Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олими тоҷик тасаввур дар бораи давлати Сомониёнро дигар кард


Некрӯз Сафарзода, таърихдони тоҷик харитаи нави Давлати Сомониёнро нишон дод
Некрӯз Сафарзода, таърихдони тоҷик харитаи нави Давлати Сомониёнро нишон дод

Харита ё нақшаи ҷуғрофиёи давлати Сомониёнро, ки дар пушти муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дар маркази Душанбе ҳаккокӣ шудааст, соли 2023 дигар кардаанд.

Як таърихдони тоҷик маълум кардааст, ки ҳудуди давлати Сомониён тақрибан 20 баробари Тоҷикистони имрӯз бузургтар будааст.

То як сол пеш ин ҷо харитаи дигаре буд, ки 25-30 дарсади ҳудуди ин давлатро фаро намегирифт. Харитаи нав ҳосили пажуҳиши илмии Некрӯз Сафарзода, донишманди ҷавони тоҷик аст.

Ин таърихдони ҷавон рисолаи илмии худ барои дарёфти дараҷаи номзади илмро ба ин мавзуъ бахшидааст. Ӯ гуфт: "Ахбори зиёде аз сарчашмаҳо ҳаст, ки ишорат мекунад, ки қаламрави давлати Сомониён хеле густардатар аз ончизест, ки тасвир мешавад. Барои ҳамин ба ман тавсия доданд, ки мавзӯи ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониёнро барои таҳқиқ интихоб кунам, ва бо истифода аз ин ахбори манобеъ, нақшаи комил ё худ харитаи нави давлати Сомониён, ки амалан дар ҳамон қаламрав арзи вуҷуд кардааст, дар пайи ҳамин таҳқиқ таҳия бишавад,"--мегӯяд ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Қаламрави давлати сомониён бузургтар будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Пас аз анҷоми пажуҳиш аз сӯйи Сафарзода, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки бар асоси дастовардҳои нави илмӣ нақшаи маҷмаи Исмолили Сомониро нав кунанд.

"Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати устодоне, ки машварат доштанд, дар як ҷаласа ин мактуби маро баррасӣ карданд ва гуфтанд, ки воқеан ҳам ин дастовард сурат гирифтааст ва ин нақша месазад, ки дар ин ҷо насб шавад. Дар асоси ин, мактуб карданд, ба мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе. Роҳбарияти ҳукумати шаҳр ҳам инро ба хушнудӣ истиқбол кард ва дар ин ҷо насб карданд,"-- нақл мекунад Сафарзода.

То ин вақт нақшаи давлати Сомониён бар асоси навиштаҳои шарқшиносону таърихнигорони шӯравӣ ва хориҷӣ, инчунин бозёфтҳои таърихшиносони тоҷик, аз ҷумла академик Бобоҷон Ғафуров ва Нуъмон Неъматов таҳия шуда буд.

Ба назари Некрӯз Сафарзода, дар нақшае, ки аз кори илмии ӯ рӯйидаст, баъзе аз манотиқи кунунии Тоҷикистон, вилоятҳои Ҷибол (шаҳрҳои бузургаш Рай (Теҳрони имрӯзӣ), Исфаҳон, Ҳамадон, Қазвин, Занҷон), Гургон (марказаш Астаробод), Табаристон (марказаш Омул ва Сорӣ), Кирмон (марказаш Ҷируфт) ва Сиистон (марказаш Заранҷ, шаҳрҳои бузургаш Ғазна, Буст, Қандаҳор), Ғур (марказаш Фирӯзкуҳ), ки тобеи Сомониён буданд, берун аз ҳудуди давлати Сомониён тасвир шудаанд. "Яъне тақрибан 25-30% ҳудуди давлати Сомониён дар харитаҳои қаблии марбут ба ин давлат тасвир нашудаанд,"-таъкид мекунад ӯ.

Солҳои ахир, пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иддаоҳо бар сари тамаддуни гузаштаи ин сарзамин зиёд шуд. Аммо таърихнигори тоҷик, Нуралӣ Давлат мегӯяд, дар замон шӯравӣ ба ҷуғрофиёи таърихӣ, хусусан давлатҳои гузаштаи мардумони Осиёи Марказӣ чандон таваҷҷӯҳ намекарданд. Ба қавли ӯ, ҳоло, ки имкони пажуҳиши амиқтари таърихи миллӣ фароҳам шудааст, наметавон ин корро бузургнамоии таърихӣ номид.

"Ҳар гапе, ки мегӯяд, санад дорад. Истинод меорад. Масълан сарчашмаҳои таърихиро меорад. Баҳси илмӣ ҳамеша вуҷуд дошта метавонад. Имкон дорад, ки баъди он дигарон нуқтаи назари худро гӯянд, розӣ набошанд. Ман фикр мекунам ҳар ҷонибе, ки агар гап мезанад, бояд далел биёрад. Илм бе баҳс намешавад,"--мегӯяд Нуралӣ Давлат.

Аз ҷумла, Сафарзода бар ин аст, ки бар пояи пажӯҳиши манбаъҳои мавҷуд ва нав дақиқ кардааст, ки дар замони ҳукумати Исмоили Сомонӣ (892-907) ҳудуди давлати Сомониён сарзаминҳои васеъро фаро гирифта, аз шимол — водии дарёи Талас, дар ҷануб то Сиистон, аз шарқ — марзҳои Туркистони Шарқӣ ва Синд, дар ғарб то Эрони Марказӣ мерасид. Дар умум ин ҳудудро агар бо андозагириҳои имрӯзӣ дарҷ кунем, он 2,8 млн км2-ро ташкил медиҳад.

Давлати Сомониён дар баробари Бармакиён, Тоҳириён ва Сафориён яке аз нахустин давлатҳо аз хонаводаҳои маҳаллӣ пас аз 300 соли ҳамлаи арабҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон буд, ки соли 819 мелодӣ таъсис шуд ва то 999 давом кард. Ин давлат, ҳарчанд тобеи хилофати арабҳо дар Бағдод буд, аммо аз боқии давлатҳои маҳаллӣ мутамарказтар буд ва мустақилиятҳои зиёде дар давлатдорӣ дошт. Дар давлатдории Сомониён забони форсӣ забони давлатӣ шуд ва ҳукуматдорӣ бар асоси оинҳои дерини мардуми эронитабор, аз ҷумла Сосониён сохта шуд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ Тоҷикистон ба унвони мерсобари тамаддуни ниёгони худ ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониёнро дар соли 1999 бо ҳузури меҳмонони зиёде, аз ҷумла донишмандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор кард. Ҳамон сол маҷмааи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе, ки аз тандиси Шоҳ Исмоили Сомонӣ, осорхона ва нақшаи ҷуғрофиёи давлати Сомониён иборат буд, бунёд шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG