Тоҷикистон солгарди 24-уми истиқлолашро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки ҳаводиси хунини 4 рӯзи пеш дар Ваҳдат ва ҳамин тавр тирпаронӣ дар Душанбе ғубореро дар дили мардум ба ҷо гузоштааст ва аксарият ба ин меандешанд, ки билохира ин ҳодиса бо чӣ меанҷомад?
Зоҳиран ин ҳодисаву сару садоҳо ба ҷараёни маъмулии кору зиндагии мардум таъсире накардааст ва ҳама пайи кору бори худанд, аммо аксарият гӯш ба хабарҳо ҳастанд ва талош мекунанд аз охирин таҳаввулот огоҳ бошанд.
Хабарҳои ахир аз ин рӯйдодҳоро ҳам мардум ғолибан аз сӯҳбатҳо бо ҳам ва ё тавассути барномаҳои махсуси телевизион ва ҳам аз сомонаҳои хабарии басташуда дастрас мекунанд.
Мадина, ки дар роҳ ба кор, чашм аз планшети дасташ наканда, охирин хабарҳои кишварро донистан мехост, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳр гуфт, ӯро, ки соҳиби 2 фарзанди хурдсол аст, вазъи ахир нигарону хотирпарешон кардааст.
Вай мегӯяд, ин ҳодисаҳо ӯро ба фикри солҳои ҷанги дохилӣ бурд, ки бо вуҷуди хурдсолӣ ҳанӯз ҳам гуруснагӣ ва азобҳои хонаводаашро фаромӯш накардааст: ”Баъди шунидани ин хабарҳо, албатта, кас ба тарсу ҳарос меафтад. Ман хеле метарсам аз ин чиз ва рӯзи аввале, ки ҳодиса сар зад, дар кор ором истода натавониста, зуд-зуд аз ҳоли фарзандон огоҳ мешудам. Ҳамчунин аз пайи хариди маҳсулот шудаму то қадри имкон барои чанд моҳ захира кардам.”
Дар зимн барои як рӯз баста шудани якбора ҳама бозорҳои бузурги шаҳр дар шабу рӯзе, ки амалиёти вазорати корҳои дохилӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим идома дорад, нигарониву таҳлукаро миёни сокинони кишвар бештар кард.
Ҳарчанд бархилофи сару садоҳо, дарвозаҳои бозорҳои бузург баъди як рӯз дубора боз шуданд, аммо ин басташавӣ ва хабарҳои нооромӣ дар гӯшае аз кишвар, нарх дар бозорҳоро тағйир дод ва қимати молу маводи ниёзи аввалияро дар Душанбе аз 5 то 10 дар сад боло бурд.
“Масалан, килои ангур, ки қаблан 3 ва ҳатто 2 сомонӣ шуда буд, ҳоло ба 5 - 6 сомонӣ расидааст. Ё панҷ литр равғанро мо 55 сомонӣ мехаридем, ҳоло 58 - 59 сомонӣ шудааст,” - мегӯяд як ҳамсӯҳбати мо дар бозори “Шоҳмансур”-и Душанбе.
Масъулони бозор мегӯянд, басташавии ғайринақшавии бозорҳо хоҳ-нохоҳ ба нархи молу маҳсулот бетаъсир намемонад, аммо онҳо талош хоҳанд кард, то рӯзи ҷашни истиқлол нархҳоро танзим кунанд.
Тавре ба назар мерасад, ҳам бозор ва ҳам кӯчаҳои шаҳр тайи рӯзҳои ахир таҳти назорати бештари милисаҳо қарор доранд ва теъдоди онҳо дар кӯчаҳо бештар ба назар мерасад.
Мардум ҳам, ки дигар дар ин чанд сол бидуни ягон ҳарос шабонгаҳ дар кӯчаҳо сайругашт мекарданд, ҳоло бештар аз эҳтиёт кор мегиранд.
Ҷамшед, ки имсол барои таҳсил ба шаҳр омадааст, мегӯяд, хабарҳои нохуш аз Душанбе ва навоҳии атрофи он падари муҳоҷир ва модари роҳдурашро нигарон кардаву ҳар лаҳза ба ӯ тамос мегиранду таъкид мекунанд, ки эҳтиёт бошад.
Аммо дар ин баробар боз бархе аз сокинон бо ишора ба даргириҳое, ки дар бархе аз минтақаҳои дигари кишвар сар зада буд, мегӯянд, ба таъмини амнияти хеш ва ором шудани вазъ бовар доранд. Ин гурӯҳ мегӯяд, бо вуҷуди ҳама мушкилоте, ки имрӯз домангирашон аст, осудагиро мехоҳанд, “Бо хунрезӣ ва ҷанг ҳеҷ вақт мо наметавонем зиндагии хуберо соҳиб шавем. Баръакс аз ҳамин рӯз ҳам мемонем, ” мегӯяд Маъруф ном ҷавоне, ки ҳамсоли истиқлоли Тоҷикистон аст.
Зимнан рӯйдодҳои ахир ба барномаҳои фарҳангиву идонаи мақомот бахшида ба ҷашни истиқлолият таъсире накардааст. Ин ҷашн дар шаҳр бо баргузории барномаҳои махсуси идона аз як рӯзи қабл - 8 - уми сентябр оғоз мешавад.
Набӣ Ҷалол, сардори раёсати фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, барномаи аслии идона, шоми 9 уми сентябр дар назди шаршараи боғи Наврӯзгоҳ ва бо ширкати ҳунармандону ситораҳои эстрада таҷлил мешавад: ”Мисли барномаҳои қаблӣ, аммо бо таронаву оҳангҳои нав дар васфи ватан ва бо ширкати беҳтарин ҳунармандони кишвар ин ҷашн баргузор мешавад.”
Имсол дар канори ҷашни истиқлол, бузургдошти 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мутафаккири бузурги Шарқ ва 3000 – солагии Ҳисори Шодмон низ барномарезӣ шудааст. Ин ду ҷашн дар чорчӯби барномаҳои ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ ва бо ширкати меҳмонон аз 30 кишвари ҷаҳон таҷлил мегарданд.