Аз рӯи натиҷаҳои се раунд бо қарори якдилонаи доварон размикори 25-солаи тоҷик Нурулло Алиев пирӯз дониста шуд (30-27, 30-27, 29-28).
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар даҳ қувваозмоӣ, аз он ҷумла дутоаш дар UFC, дастболо шудааст. Қадаш 1,78 метр, вазнаш сабук (70 кг) аст.
Рақиби размикори тоҷик Ҷо Солекии 31-сола аз 19 рақобати худ дар 13-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст. Қадаш 1,75 метр, вазнаш 70 кг мебошад.
Нурулло Алиев дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" моҳи феврали соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиро бо тасмими доварон шикаст дода буд (29-27, 29-27, 28-28).
Ӯ аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Дар моҳи сентябри соли 2022 дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта дар доираи мусобиқоти интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC ва AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев, ки 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион мебошад. Алиев дар мусобиқоти UFC бо лақаби Tajik Eagle (Уқоби тоҷик) маъруф аст.
Ҳоло дар UFC Тоҷикистонро чаҳор размикор намояндагӣ мекунанд, ки боз ду нафарашон ба наздикӣ рақобатҳои худро баргузор менамоянд.
18-уми январ Муин Ғафуров (19-6, UFC 1-2) қувваозмоии навбатии худро бо Риня Накамураи ҷопонӣ (9-0, UFC 3-0) анҷом медиҳад. Он дар доираи мусобиқоти UFC 311 баргузор мешавад.
Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) 1-уми феврал дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо намояндаи Австралия Каан Офли (UFC 0-1, 13-3-1) қувваозмоӣ мекунад.
Лоиқ Раҷабов то ҳоло рақиби нав надорад.