Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ варзишгар - Муинхуҷа Муъминов (-48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (-51 кг), Анӯшервон Фозилов (-54 кг), Шодмеҳр Давлатов (-57 кг), Дамир Мубайлихонов (-60 кг), Руслан Ғафуров (-63,5 кг), Муҳаммадсултон Султонов (-67 кг), Баҳромбек Ҳотамов (-71 кг), Зиёратшо Қосимов (-75 кг) – дохил буданд.
Аз байни онҳо се нафар - Меҳроҷ Суфиҷонов, Дамир Муйбалихонов ва Баҳромбек Ҳотамов ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, ноком гаштанд.
Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни то 51 кило дар чорякфинал аз Зидан Ҳумбатови озарӣ бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд. Қаблан ӯ дар даври аввал намояндаи Албания - Хихи Стивенро мағлуб карда, дар даври дуюм бар муштзани Венесуэла - Солорзано Асеведо ғолиб омада, ба даври сеюм роҳ ёфта буд.
Дамир Муйбалихонов дар вазни то 60 кило, ки дар даври аввал Игор Сочовкаро аз Полша ё Лаҳистон шикаст дода, дар даври дуюм бар муштзани Африқои Ҷанубӣ Амила Гонгқа дастболо шуд, дар даври сеюм аз Платон Козлови рус бо ҳисоби 0 бар 5 шикаст хӯрд.
Баҳромбек Ҳотамов бошад, дар вазни то 71 кило дар даври аввал бар намояндаи Арабистони Саудӣ Блесинг Нзияна пирӯз шуда, дар даври дуюм муштзани мексикоӣ Марин Полидо Родригоро шикаст дод, аммо дар даври сеюм аз Муҳаммадазизбек Исмоилови узбекистонӣ бо ҳисоби 0 бар 5 ноком гардид.
Ба ин тартиб, ҳамаи 9 муштзани тоҷик рақобатҳоро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Черногория бе медал ба анҷом расонданд.
Муштзанҳои ҷавони тоҷикро ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мураббиҳо Владимир Луйс, Эмомалӣ Малаев, Файзулло Алиев ва Носир Азимов омода карданд. Инчунин дар ин мусобиқа Акмалҷон Амирзода аз Тоҷикистон ба ҳайси довар ширкат дорад.
Бояд гуфт, мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни навҷавонон, ки дар шаҳри Будваи Черногория 23-юми октябр оғоз ёфта буд, то рӯзи 3-юми ноябр идома хоҳад кард.
Дар мусобиқаи имсола дар маҷмӯъ 660 муштзан аз 88 кишвар ширкат доранд, ки назар ба мусобиқаи соли 2022 (598 муштзан аз 73 кишвар) бештар аст.