Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибати интихоботи ноодилона чист?


Рӯзи 2-юми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумони баргузор мешавад.
Рӯзи 2-юми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумони баргузор мешавад.

Интихобот чист? Интихобот дар ҷомеа ба мардум имкон медиҳад, раҳбарону вакилони кишварашонро интихоб намоянд ва рафтору сиёсатгузориҳои онҳоро мутобиқ ба хостаҳои худ дигар кунанд.

Мардум дар интихобот бо овоз ё раъйи хеш мансабдорони хубро пуштибонӣ, бадро барканор ва ҳукуматҳои худро иваз мекунанд.

Чаро интихобот барои мардуми одӣ аҳамият дорад?

Интихобот ба мардум имкон медиҳад, касонеро, ки ваъдаҳои худро иҷро накарданд, аз саҳна берун созанд ва онҳоеро, ки мавриди бовариаш ҳастанд, сари кор оваранд. Интихобот ба зиндагии рӯзмарраи мардум таъсири зиёд дорад, чун сиёсатҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, касбу кору дигарро онҳое таъйин мекунад, ки мардум худаш баргузидааст. Интихобот кӯмак мекунад, то ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳофизат ва қонунҳое қабул шавад, ки эҳтиёҷоту ниёзҳои мардумро инъикос мекунанд.

Аҳамияти интихобот барои як ҷомеа

Интихоботи озоду одилона волоияти қонунро таъмин месозад ва намегузорад, раҳбароне, ки ба сари ҳукумат омаданд, ба мардум зулму ситам кунанд.
Видеоро инҷо бинед:

Оқибати интихоботи ноодилона чист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Раҳбарони интихобӣ мекӯшанд, мушкилоти иқтисодӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ кам шавад ва дар ҷомеа беадолатӣ набошад. Раҳбароне, ки бо раъйи мардум сари қудрат омадаанд, барои ҳар амалашон посух мегӯянд, агар аҳд доданд, ки ба мардум хидмат мекунанд ва ба ваъдаи худ вафо накарданд, мумкин аст дар интихоботи оянда аз мақомҳояшон барканор шаванд.

Оқибатҳои интихоботи ношаффофу ғайридемократӣ

Агар интихобот ғайриодилонаву ношаффоф бошад, касоне ба сари қудрат меоянд, ки намояндаи воқеӣ ва хидматгузори мардум нестанд. Онҳо баёнгари раъйи мардум намешаванд ва ин сабаб мешавад, ки хостаҳои одамон амалӣ нагарданд. Порлумон яке аз се шохаи қудрат аст ва бояд кори ҳукумати иҷроӣ ва иҷрои қонунҳоро назорат кунад. Танҳо порлумоне ин корро карда метавонад, ки ба иродаи мардум такия кунад, на ин ки аъзои он аз боло интихоб шаванд. Агар ҷомеа мушкилоти зиёде мисли бебарқӣ, бекорӣ, муҳоҷират, камбизоатӣ, фасод, беадолатӣ ва ғайраро дорад, бояд аз худ ҳам домангир бошад, зеро вакилонеро интихоб кардааст, ки дар ғами он нестанд ва ба шохаи дигари қудрат тобеъ буда, хидмати онро мекунанд. Аз замони истиқлол то кунун Тоҷикистон 12 бор интихоботи президентӣ ва порлумонӣ доштааст, вале ҳеч яке аз онҳо ба гуфтаи нозирони ғарбӣ шаффофу одилона набудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG