5-6-уми июл баргузор шуданд, бозиҳои нимфиналии мусобиқот рӯзҳои 9-уму 10-уми июл доир мегарданд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон рӯзи якшанбеи 14-уми июл дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

Нишонзанҳои қаҳрамонии Аврупо-2024:

Коди Гакпо (Нидерланд) – 3 гол

Ҷамол Мусиала (Олмон) – 3 гол

Иван Шранс (Словакия) – 3 гол

Жорж Микаутадзе (Гурҷистон) – 3 гол (2 – аз пеналти)

Ҷуд Беллингем (Англия) – 2 гол

Виртс Флориан (Олмон) – 2 гол

Мерих Демирал – 2 гол

Ҳарри Кейн (Англия) – 2 гол

Мален Дониелл (Нидерланд) – 2 гол

Даниэл Олмо (Испания) – 2 гол

Руис Фабиан (Испания) – 2 гол

Никлас Фюллкруг (Олмон) – 2 гол

Брел Эмболо (Швейтсария) – 2 гол

Рэзван Марин (Руминия) – 2 гол (1 – аз пеналти)

Ҳавертс Кай (Олмон) – 2 гол (2 – аз пеналти)

Қаҳрамонии Аврупо-2024

1/8 финал

Швейтсария — Италия – 2:0

Олмон — Дания – 2:0

Англия — Словакия – 2:1

Испания — Гурҷистон – 4:1

Фаронса — Белгия – 1:0

Португалия — Словения – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти - 3:0)

Руминия —Нидерланд (Ҳолланд) – 0:1

Австрия — Туркия – 1:2

5 июл, ҷумъа:

1/4 финал, Испания – Олмон – 2:1

1/4 финал, Португалия – Фаронса – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти - 3:5)

6 июл, шанбе:

1/4 финал, Англия – Швейтсария – 1:1 (аз рӯи силсилаи пеналти – 5:3)

1/4 финал, Нидерланд – Туркия – 2:1

9 июл, сешанбе:

1/2 финал, Испания – Фаронса, 23:45

10 июл, чоршанбе:

1/2 финал, Англия – Нидерланд, 23:45

14 июл, якшанбе:

Финал, 23:45

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG